Омодагӣ ба низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ

№145 (3782) 07.12.2017

барои сайтЯкуми декабри соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва иштироки масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳандозӣ намудани низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ (доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат) омодагиҳо, замина ва натиҷаи гузариш ба низоми мазкур» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҳматулло Мирбобоев маорифро муҳимтарин воситаи рушди ҷомеаи инсонӣ номида, иброз доштанд, ки он дар баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии ҷомеа ва рушди инсон нақши бузург мебозад.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиё чунин баён намуданд: «Низоми маориф яке аз муҳимтарин низомҳои замони мост. То даме ки дар сохтори таҳсилот тағйироти куллӣ ба амал наояд, мо дар рушди фарҳанг ва маориф ба дараҷаи дилхоҳ расида наметавонем». Дар рушди кунунии ҷомеа бозсозии низоми илм ва таҳсилот аҳамияти бузург дорад, — гуфт Лутфия Раҷабова ва афзуд:

- Вобаста ба танзими муносибатҳо дар соҳаи илм оид ба роҳандозӣ намудани дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ (бакалавр — магистр — доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат) зарурат пеш омад, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» пешниҳод гардиданд, ки мавриди баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон барои тафсири зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур, баргузории суҳбати гирди мизро дар мавзӯи «Роҳандозӣ намудани низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ (доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат) омодагиҳо, замина ва натиҷаи гузариш ба низоми мазкур» ба нақша гирифт.

Дар робита ба мавзӯъ, ҳамчунин президенти Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ гузориш доданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқзода, А. Ғаффоров, Г. Назирӣ, Ш. Раҳимзода ба маърӯзачиён вобаста ба низоми таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ, тақдири минбаъдаи унвонҷӯён, забони ҳимояи рисолаҳои илмӣ, баробарарзиш эътироф кардани дипломҳо ва ғайра савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»