Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2017, №965