ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал»
Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» қарор мекунад:
1. Гузориши узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хисрав Абдуназар оид ба рафти иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» ба маълумот гирифта шавад.
2. Ахбори муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, муовини директори ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» Холов Барфихон, муовини якуми ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» Сафаров Юсуфҷон оид ба рафти иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» ба маълумот гирифта шавад.
3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти таклифу пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегарданд).
4. Гузориш ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идораҳои дахлдор барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.
5. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия гузошта шавад.
6. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.
Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. С. ФЕЛАЛИЕВ
ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2017, № 8