Ноҳияи Сино яке аз ноҳияҳои тараққикарда ва саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Дар гузаштаи на чандон дур маҳсулоти бархе аз корхонаҳои саноатии ноҳия дар мамолики дигар шуҳрат ва харидорони зиёд низ дошт. Дар ёд дорем яхдонҳои тамғаи «Помир»-и Корхонаи яхдонбарорӣ, ноқилҳои корхонаи «Тоҷиккабел» (ҳоло ҶСК«Тоҷкабел»), ҷавоҳироти заводи заргарии Душанбе ба беш аз 40 мамлакат фиристода мешуд.
Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта, пеш аз ҳама, ба соҳаи саноати ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонд. Аксари корхонаҳои хурду бузург аз кор монда, таҷҳизоти онҳо ғорат ва нобуд гардид. Мутахассисон пароканда шуданд. Баъдан аксари корхонаҳо хусусӣ гардонда шуда бошанд ҳам, соҳибони онҳо корхонаҳоро қисман барқарор карданд ё барқарор карда натавонистанд ё нахостанд. Дар натиҷа, баъзе аз корхонаҳо умуман барҳам хӯрда, қисме танҳо бо ном вуҷуд доранд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи саноат, аз ҷумла ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳа, истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда буданд.
- Тибқи дастури Пешвои миллат амал карда, ҳамкориро бо роҳбарони корхонаҳои саноатӣ мустаҳкам намудем. Дар натиҷа, дар ҶДММ «Таҷҳизот» истеҳсоли пластмасса ва коркарди коғаз, дар ҶДММ «Ноқили Талко» истеҳсоли борҷома (ғалтак) -ҳои чӯбӣ, дар ҶСК «Ширин» хатти бандубасти маҳсулоти қаннодӣ, дар ҶДММ «Макколи» хатти нав — истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ба роҳ монда шуд. Соли равон боз 13 корхона ба фаъолият шурӯъ намуда, дар соҳаи саноат 308 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, — гуфт муовини раиси ноҳияи Сино Зафар Гулов.
Айни ҳол дар ноҳия 166 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, 55 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад. То моҳи ноябр корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 503,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Шумораи коргарон дар корхонаҳои саноатӣ қариб ба 3 ҳазор нафар расида, музди миёнаи маош аз 1000 сомонӣ бештар аст.
Мутаассифона, соли равон 23 корхонаи саноатии ноҳия умуман фаъолият накарда, 54 корхона истеҳсоли маҳсулотро 26 миллион сомонӣ кам карданд. Дар анборҳои корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 21 миллион сомонӣ маҳсулот мунтазири харидор аст.
Сабаби аз фаъолият бозмондани баъзе аз корхонаҳои калони саноатиро мудири бахши саноати МИМҲД- и ноҳия Усмони Исматулло, аз он медонад, ки дастрас намудани ашёи хом душвор гаштааст.
- Масалан, ҶСК «Равғани тоҷик» маҳз бо ҳамин сабаб аз фаъолият бозмондааст, — афзуд номбурда.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»