Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Гузориши мукаммал

№152 -153 (3789 - 3790) 23.12.2017

DSC_1914Бисту дуюми декабри соли 2017 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир шуд.

Ба он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисӣ кард.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 30 нафар ва аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 62 нафар дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.

Марҳамат!

Ҳоло дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоем.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби кори Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кори Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо гардидааст.

Нисбати шумора, ҳайат ва лоиҳаи қарор пешниҳод ва таклифҳо бошанд, марҳамат.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Аз раиси котибот — узви Маҷлиси миллӣ Хайрулло Амонулло, аъзои котибот — узви Маҷлиси миллӣ Меҳринисо Бобобекова ва вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов хоҳиш менамоем ҷойҳои худро ишғол намоянд.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи рӯзномаи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иборат мебошад.

Лоиҳаи қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:

1. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Салимзода Н. Ф.»

«Дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Ш. Р.»

«Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодири Қосим»

«Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Олимзода Н.Х.»

«Дар бораи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Худоёрзода Х.З.»

«Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Қаҳҳорзода Ф.С.».

2. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо дарназардошти он ки дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ шунида мешавад ва ҳамчунин тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар назар дошта шудааст, ба баррасии шумо ҷараёни инъикоси ҷаласа бо тартиби зайл пешниҳод мегардад:

1. Гузориш аз ҷараёни Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва матни пурраи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шавад.

2. Дар рӯзномаи «Садои мардум» гузориш аз ҷаласа дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.

3. Гузориши ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо пешниҳоди лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Н. Ф.» ба баррасии рӯзнома ҳусни оғоз мебахшем.

Оид ба масъалаи баррасишуда лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Н. Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаи навбатӣ баррасии лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Ш. Р.» мебошад.

Оид ба масъалаи зикршуда лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Ш. Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаи навбатӣ баррасии лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодири Қосим» мебошад.

Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарор манзури шумо гардидааст.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодири Қосим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаи навбатӣ баррасии лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Олимзода Н. Х.» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

 Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 № 811 Олимзода Насим Хоҷа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Хоҳишмандем онро дастгирӣ намоед.

Раисикунанда: Ба Олимзода Насим Хоҷа савол доред? Хоҳиши баромад кардан бошад, марҳамат.

Оид ба масъалаи баррасишаванда лоиҳаи қарор пешниҳоди шумо гардидааст.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Олимзода Н.Х.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Худоёрзода Х. З.» оғоз менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

 Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017 № 821 Худоёрзода Худоёр Завқибек вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Хоҳишмандам, онро дастгирӣ намоед.

Раисикунанда: — Ба Худоёрзода Худоёр Завқибек савол доред?

Хоҳиши баромад кардан бошад, марҳамат.

Оид ба масъалаи зикршуда лоиҳаи қарор манзури шумо гардидааст.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Худоёрзода Х. З.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қаҳҳорзода Ф.С.» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат.

 Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон!

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017 № 822 Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Хоҳишмандем, онро дастгирӣ намоед.

Раисикунанда — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор савол доред?

Хоҳишмандони баромад кардан бошанд, марҳамат.

Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарор манзуратон гардидааст.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қаҳҳорзода Ф. С» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Иҷозат фармоед бо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва ҳозирини гиромӣ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа, Худоёрзода Худоёр Завқибек ва Қаҳҳорзода Файзиддин Сатторро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи фармонҳояшон ба вазифаҳои сатҳи баланди давлатӣ — аъзои Ҳукумати кишвар таъин намудаанд ва имрӯз аз ҷонибдории комили аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор гардиданд, самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти рӯзмарраашон баҳри хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон комёбиҳои беназир таманно намоем.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини арҷманд!

Бо ширкати фаъолонаи шумо – ҳамкорони гиромӣ баҳри идомаи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон», ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо иштироки даъватшудагон, аз қабили роҳбарону кормандони масъули вазорату кумитаҳои давлатии мамлакат, сохторҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ, сохторҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ректорони донишгоҳҳою донишкадаҳо ва дигар шахсони расмӣ баромад менамоянд, пешниҳод менамоем, ки тавассути автобусҳо сафар намуда, дар толори зикршуда ба кори ҷаласаи якҷоя хотима бахшем.

Баъди шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар Кохи «Сомон» идома ёфт.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади муайян намудани шумораи дақиқи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоем, ки тавассути даст бардоштан аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо ҳамин баррасии масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба итмом расид.

Раиси котибот Хайрулло Амонулло гуфтание доред? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба шумо ва ҳозирини арҷманд барои иштироки фаъолона дар кори ҷаласа бо камоли эҳтиром миннатдории самимӣ изҳор карда, ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоем.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ