Имрӯзу фардои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз неруи барқ вобастагии мустақим дорад

№103 (3088) 16.08.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Норак

 13 августи соли 2013, шаҳри Норак

IMG_4738

Ҳозирини гиромӣ!

Дар доираи мулоқоту вохӯриҳои доимии худ бо сокинони мамлакат мо имрӯз тасмим гирифтем, ки ба шаҳри овозадору зебоманзари Норак сафари корӣ анҷом дода, бо раванди иҷрои амру фармонҳои Президент ва қарору барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати кишвар, дастуру супоришҳои аз тарафи Роҳбари давлат додашуда, инчунин вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ ва шароити зиндагии сокинони он бевосита шинос гардем ва бо шумо — роҳбарону фаъолони шаҳр роҳҳои ҳалли вазифаҳо ва мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Норак дар замони истиқлолият нишон медиҳад, ки заҳматкашони шаҳр дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавассути ба роҳ мондани фаъолияти муназзами иншооти муҳиму стратегии кишвар, яъне неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» дар рушди иқтисоди миллӣ ва бо равшаниву гармӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд.

Бояд гуфт, ки 53 сол муқаддам маҳз бо оғози корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак» ба таъсисёбии шаҳри Норак асос гузошта шуд ва он дере нагузашта ҳамчун шаҳри барқчиён, яъне энергетикҳо машҳур гардид.

Зеро дар он даврон бо барқ таъмин намудани корхонаҳои навбунёди саноатӣ ва аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мерафт.

Имрӯзу фардои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон низ аз неруи барқ вобастагии мустақим дорад ва гузашта аз ин, соҳаи энергетика таҳкурсии муҳимтарини тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва шарти асоситарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Норак дар мадди назари доимии Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва бо ин мақсад то имрӯз мо як қатор нақшаву барномаҳои рушди онро қабул ва амалӣ карда истодаем.

Дар доираи санадҳои қабулшуда дар давоми солҳои 1996 — 2012 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ барои тараққиёти шаҳри Норак, аз ҷумла барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооти таъиноти гуногун, таҷдиду азнавсозии роҳу пулҳо ва дастгирии буҷети шаҳр қариб 900 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Илова бар ин, то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Норак нуҳ лоиҳаи давлатии инвеститсионӣ амалӣ гардида, панҷ лоиҳаи дигар мавриди татбиқ қарор дорад, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, татбиқи ислоҳоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин иваз намудани дастгоҳи тақсимоти барқи 220 ва 500-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак» ба маблағи умумии беш аз 500 миллион сомонӣ, сохтмони хатти интиқоли барқи байнишабакавӣ, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Норак- Данғара ва барқарор намудани шабакаҳои марбут ба Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» равона карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар замони истиқлолият аз ҳисоби маблағҳои худии ШСХК «Барқи Тоҷик» барои таҷдиду барқарорсозии гидроагрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмири ҷории онҳо 164 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Бо дарназардошти аҳамияти иншооти мазкур ШСХК «Барқи Тоҷик» вазифадор аст, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои ба нақша гирифташуда ва хароҷоти мақсадноки маблағҳо мунтазам чораҷӯйӣ намояд.

Танҳо дар ҳафт соли охир аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар шаҳри Норак беш аз 350 миллион сомонӣ аз худ гардида, як қатор лоиҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла имрӯз дар доираи татбиқи лоиҳаҳои зикршуда дастгоҳи тақсимкунандаи 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Норак» пурра иваз карда, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани чораҳои андешидашуда танҳо дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр панҷ баробар афзоиш ёфта, вобаста ба ин, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ низ пайваста зиёд шуда истодааст.

Ҳамаи чорабиниҳое, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешаванд, пеш аз ҳама, барои рушди минбаъдаи шаҳри Норак, беҳтар ба роҳ мондани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он равона гардидаанд.

Неругоҳҳои барқи обии «Норак»-у «Бойғозӣ» аз оғози фаъолияти худ то ба имрӯз беш аз 444 миллиард киловатт-соат ва танҳо дар давоми соли гузашта 12,6 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардаанд.

Ҳоло дар асоси супориши Роҳбари давлат ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда корҳои таъмиру навсозии пурраи Неругоҳи барқи обии «Норак» амалӣ шуда истодаанд. Мувофиқи қарордоди бо корхонаи «Турбоатом»-и Украина имзошуда бояд ҳамаи нуҳ чархаи неругоҳ иваз карда шавад. Дар ҳолати пурра иваз кардани чархаҳо иқтидори истеҳсолии ҳар яки он ба 355 мегаватт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3195 мегаватт расонида мешавад, ки аз иқтидори қаблиаш 195 мегаватт зиёд мебошад.

Инчунин соли 2011 навсозии таҷҳизоти барқтақсимкунандаи 220-киловолтаи неругоҳ оғоз ёфта, дар охири соли гузашта бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Вобаста ба ин, ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати ҳар чӣ зудтар барқарор намудан ва ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷудаи шабакаҳои энергетикии мамлакат тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Инчунин ба сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода мешавад, ки татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва хароҷоти мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои ҷудошударо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Бинобар ин, ШСХК «Барқи Тоҷик» вазифадор аст, ки доир ба ҳар чӣ камтар кардани талафоти технологии барқ чораҳои қатъӣ андешад.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷиҳати тармиму таҷдиди саривақтии иншооти мавҷудаи энергетикӣ, сари вақт ва сифатнок амалӣ гардидани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дар ин асос зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ чораҷӯйӣ карда шавад.

Инчунин доир ба интиқоли босифати барқ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ чораҳои иловагӣ андешида, бо роҳи содироти барқи аз меъёр барзиёд истеҳсолшуда ба хориҷи мамлакат барои беҳсозии вазъи молиявии соҳа тадбирҳои муассир амалӣ гардонида шаванд.

Имрӯз вазифаи асосии кормандони соҳаи энергетикаи кишвар ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ, дар навбати аввал воридоти таҷҳизот ва техникаву технологияҳои муосир, истифодаи васеи таҷҳизоти каммасраф ва сарфаи барқ, инчунин ҳар чӣ зудтар ба охир расонидани таҷдиди сохтори идоракунии ШСХК «Барқи Тоҷик» ва омода намудани лоиҳаҳои асосноккунии техникиву иқтисодии бунёди нерӯгоҳҳои нав дар дарёҳои Хингобу Зарафшон ва дигар дарёҳои мамлакат мебошад.

Амалисозии лоиҳаҳои хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб — Шимол», хатти интиқоли барқи 220-киловолтаи «Тоҷикистон — Афғонистон», бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба мо имкон дод, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат қадамҳои устувор гузорем.

Ҳамзамон бо ин, танҳо соли 2012 бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Варзоб-1» ва «Сарбанд», иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи барқи 220-киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ба маблағи умумии 350 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Ҳоло бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ корҳои асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои таъмиру таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд» идома доранд.

Дар баробари ин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдо ва ШСХК «Барқи Тоҷик» супориш дода мешавад, ки ҳангоми банақшагирӣ ва бунёди неругоҳҳои нав ба масъалаи фаъолияти минбаъдаи онҳо эътибори махсус зоҳир намоянд, зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар фасли сармо фаъолияти баъзе неругоҳҳои хурди қаблан сохташуда бо сабаби норасоии об халалдор мегардад.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият дар қаламрави мамлакат беш аз 4200 километр хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла 720 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110, 220 ва 500 — киловолта сохта, ба истифода дода шуданд.

Имрӯзҳо дар бахши энергетикаи мамлакат татбиқи боз даҳ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо арзиши умумии қариб ду  миллиард сомонӣ идома дорад ва рӯзҳои наздик Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 мегаватт ба истифода дода мешавад.

Маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ҳамасола ҷиҳати дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти мавҷудаи энергетикӣ ва бунёд намудани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ хеле корҳо анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла  дар зарфи солҳои истиқлолият барои таъмиру таҷдид ва барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» беш аз 500 миллион сомонӣ равона карда шуд. Ҳоло бо ҷалби 130 миллион сомонӣ корҳо идома доранд.

Танҳо дар ҳафт соли охир барои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи энергетика қариб 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҳаҷми истеҳсоли барқ нисбат ба соли 1991 қариб 1000 мегаватт афзоиш ёфтааст.

Алҳол дар соҳаи энергетикаи кишварамон ду барномаи давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обиву энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ» ва «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» амалӣ шуда истодааст.

Ҳукумати кишвар солҳои охир бо истифода аз ҳамаи имконияту воситаҳо ҷиҳати ҳар чӣ зудтар бартараф намудани мушкилоти сокинони мамлакат дар давраи тирамоҳу зимистон ва таъмини талаботи рӯзафзуни соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба неруи барқи доимӣ чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, сохторҳои марбутаро зарур аст, ки минбаъд низ ба масъалаи таъмин намудани рушди соҳаи энергетика тавассути сохтмони иқтидорҳои хурду миёна ва бузурги истеҳсоли барқ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки дар ин раванд бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат инчунин омили муҳими то ба 100 сол зиёд шудани фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» мегардад.

IMG_4718

Дӯстони азиз!

Мавқеи ҷойгиршавӣ ва наздик будани шаҳри Норак ба пойтахти мамлакат имкон медиҳад, ки бо истифода аз неруи созандаи соҳибкорон ва ҷалби сармояи мустақим соҳаи саноат ва хизматрасонӣ, инчунин туризм тараққӣ дода шавад.

Бунёди корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва муҳайёсозии шароити мусоиди инфрасохтори истироҳатӣ имконият медиҳад, ки ҳамасола ҳазорҳо сокинони мамлакат ва меҳмонони он ба ин диёри зебоманзар саёҳат намоянд.

Зеро минтақаи Норак яке аз мавзеъҳои тамошобоби кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин самт, зарур аст, ки бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари меҳмонону сайёҳон ба ин минтақаи зебоманзари диёрамон ташкили инфрасохтори сайёҳиро вусъат дода, барои будубоши онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Ва табиист, ки ин иқдом яке аз омилҳои асосии ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳри Норак мегардад.

Бо мақсади тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2012-2015» тасдиқ гардидааст, ки дар асоси ин ҳуҷҷат барои тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр ва деҳоти он татбиқи 140 лоиҳа бо маблағи 860 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳоло дар доираи барномаи мазкур 40 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ мавриди амал қарор дорад.

Дар доираи корҳои ободониву созандагии кишвари азизамон соли гузашта ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Норак 15 корхонаи хурди истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани аҳолии шаҳри Норак тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии мамлакат дар давоми солҳои охир як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодаанд.

Дар натиҷаи барқарорсозии корхонаҳои мавҷуда ва бунёди коргоҳҳои нав дар шаҳри Норак шумораи коргарон дар ҳафт соли охир 1200 нафар зиёд гардид ва ҳоло шумораи онҳо ба 6500 нафар расидааст.

Аз ҷумла танҳо дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» беш аз 2000 нафар сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ мебошанд.

Вале ин ҳолат ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро дар қаламрави шаҳри Норак ва деҳоти он имкониятҳои васеи рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мавҷуданд.

Бинобар ин, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолии бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз ва бо ҳамин роҳ таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Масъалаи дигаре, ки рушди минбаъдаи шаҳри Норак аз он вобастагии зиёд дорад, таъмиру барқарорсозии роҳу пулҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо мебошад.

Ҳамасола ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои мазкур аз буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати нақлиёт бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳо, аз ҷумла роҳҳои байни ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳо чораҷӯйӣ намуда, барои ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода омода намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Чанд сол пештар ба хотири осону бехатар гардонидани рафтуомади нақлиёт ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла аҳолии шаҳри Норак мо нақби Шаршарро сохта, ба истифода супоридем.

Ҳоло сохтмони нақби Чормағзак бо дарозии қариб чоруним километр ва арзиши лоиҳавии беш аз 300 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.

Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ба масъалаи сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани лоиҳаи мазкур аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Зеро чунин иншооти муҳим, аз ҷумла нақби Чормағзак бояд ба наслҳои имрӯзу фардои миллат асрҳои аср хизмат намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Таъмини сокинони шаҳри Норак бо маводи ғизоӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, масъулону фаъолон ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад.

Гарчанде майдони заминҳои кишт дар ҳудуди шаҳр чандон зиёд нест, вале шароити мусоиди иқлим ва обу ҳавои минтақа имконият медиҳад, ки соҳаи боғдорӣ, аз ҷумла парвариши анор, шафтолу ва ангур, инчунин моҳипарварӣ, истеҳсоли асал ва сабзавот дар гармхонаҳои доимамалкунандаи он тараққӣ дода шавад.

Ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳаи кишоварзӣ шаҳодат медиҳад, ки дар шаҳри Норак ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол зиёд гардида, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинон торафт беҳтар шуда истодааст.

Бинобар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишоварзони дигар минтақаҳои мамлакат ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ҳама фасли сол таъмин намудани талаботи бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Вазорати кишоварзиро зарур аст, ки бо дарназардошти барномаҳои соҳавии амалкунанда ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда, васеъ намудани майдони онҳо ва дар ин замина зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот чораҳои иловагӣ андешанд.

Зеро амалӣ намудани чунин тадбирҳо омили асосии афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, муҳайё гардидани ҷойҳои иловагии корӣ, зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти мамлакат мегардад.

Чунонки дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо ва суханрониҳо доим таъкид менамоям, мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо аҳамияти аввалиндараҷа ва мунтазам диҳем.

Зеро ташаккули шахсиятҳои шоистаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз сатҳи донишу таҷрибаи устодон, донишу саводнокии толибилмон ва умуман фаъолияти мураттаби муассисаҳои таълимӣ вобастагии мустақим дорад.

Бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз соли 2006 то инҷониб дар ҳудуди шаҳри Норак 15 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла панҷ муассисаи таълимии навбунёд ба истифода дода шудааст ва дар назди ҳашт мактаб синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, ду боғчаи бачагона аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Рӯзҳои наздик ду мактаби нав ба истифода дода шуда, сохтмони боз се мактаби нав шуруъ мешавад, ки имрӯз мову шумо шоҳиди гузоштани хишти аввали дутои онҳо гардидем.

Инчунин дар ин давра дар шаҳр як маркази саломатӣ ва даҳ бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуда, маркази саломатии амалкунандаи шаҳр ба маблағи қариб 1,5 миллион сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки ҳар як масъули бахши иҷтимоӣ вазифадор аст, ки ба фаъолияти бонизоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ аҳамияти махсус зоҳир намояд ва ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва махсусан ба оғози соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода омода намудани онҳо чораҳои доимӣ андешад.

Бо истифода аз ширкати роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулону фаъолон таъкид месозам, ки робитаи худро бо мардум мустаҳкам намоед, доир ба ҳалли саривақтии мушкилоти аҳолӣ чораҷӯйӣ кунед ва дар самти пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб тадбирҳои судманду қонунӣ андешед.

Махсусан иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз зумраи вазифаҳои ҳаррӯзаи шумост, ки бояд зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

Ҳамчунин ба масъалаҳои ободонии шаҳр ва ҷамоатҳои он, кӯмак ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат, дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи вазифаҳои доимии ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ, инчунин соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша мебошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини шаҳри Норак минбаъд низ бо меҳнати ҳалолу созандаи хеш барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон, эҳё намудани шуҳрати собиқаи Норак ҳамчун яке аз шаҳрҳои калони саноатии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо хонаи обод ва рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!