Аҳолии мамлакат аз маҳсулоти тамоку бештар носро истифода мекунанд, аммо дар воситаҳои ахбори омма зиёдтар доир ба зарари сигарет ҳушдор дода мешавад. Чунин бархӯрд миёни мардум фаҳмиши нодурустро ба вуҷуд овардааст. Зеро нафарони носкаш фикр мекунанд, ки он ба саломатии инсон зарар надорад. Аммо мутахассисон муайян намудаанд, ки миқдори никотин ва дигар моддаҳои химиявӣ дар таркиби нос аз сигарет бамаротиб зиёд буда, зарараш ба саломатӣ аз дигар маҳсулоти тамоку кам нест. Тавре мутахассис Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо мо иброз дошт, зимни санҷишҳои лабораторӣ муайян шудааст, ки агар дар як дона сигарет то як миллиграмм никотин мавҷуд бошад, пас он дар носе, ки барои як маротиба кашидан истифода мешавад, то 24 миллиграммро ташкил медиҳад.
- Чор намуди носро бо мутахассисони Федератсияи Россия ва Британияи Кабир ташхис намудем ва маълум шуд, ки дар он 18 намуд маводи зудтаъсири химиявӣ мавҷуд аст. Ҳангоми омода кардани нос дар баробари тамоку, инчунин ишқор, хокистари арча ва оҳак истифода мешавад. Ғайр аз ин, нос технологияи муайяни истеҳсол ва ягон стандарт надорад, — зикр кард номбурда ва ҳамчунин афзуд, нафароне, ки зарари носро аз сигарет камтар медонанд, хато мекунанд. Зеро таъсири нос ба майнаи сар, ковокии даҳон, милки дандон, сурхной ва меъда бештар мерасад. Яке аз сабабҳои гирифторӣ ба саратони ковокии даҳон, илтиҳоби меъда ва гастрит нос аст.
Ҳамон гуна, ки зикр кардем, чун зарари нос камтар миёни мардум тарғиб шудааст, аксар онро маҳсулоти безарар мепиндоранд. Аз ин ҷост, ки ҳангоми ҳис кардани зарари истифодаи сигарет аз истифодаи он даст кашида, ба ҷойи он носро афзал медонанд. Мутаассифона, нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳар рӯз дар баробари сигарет носро низ истифода мекунанд. Истифодабарандагони маҳсулоти тамоку ин амалашонро ба мушкилоти рӯзмарраи иҷтимоӣ ва ором кардани фикр рабт медиҳанд. Мутахассисон бар ин назаранд, ки носу сигор хусусияти лаҳзаинаи ором карданро дошта, дар сурати пайваста кашидан ба одат табдил меёбад. Бино ба андешаи ҳамсуҳбатам, барои ором кардани асаб амалҳои хубтару беҳтар, ки ҳамаҷиҳата ба саломатӣ манфиат доранд, зиёданд.
- Аз ҷумла, машғул шудан ба варзиш беҳтарин роҳи ором кардани асаб аст. Зеро варзиш беҳтарин амал барои инсон мебошад, ки ба ҷуз ором намудани фикр, ба дигар увҳои инсон низ манфиати зиёд дорад, — зикр кард ӯ.
Мувофиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», ки «Тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку» ном дорад, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадор шудаанд, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд. Модоме ки дар сатҳи қонун доир ба тарғиби зарари маҳсулоти тамоку муқаррарот мавҷуд аст, пас тавсеа бахшидани ин раванд зарур аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»