Бисту ҳафтуми декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур дорад.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи № 6089- TJ ва гранти № D205-TJ) оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, № 1757».
РАИС: — Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, роҷеъ ба масъалаи якум муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова дар ҷаласаи гузашта маърӯза карда буданд ва ҳоло зарурати дубора шунидани он нест.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи гузашта изҳор дошта будам, ки масъала хеле муҳим аст ва ширкати субъектоне, ки созишномаро амалӣ мегардонанд, муҳим аст. Бинобар ин, баррасии ин масъала мавқуф гузошта шуд.
Имрӯз дар ҷаласа субъектони амалкунандаи созишнома, яъне роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд.
Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» 15 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 50,0 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидааст. Аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 25,0 миллион доллари амрикоӣ гранти пешниҳодкардаи ҳамин ассотсиатсия мебошад.
Лоиҳа аз 4 бахш, яъне компонент, иборат буда, ҳадафи асосии он аз пешгирии зарари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Бояд зикр намуд, ки ин нахустин лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба кам кардани зарари хатарҳои табиӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз офатҳои табиӣ даҳҳо миллион сомонӣ зарар мебинад (ҳатто чанд сол пеш он зиёда аз 100 миллион сомониро ташкил намуда буд). Оқибатҳои онҳо бо дастуру мусоидати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф мегардиданд. Солҳое буданд, ки 50 — 100 оила дар баъзе деҳаҳо бе хона мемонданд ва онҳо дар муҳлати кӯтоҳ бо манзили нави зист таъмин мешуданд, ки ин ҳама хароҷот ва маблағи зиёдро тақозо мекард.
Дарёҳои пуртуғён ба кишвар ҳар сол зарари зиёд мерасонанд ва агар аз рӯи адолат гап занем, ҷумҳуриҳои поёнобе, ки аз дарёҳои Тоҷикистон об мегиранд, бояд дар пешгирии офатҳои табиӣ саҳмгузор бошанд. Мутаассифона, ин ҳолат имрӯз ба назар намерасад.
Бинобар ин, созишномаи зикршуда хеле пураҳамият мебошад. Ҳоло сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.
ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Назорати умумии лоиҳа, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои молиявӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Лоиҳа гуногунсоҳа буда, лоиҳаҳои Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар бар мегирад.
Соли 2015 дар натиҷаи аз меъёр зиёд гарм шудани боду ҳаво, бошиддат об шудани пиряхҳо ва боришоти пай дар пай дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Мурғоби ВМКБ, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахши минтақаи Рашт ба иншооти нақлиётӣ, аз ҷумла роҳу пулҳо, хисороти зиёди моддӣ ва молиявӣ расид.
Ҳар сол офати табиӣ ба роҳҳои автомобилгард ва иншооти он зарари калон мерасонад. Дар панҷ соли охир ба роҳҳои автомобилгард дар ҳаҷми 62 млн. 935 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла соли 2013 — 339,0 ҳазор сомонӣ, соли 2014 -1 млн. 34,0 ҳазор сомонӣ, соли 2015- 12 млн.476 ҳазор сомонӣ, соли 2016 — 40 млн. 58 ҳазор сомонӣ ва соли 2017 — 9 млн. 28,9 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расидааст. Аз ин маблағҳо 33 млн. 81,0 ҳазор сомонӣ ба роҳҳои автомобилгард, 29 млн. 819,0 ҳазор сомонӣ ба пулҳои мошингузар ва 78,13 ҳазор сомонӣ ба қубурҳо рост меояд. Танҳо дар ду соли охир (2016- 2017) дар натиҷаи офатҳои табиӣ 1778,0 км роҳҳои автомобилгард ба маблағи 22 млн. 435,0 ҳазор сомонӣ ва 71 пули мошингузар ба маблағи 26 млн. 594,0 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.
Барои барқарор намудани роҳҳо ва иншооти он, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ осеб дидаанд, дар панҷ соли охир (солҳои 2013- 2017) аз ҳама манбаъ 12 млн. 694,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби сохтмони асосии Вазорати нақлиёт 5 млн. 80,0 ҳазор сомонӣ (40 фоиз), аз ҳисоби маблағҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои вазорат 6 млн. 70,0 (47 фоиз) ҳазор сомонӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатӣ 1 млн. 544,0 ҳазор сомонӣ (12 фоиз) сарф шудааст.
Аз ҳисоби маблағҳои барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард пешбинишуда соли 2013 — 165,9 ҳазор сомонӣ, соли 2014 — 493,3 ҳазор сомонӣ, соли 2015- 924,2 ҳазор сомонӣ, соли 2016 — 1518,2 ҳазор сомонӣ ва соли 2017 — 2968,7 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 6 млн. 70,0 ҳазор сомонӣ истифода шуда, корҳои барқароркунӣ ба иҷро расиданд. Аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосӣ соли 2015 5 млн. 80 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Аз ин ҳисоб роҳҳои автомобилгард дар минтақаи Рашт ба 202,8 ҳазор сомонӣ ва ВМКБ ба маблағи 4 млн. 877 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуданд. Дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатӣ соли 2013 — 510,0 ҳазор сомонӣ, соли 2016 — 760,4 ҳазор сомонӣ ва соли 2017 — 273,6 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 1 млн. 544,0 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.
Бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба ҳайатҳои Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Фонди рушди саудӣ солҳои 2015 — 2016 ба минтақаҳои зарардида сафар намуданд. Дар ин замина, ба созмонҳои мазкур барои маблағгузорӣ маълумоти зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии роҳу пулҳои автомобилгарди харобгардида, аз ҷумла барқарорсозии пулҳо дар ноҳияҳои зикршудаи ВМКБ ва минтақаи Рашт, пешниҳод шуданд. Ҳамчунин, барқарорсозии пулҳои номбаршуда ба ҷониби Арабистони Саудӣ низ пешниҳод гардид.
Дар натиҷа, Бонки ҷаҳонӣ пас аз якчанд сафари ҳайати худ ба минтақаҳои зарардида тасмим гирифт, ки барқарорсозии 9 пулро, бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ маблағгузорӣ намояд.
Маблағи дар ибтидо пешбининамудаи бонки мазкур ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод. Дар заминаи ташрифи роҳбарияти бонк солҳои 2015 ва 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуфтушунидҳои дуҷониба, барқарорсозии 8 пул дар ноҳияи Ванҷ ва 1 пул дар ноҳияи Рӯшон мувофиқа гардид.
Баъдан, дар доираи гуфтушунидҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 маблағи умумии лоиҳа ба 50 миллион доллари ИМА (50 фоиз қарз, 50 фоиз грант) расонида шуда, бо пешниҳоди Вазорати нақлиёт ва пас аз омӯзишҳои бонк ба лоиҳа иловатан 9 адад пули дигар ворид гардид.
Аз маблағи ҷудогардида, ба соҳаи нақлиёт тақрибан 20 миллион доллари ИМА рост меояд. Аз ҷумла:
- барои лоиҳакашӣ ва барқарорсозии 18 адад пул дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла 8 адад дар ноҳияи Ванҷ, 4 адад дар ноҳияи Рӯшон, 2 адад дар ноҳияи Дарвоз ва 4 адад дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 18,3 миллион доллари ИМА. Бояд зикр намуд, ки аз ин пулҳо 5 адад дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Кулма барқарор карда мешаванд;
- барои харидории техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳ, дастгоҳи пармакунӣ ва барномаи муҳандисии таъминоти компютерӣ 1,1 миллион доллари ИМА;
- барои ҷалби мушовирони маҳаллӣ, ба монанди муҳандис –кӯпруксоз, мутахассисон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, идоракунии молиявӣ, харид ва дигар хароҷоти идоравӣ 0,6 миллион доллари ИМА истифода бурда мешавад.
Лоиҳаро Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёт амалӣ менамояд, ки бо фармоиши Вазорати нақлиёт ва тавсияи Бонки ҷаҳонӣ соли 2015 ҷиҳати идоракунии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Исфара» ва лоиҳаҳои минбаъдаи аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузоришаванда таъсис дода шудааст.
Имрӯзҳо аз ҷониби ширкати машваратӣ — лоиҳакашии «Дохва» (Кореяи Ҷанубӣ) корҳои омодасозии Асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва лоиҳаи муфассали техникии пулҳо идома доранд. Ҳоло лоиҳакашии 9 адад пули сараввал интихобгардида (8 адад дар ноҳияи Ванҷ, 1 адад дар ноҳияи Рӯшон) дар ҳаҷми 95 фоиз ва 9 адад пули иловагӣ (3 адад дар ноҳияи Рӯшон, 2 адад дар ноҳияи Дарвоз ва 4 адад дар ноҳияи Мурғоб) дар ҳаҷми 55 фоиз иҷро гардидаанд. Тибқи нақша, оғози сохтмони пулҳо дар нимсолаи аввали соли 2018 пешбинӣ шудааст.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки Созишнома оид ба маблағгузории (қарзи № 6089 — TJ ва гранти № D205-TJ) оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Муҳтарам вазир! Шумо дар хусуси ташкили кор чӣ гуфта метавонед, зеро татбиқи лоиҳа аз оғози соли 2018 шурӯъ мешавад. Ин лоиҳаро кӣ амалӣ мегардонад? Аз ҷумла, бунёди кӯпрукҳо ба зиммаи кадом ташкилот вогузор аст ва корро онҳо кай шурӯъ менамоянд? Оё дар татбиқи лоиҳа пудратчиёни ватанӣ ширкат менамоянд ё не?
ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:
- Идоракунии лоиҳа, асосан ба зиммаи Вазорати молия гузошта шудааст ва озмунро ҷиҳати интихоб Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Назорати иҷрои корҳо бошад, ба зиммаи Вазорати нақлиёт гузошта мешавад. ҳоло лоиҳаи 5 пули сараввал интихобшуда (аз ҷумлаи 9 пул) ба андозаи 95 фоиз омода шуда, танҳо гузаронидани озмун зарур мебошад. Дар пулҳои боқимонда лоиҳакашӣ идома дорад. Дар Вазорати молия гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо фаъолият менамояд, ки гузаронидани озмунҳо бар уҳдаи он мебошад.
Дар назди Вазорати нақлиёт соли 2015 гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳо таъсис ёфта, он бо розигии Бонки ҷаҳонӣ ташкил шудааст.
То имрӯз як компоненти лоиҳа, яъне харидории 9 адад техникаи роҳдорӣ ҳал шуда, онҳо ба ҷумҳурӣ оварда шуданд. Аллакай як қисмашон ба ҷойҳои пешбинигардида расонида шуданд. Бо талаби Бонки ҷаҳонӣ техникаро танҳо ба он ҷойҳое тақсим мекунем, ки дар он ҷо лоиҳа амалӣ карда мешавад. Ҳангоми гузаронидани тендерҳо намояндагони Вазорати нақлиёт низ иштирок мекунанд.
РАИС: — Аз сардори Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби инвеститсияҳои берунаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода хоҳиш менамоем, ки масъалаи мазкурро шарҳ диҳанд.
Аҳлиддин НУРИДДИНЗОДА:
- Муҳтарам Раис! Аз хусуси созишномаи зикршуда қайд намудан лозим аст, ки тӯли ду соли охир аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории салоҳиятдор таъсис шудааст ва он барои омода намудани лоиҳа кори мушаххасро амалӣ намуд.
Оид ба гузаронидани тендерҳо бояд зикр кард, ки созишномаи мазкур баъди тасдиқ аз ҷониби шумо, вакилони муҳтарам, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад ва гурӯҳи кории салоҳиятдор дар назди Вазорати молия таъсис дода мешавад, ки ба он намояндагони Вазорати молия, Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне, ҳамаи онҳое, ки барои татбиқи лоиҳа масъуланд, шомил мегарданд. Баъди содир шудани фармоиши вазири молия кор дар ин самт оғоз меёбад.
Инчунин, лозим ба тазаккур аст, ки дар доираи лоиҳа 6 миллион доллар ҳамчун қисмати алоҳида ҷудо карда шудааст, ки дар назар аст минбаъд ба фонд табдил дода шавад. Дар дигар кишварҳо ин гуна фондҳо таъсис шудаанд.
РАИС: — Барои лоиҳаи зикршуда оё тендер баргузор гардид?
Аҳлиддин НУРИДДИНЗОДА:
- Барои омода намудани лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 6,5 миллион доллар кумаки техникӣ ҷалб намудем. Барои харидории техника тендер гузаронида шуд ва кумаки техникӣ ба ҳисоби лоиҳа ворид нест.
РАИС: — Вазорат тендерҳои байналмилалӣ низ мегузаронад?
Аҳлиддин НУРИДДИНЗОДА:
- Тендерҳои байналмилалӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Ҳуҷҷатҳоро вазорату идораҳои дахлдор омода менамоянд ва кушодашавии дархости молиявӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баргузор мегардад.
РАИС: — Ман дар хусуси татбиқи лоиҳа беҳуда зиёд суол надодам, зеро дар сурати татбиқи муваффақонаи он дар амалӣ кардани лоиҳаҳои дигар низ созмонҳои молиявии байналмилалӣ моро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ҳоло сухан ба директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод дода мешавад.
Холмурод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо пешниҳоди грант ва қарз (ба маблағи 50 млн. доллари ИМА) маблағгузорӣ мешавад, аз 4 қисмат иборат буда, ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ қисмати 2-юм таҳти унвони «Мустаҳкам намудани инфрасохтори зиддиобхезӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ» бо арзиши 19,0 млн. доллари ИМА мансуб мебошад.
Қисмати мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона»-и агентӣ татбиқ мегардад. Дар доираи ин қисмат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу ва Яхсу, Кофарниҳон ва сойи Даҳана, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб (шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ) ва минтақаи Қӯрғонтеппаи (ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус) вилояти Хатлон дар назар аст.
Дарозии умумии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъҳо 26,84 км-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла:
1. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳилҳои чап ва рости сойи Даҳана дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зиракии шаҳри Кӯлоб бо дарозии 4,2 км;
2. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарёи Ёхсу дар деҳаҳои Шобика ва Лархоби ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо дарозии 5,5 км;
3. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳилҳои чап ва рости дарёи Қизилсу дар деҳоти Сари Паром, ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазов ва деҳоти Қурбоншаҳиди ҷамоати деҳоти Гулистон бо дарозии 1,0 км;
4. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарёи Кофарниҳон дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи У. Назаров, Э. Ниёзов, 20-солагии Истиқлолият ва Носири Хисрави ноҳияи Қубодиён бо дарозии 15,74 км, аз ҷумла, 8,81 км садди азнавсозӣ ва 6,93 км барқарорсозии садди пештара;
5. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон барои муҳофизати сарбанди канали Хушодӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назарови ноҳияи Шаҳритус бо дарозии 400 метр.
Мавзеъҳои мазкур аз рӯи арзёбии мутахассисон хатарнок буда, якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардида, бо санадҳои дахлдор мувофиқа шудааст. Инчунин, дар доираи лоиҳа барои нигоҳдории саддҳои муҳофизатӣ харидории 7 адад мошину механизмҳои вазнин дар назар аст.
Бо дарназардошти он ки лоиҳаи мазкур ба яке аз ҳадафҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии хавфи офатҳои табиӣ мансуб мебошад, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ»-ро дастгирӣ намоед.
РАИС:- Дар лоиҳаи мазкур 6 миллион доллари амрикоӣ барои таваҷҷуҳ кардан ба офатҳои табиӣ пешбинӣ шудааст. Таваҷҷуҳ кардан ба офатҳои табиӣ чӣ маънӣ дорад? Ҳоло ман суханро ба муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода медиҳам ва хоҳиш менамоям онро шарҳ диҳад.
Муҳаммадҷон САЛИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
- Вобаста ба созишномаи пешниҳодшуда мехоҳам зикр намоям, ки таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки бинобар сабаби тағйирёбии иқлим зуҳуроти табиӣ сол то сол меафзояд ва ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари зиёд мерасад. Дар панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ 270 офати табиӣ ба амал омада, бар асари он беш аз 85 нафар ба ҳалокат расид. Ба иқтисодиёти кишвар садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ, маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуд аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи характери табиӣ ва техногенидошта равона карда шудаанд, ҳамоҳанг месозад.
Мақсади асосӣ дар фаъолият ин, пеш аз ҳама, ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибати ҳолатҳои фавқулода, ташкили тайёрӣ ва омӯзиши аҳолӣ, бурдани назорати доимӣ аз болои тақсимот ва истифодаи маблағҳои ба ин мақсад ҷудошуда, қабул, тақсимот, роҳнамоӣ, интиқол, дастрасӣ ва назорати маводи моддӣ, инчунин кумакҳои башардӯстона ба аҳолии аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, экологӣ ва техногенӣ зарардида ба ҳисоб меравад.
Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар давраи осоишта ва замони ҷанг;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ва мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани чораҳо оид ба эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;
- идоракунӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар давраи осоишта ва замони ҷанг;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, дар доираи низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
- ҷамъоварӣ, коркард ва табодули иттилоот дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
- ташкил ва таъмини ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
- ташкили чорабиниҳои аввалиндараҷа, гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода дар давраи осоишта ва замони ҷанг;
- танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати кумита мансуб мебошанд.
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолият сохтори штатии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии кумита такмил дода шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 547 аз 29 ноябри соли 2017 тасдиқ гардидааст. Зарурияти такмили сохтори штатии кумита ин, пеш аз ҳама, беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои наҷотдиҳӣ ҷиҳати иҷрои сифат ва фаврияти амалиётҳои наҷотдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зиёд намудани воҳидҳои штатии ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва таъсис додани дастаҳои наҷотдиҳии иловагӣ буд.
Ҳамчунин, тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ваколатҳо, вазифаҳо ва ҳуқуқҳо дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ зиёд гардида, дар кумита ва сохторҳои вилоятиву минтақавӣ марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ таъсис шуданд. Таъсиси ин марказҳо имкон медиҳад, ки ба ташкили огоҳкунии мақомоти идора ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода, инчунин бурдани назорат аз болои ташкили кори воситаҳои дахлдори огоҳсозии минтақавӣ ва маҳаллӣ мусоидат намояд. Бо ин мақсад кумита зарур шуморид, бо он маблағҳое, ки тибқи лоиҳа доир ба мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмини устуворӣ ба хатарҳои офатҳои табиӣ ҷудо гардидааст, сохтмони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии ҷумҳуриявиро, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй мебошад, оғоз намояд.
Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ мақомоти идоракунандаи кумита ба ҳисоб рафта, фаъолияти он барои идораи қувва ва воситаҳои системаи ягонаи давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ҳангоми гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода равона карда мешавад. Дар сохтори Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ шуъбаҳои огоҳкунӣ, иттилоот ва таъмини алоқа, эътино ба ҳолатҳои фавқулода, таҳлил ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулода ва рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи 112, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 214 аз 28 апрели соли 2017 қабул гардидааст, шомил шудаанд.
Марказ вазифаҳои зеринро ба анҷом мерасонад:
- таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идораи системаи ягонаи давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода;
- идораи қувва ва воситаҳои системаи ягонаи давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода, ки фаъолияташон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода равона карда шудаанд;
- амалисозии мубодилаи маълумот ва расонидани маълумоти саривақтӣ ба аҳолӣ ҳангоми эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои фавқулода;
- расонидани бонги хабардоркунӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми эҳтимолияти ҳолатҳои фавқулода;
- назорати омодагии қувва ва воситаҳои сохторҳои эътино ба ҳолатҳои фавқулодаи кумита;
- ҳамкориҳои мутақобила бо зернизомҳои вазифавии низоми ягонаи давлатӣ вобаста ба масъалаҳои иттилоот ва маълумотдиҳӣ.
Дар асоси лоиҳаи мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмини устуворӣ ба хатарҳои офатҳои табиӣ ба маълумоти шумо мерасонам, ки сохтмони бинои нави Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ дар дастгоҳи марказии кумита пешбинӣ гардида, инчунин дар 3 вилоят ва 2 минтақа, дар умум 5 маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии сайёр ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Бо мақсади таъсис ва мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии кумита, хоҳишмандам Созишномаи маблағгузории оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ»-ро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинзода Бадриддин Талбак дода мешавад.
САДРИДДИНЗОДА Бадриддин ТАЛБАК:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №6089-TJ ва гранти №D205 — TJ) оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии рушд бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳадафи асосии он пешгирии офатҳои табиӣ бо роҳи ташкили инфрасохтори зарурӣ мебошад.Дар ҷаласаи васеъ (14 декабри соли ҷорӣ) бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуданд.
Аз шумо низ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №6089-TJ ва гранти №D205 — TJ) оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст.
Ёдовар мешавам, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз соли 1999 мавриди амал қарор дода шуда, то соли 2008 манбаи он даромади умумӣ ба ҳисоб мерафт. Бо мақсади батанзимдарории андозбандии фоида, аз соли 2008 манбаи андози мазкур хароҷоти умумӣ муқаррар шуда, то ба имрӯз танзимкунандаи андози фоида ба ҳисоб рафта, ҷиҳати пурра андозбандӣ гардидани фоидаи андозбандишаванда мусоидат менамояд.
Мутобиқи моддаи 252-юми Кодекси андоз, меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 январи соли 2013, яъне аз мавриди амал қарор додани кодекси нав барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурӯш ба андозаи 0,5 фоиз ва барои дигар намудҳои фаъолият 2,0 фоиз ва аз 1 январи соли 2015 мутаносибан ба 0,25 фоиз ва 1,0 фоиз муқаррар ва аз 1 январи соли 2017 бояд бекор карда мешуд.
Соли гузашта бо мақсади дар сатҳи зарурӣ маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими давлатӣ, тибқи тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то 1 январи соли 2018 дароз гардид.
Зимнан нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2018 низ бо дарназардошти ин намуди андоз, ки маблағи он дар соли ҷорӣ 360,0 млн. сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 3,0 фоизи ҳаҷми умумии даромадҳои ҷориро ташкил медиҳад, таҳия шудааст. Дурнамои даромади буҷет аз рӯи ин сарчашма дар соли 2019 ба маблағи 375,0 млн. сомонӣ ва дар соли 2020 ба маблағи 390,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ин амал имкон медиҳад, ки солҳои минбаъда маблағи зикргардида ба Буҷети давлатӣ ворид гардида, барои маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта ва пардохти хизматрасонии фоизи евробондҳо, ки маблағи солонаи он 321,0 млн. сомониро ташкил медиҳад, мусоидат намояд. Бо дарназардошти ин, Вазорати молия вобаста ба вазъи молиявии Буҷети давлатӣ то 31 декабри соли 2020 тамдид намудани муҳлати бекоркунии андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ба мақсад мувофиқ меҳисобад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тағйироте, ки дар сархати сеюми моддаи 252-юми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагӣ барои маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта дар солҳои 2018-2020 равона шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ карданд.
Аз шумо хоҳиш менамоям ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Хуб мефаҳмем, ки бо дарназардошти он ки дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди бузург бунёд гардида, лоиҳаҳои калон амалӣ шуда, маблағгузории зиёдро талаб менамоянд, маҷбур ҳастем, ки бекор кардани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ба се соли дигар тамдид намоем. Бешубҳа, ин зарурати воқеӣ мебошад ва мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба паҳлуи дигари масъала ҷалб намоям.
Солҳои пештар дар истифодаи маблағҳои андози мазкур принсипи ҳиссаҷудокунӣ истифода мешуд. Яъне, як қисми он ба Буҷети ҷумҳуриявӣ ва қисмати дигар ба буҷети маҳаллӣ равона мегардид. Чунин принсип мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро ҳавасманд мекард ва онҳо имкон пайдо мекарданд ба таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дохилиноҳиявӣ, яъне кӯчаю маҳаллаҳо, оғоз намоянд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд чунин мисолҳо зиёданд. Хусусияти ҷолиби ҳиссаҷудокунӣ ҳамчунин дар он аст, ки ба ин кор аҳолии маҳаллаҳо ва соҳибкорон шомил гардида, дар шарикӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳҳоро таъмиру мумфарш менамоянд. Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 гузаронидани маблағи андози мазкур пурра ба Буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст.
Бинобар ин, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва бо дарназардошти имконоти молиявӣ онро дар Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 ва 2020 ба эътибор гиранд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, №1757» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Исматулло Ҳикматуллоевич дода мешавад.
Исматулло НАСРИДдИНОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, №1757» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки ҷаҳонӣ ва соли 1994 узви Ассосиатсияи байналмилалии рушд гашт. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 1,11 млрд. доллари ИМА — ро дар шакли грантҳои Ассосиатсияи байналмилалии рушд ҷудо намуд. Хотиррасон менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, №1757 ҳамроҳ шуд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, №1757» пешниҳод гардидааст.
Кумитаи масъул масъалаи мавриди назарро 14 декабри соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, он якдилона ҷонибдорӣ шуд.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки муҳимият ва зарурияти тасдиқи лоиҳаи қарори мазкурро ба инобат гирифта, онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Пешниҳоди мазкур дар асоси муроҷиати расмии Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта, тибқи ин тағйирот, Конвенсияи СММ оид ба масуният ва имтиёзҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ ба Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд низ татбиқ мегардад.
Дар натиҷаи ворид намудани Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ба рӯйхати Конвенсияи СММ оид ба масуният ва имтиёзҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ танзими масунияти имтиёзҳои бонк ва кормандони он дар низоми қонунгузории миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Бо дарназардошти аҳамияти фаъолияти муштараки лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ зарурати ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, №1775 ба миён омадааст. Хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015, № 1757» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ