Шоире аз табори Рӯдакию Фирдавсӣ…

№2 - 3 (3796 -3797) 06.01.2018

{fryfpfhАсари «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол», ки сурудаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб аст, дарвоқеъ манзумаи нав ва ҷадиду мондагоре аст, ки бо илҳом аз андешаҳои мутараққӣ ва шарқгароёнаи Аллома Иқбол ба шахсиятдиҳии Машриқзамин пардохта, ки мехоҳад арзишҳои илмию ҳунарию таърихию фарҳангӣ ва устуравии Машриқзаминро пеши рӯйи Ғарб бигзорад ва ба навъе ҳамчун Гёте боби гуфтугӯи тамаддунҳои Шарқ ва Ғарбро бикшояд.

 Шоир дар асар бо баҳрагирӣ аз техникаи мунозира ва гуфтугӯҳо афкор ва андешаҳои табақоти мухталифро ба риштаи шеър мекашад. Ин фан реша дар китоби «Зиёфати Афлотун», «Калила ва Димна», «Марзбоннома» ва бавижа «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дорад, ки ҳар як аз нависандагони ин китобҳо саъй кардаанд бо таваҷҷуҳ ба аснод ва мадорику гуфтаҳои бузургон андешаҳои онҳоро боз­сароӣ кунанд. Аз ин рӯ, кори Ҳақназар Ғоиб қобили аҳамият ва арзиш аст. Ӯ Аллома Иқболро дар зеҳну замири худ менишонад ва аз андешаҳою афкори ӯ илҳом мегирад, ки дар бедории мардуми Машриқзамин ва иттиҳоди ин мардум саъю талоши бисёре намуд. Ва дар мавриди шеъри Иқбол мегӯяд:

Буд ӯ чашму дили бедори Шарқ,

Офтоби рӯҳи исёндори Шарқ.

Шеъри Иқбол инқилоби тоза буд,

Дар сухан эъҷози беандоза буд.

Дар ҷойи дигар аз забони донои форс, ки тамсиле аз таърих ва ё афроди донои тӯли таърих будаанд, дар аҳамияти роҳнамоӣ ва равшангарии шеъри ростин мегӯяд:

Одамиро шеър одам мекунад,

Фаҳми ӯро шамси олам мекунад.

Шеър дар мафкура орад инқилоб,

Дар дил афрӯзад чароғи Офтоб.

Ҳақназар Ғоиб, ҳамчунин ба дурустӣ андешаҳои истиқлолталабона ва шарқиёнаи боло ва волои Аллома Иқболро дарк кардааст, бавижа ин ки ӯ ҳамвора шоири мубориз, олим ва файласуфу донишманди гаронқадр буда, ки хостори истиқлоли мардуми Шарқ буда ва мехоста парчами Машриқзамин дар муқобили парчами Ғарб барафрошта бошад. Ҳақназар андешаи истиқлолхоҳии Иқболро дар миёни мардуми қаҳрамон ва хирадманди тоҷик баён мекунад ва дар ҳақиқат истиқлоли тиллоии Тоҷикистонро, ки нахустин тулӯи воқеии истиқлоли ин кишвар баъд аз Сомониён аст, меситояду месарояд:

Тоҷики озода шуд озодбахт,

Гашт соҳиб аз дигар бар тоҷу тахт.

Пешво бодо муборак, эй Ватан,

Раҳнамо бодо муборак, эй Ватан.

 ЗАНЕД АЗ ДИДАҲО САД ГУЛХАНИ БАРҚ

Ҳақназар абъоди (ҷиҳатҳои) мухталифи андешаҳо ва амалкардҳои мардум дар тӯли таърихро ба тасвир мекашад. Ашъору андешаҳои ӯ дар ҳақиқат дардҳо, ранҷҳо, аъмоли ақибмонда ва ноогоҳиҳои мардуми Шарқро бо рӯҳи дарднок баён мекунад. Ин амрро ба авзову аҳволи иҷтимоӣ ва сиёсии минтақа, ба вижа Осиё ва Африқо пайванд мезанад ва табдил ба як воқеияти дарднок мегардад, ки ба наҳве бо масоили ҷории мазҳабӣ-ифротӣ ва иртиҷоӣ, ки дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва ғайра ба чашм мехӯрад, андешаҳои шоир бо авзоъ ва аҳволи имрӯзаи минтақа ҳамхонӣ, ҳамдардӣ пайдо мекунад, ки инсонҳои ноогоҳ бо номи ақида ва имони мазҳабии хеш ва барои ризо ва ризояти Худованд даст ба амалҳои зиддиинсонию зиддиахлоқӣ мезананд ва ба куштори инсонҳои бегуноҳ даст мезананд ва ноогоҳона ин аъмолро бо номи хости Худо ва ривоҷу равнақи дини илоҳӣ ба забон меоваранд ва намедонанд, ки ин гуна аъмолу афъол на танҳо мавриди ризо ва ризояти Худованд нест, балки зидди дастуроти ӯ мебошад ва танҳо дар ин миён давлатҳои абарқудрат ва истеъмогари ғарбӣ нафъу фоида мебаранд ва манфиатҳояшон таъмин мегардад:

Габри дар роҳи худояш худпараст,

Дидаро дар зиндагӣ аз бад бибаст.

Лек то Яздон аз ӯ бошад ризо,

Сӯхт дар оташ вуҷуди бутпараст.

Шоир бо баёни дардноки ин гуна масоил орзу дорад, ки рӯзе офтоби дурахшони фаҳму дарк дар зеҳну замири инсонҳои шарқӣ равшан шавад ва Шарқ шахсияти воқеӣ ва ормонии худро биёбад, ба таҳаммулпазирӣ рӯй биёварад ва ба шукӯҳу шавкати гузаштаи худ баргардад:

Занед аз дидаҳо сад гулхани барқ,

Ки сӯзад ҷумла зулму зиллати Шарқ.

Сано бодо ба он рӯзе, ки аз фаҳм,

Бигардад ҷумла миллат миллати Шарқ.

Ин ҷо нозукона ҳадаф ба он печ мезанад, ки Шарқ ватани қадимию бобоии қисмати зиёди ақвоми Ғарб низ будааст ва аз ин рӯ Ғарб набояд ба хушкидани решаи аслии худ низ ноогоҳона камар бандад.

 ҶАҲОНИ ҲАМДИЛӢ

Аз нигоҳи дигар шоир бо диди наву тоза орзу дорад Шарқу Ғарб ҳар чӣ бештар ба ҳам наздик бишаванд ва ба иттифоқу иттиҳоду ҳамдилӣ бирасанд ва таҳаммули афкору андешаҳои якдигарро дошта бошанд. Бавижа ин ки Ғарб бо нигоҳи бартариҷӯёнаву тасаллутомез ва ҳатто таҳқиромез ба Шарқ нангарад, инсонияти инсони шарқиро бипазирад, бидонад, ки инсонҳо зери як осмон зиндагӣ мекунанд (Зери чатри чакани чархи барин, Як Ватан ҳаст замин. Ҳақназар) ва абру боду маҳу хуршеду фалак барои хидмат ба оламиён офарида шудаанд ва ҳеҷ гуна тафовут ва табъизи нажодӣ, қавмӣ, қабилаӣ ва мазҳабӣ набояд боиси тафриқа ва ҷудоии Ғарб аз Шарқ шавад ва дар ниҳоят набояд Ғарб барои ҳифзи манфиат ба зоҳир шиори демократия бидиҳад, вале дар ботин бихоҳад бар Шарқ мусаллат (ғолиб) шавад ва ба ғорати сарватҳои миллӣ ва манобеи табиии Шарқ бипардозад. Шоир ин гуна масоилу мушкилотро ба хубӣ дарк карда, паёму нидои инсонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафиро дар шеър баён мекунад ва ҳаргиз дидгоҳҳои ихтилофбарангези мазҳабӣ, ақидатӣ ва ё тафовути афкору ақидаҳои Шарқу Ғарбро боиси ҷудоии онҳо намедонад, зеро мӯътақид аст худованди Шарқу Ғарб яке аст. Аз ин рӯ, мегӯяд:

Ҷаҳони ҳамдилӣ сад беша дорад,

Зи ҷонҳои худогаҳ реша дорад.

Фалак дар пеши дунёҳои ҳамдил,

Зи танҳо монданаш андеша дорад.

Шоир бо дарки дурусти воқеият масъалаи куҳнаву навро дар фазову замон ва макон мавриди таҷзияву таҳлил қарор медиҳад ва эътимодманд аст, ки асли ҳаққу ҳақиқат яке аст, аммо роҳҳо ва дидгоҳҳо мутафовит аст ва ба қавли Мавлоно «ангур, узум, инаб» як маънӣ медиҳанд, аммо наҳваи тафаккур ва бардоштҳо мухталиф ва ихтилофбарангез аст, дар сурате, ки ибтидо ва интиҳои ҷаҳон дар тулӯъ ва ғуруби офтоб хулоса мешавад:

Куҳнаву нав як садо аз вақти мост,

Гарчи дар ин нукта сад маҳшар бапост.

Офтоб асту ғуруби офтоб,

Ҳар ду ҳам як маъние аз рафтуост.

 НИЗОМИ АХТАРОНРО БОЯД ОМӮХТ

Дар ниҳоят, метавон гуфт шоир бо баҳрагирӣ аз санбулҳои (символ ё образҳои) шахсиятҳои мухталиф, монанди Зиндарӯд, Раҳгузар, Донои форс, Вахш ва ғайра ҳалқаҳои занҷиреро офаридааст, ки ҳама «ғами бузурги Шарқ»-ро ба забон меоваранд ва пеши рӯйи дигарон қарор медиҳанд, то битавонанд бо рӯҳи ҳамдилӣ, бародарӣ, сулҳу сафо ба ваҳдати инсонӣ ва худописандона бирасанд ва аз тафриқаю ҷудоию худбузургбинӣ бипарҳезанд, чаро ки ҳамин такаббур ва худбузургбинӣ модари зулму ситам мешавад. Аз ин рӯ аст, ки шоир аз ҳамдилӣ, сулҳу сафо ва ваҳдат мегӯяд ва ваҳдатсароии ӯ реша дар таҷрибиёти таърихии дирӯз ва имрӯз дорад ва шоҳкалиди пешрафти ҷомеа ва ҷаҳонро ибтидо дар ваҳдат бояд ҷуст. Чунонки Рӯдакӣ аз омӯзгории ҷаҳон мегӯяд, («Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир»). Ҳақназар низ мехоҳад мардум аз аносири ҷаҳон ваҳдату назму низомро биёмӯзанд ва ба ваҳдат бирасанд:

Низоми ахтаронро бояд омӯхт,

Якиҳои ҷаҳонро бояд омӯхт.

Зи авзои ҷаҳони ҳартарафкаш,

Якавзоии ҷонро бояд омӯхт.

 МОЕМ, КИ АЗ ПОДШАҲОН БОҶ ГИРИФТЕМ

Шоир дар китоб, ки саршор аз рӯҳи ҳамосӣ, озодихоҳӣ ва ватанпарастӣ аст, барои таҷзия ва таҳлили андешаҳо аз шахсиятҳои намодине ҳамчун Зиндарӯд (ки Иқболи Лоҳурӣ ин лақабро ба Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ додааст, дар ин ҷо Зиндарӯд намоди Иқбол ва гоҳо афкори арзишманди миллати форс аст), Вахш (ки гоҳе намоди шоир (Тоҷикистон) ва гоҳе намоди таърих ва воқеъият аст), ки шоир бетарафона ва мунсифона (боинсофона) ва олимона ороъ ва ақоиди онҳоро матраҳ мекунад. Дар бахши дигаре аз ин манзума шоир гурезе ба ҳукумати коммунистӣ ва сиёсатҳои давлати собиқи шӯравӣ мезанад ва андешаҳо ва тафаккуроти табақоти мухталифи мардумро дар бораи ҳукумати шӯравӣ ва тасаллути он дар Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ ба риштаи назм мекашад. Ҷаҳонбинӣ ва нигариши ҳар як аз табақоти мухталиф дар дифоъ аз Ҳукумати Шӯравӣ ё интиқод аз он ҳукуматро бетарафона ва беғаразона ба шеър мекашад. Бо баҳрагирӣ аз техникаи мунозира андешаҳои онҳоро баён мекунад ва дар ниҳоят қазоватро ба хонанда месупорад.

Рӯзноманигори аввал: хитоб ба Ленин

Шарқ шуд садпора аз пиндори ту,

То абад афгор аз афкори ту.

Беватанҳо ёфт дар ин ҷо Ватан,

Мурд дар соҳибватан бӯйи кафан.

Ленин:

З-инқилоби ман ҷаҳон дар ларза шуд,

Арш андар осмон дар ларза шуд.

Шарқро шарқи дигар кардам, рафиқ,

Шамси бахташро бадар кардам, рафиқ.

Рӯзноманигори дуюм: дифоъ аз Ленин

Мурд мағзи куҳнагӣ дар ин макон,

Ёфт дар ин ҷо низоми нав ҷаҳон.

Тифли нав зоид аз афкори нав,

Ҷамъият нав гашт аз пиндори нав.

Ғарбӣ дар иртибот бо тӯфонхези инқилоби ҳукумати коммунистӣ гӯяд:

Хонаи хун аст дар мавҷаш равон,

Ашки гулгун аст дар мавҷаш равон.

Ленин:

Ман ғуломиро зи по афкандаам,

Тоҷи шоҳонро ба гил огандаам.

Рӯзноманигори якум, дар интиқод аз инқилоби коммунистӣ:

Инқилоб овард ин ҷо шӯру шар,

Шуд падар бегона дар хуни писар.

Оре, ин ҷо инқилоб овардаанд,

Баҳр не, балки сароб овардаанд.

Ленин:

Аз куҷо донӣ ту кайфи инқилоб,

Ташна донад қадри туфонхези об.

Рӯҳонӣ дар интиқод аз Ленин:

Инқилоби ту ба дунё дӯзахиро кард беш,

Инқилобам кард во ҷаннат бари дилҳои реш.

Инқилоби ту даре то бехудоӣ во бикард,

Қадри касро бо хасе дар як радифе ҷо бикард.

Ленин дар ҷавоб:

Инқилобам буд оҳе аз фиғони камбағал,

Кард аз баҳри ятиму бенавоён во бағал.

Ранҷбарҳои ҷаҳонро як дари умед шуд,

Дар замини синаи бечораҳо хуршед шуд.

Дарвоқеъ, Ҳақназар Ғоиб давраи ҳукумати коммунистиро таҷриба кардааст ва расму русуму аъмолу афъолу пиндори он низомро ҳамчун дигар ҳамватанон дарк намудааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз замони он низом то ба имрӯз қазоватҳои мухталифе нисбат ба он мешавад, шоир саъй кардааст, ки афкор ва назариёти табақоти мухталифро баён кунад.

Ҳақназар ин гуна баҳсҳоро дар миёни гуфтугӯҳо ва мунозирот содиқона ва шоирона ба тасвир мекашад ва қасдаш ин аст, ки бардоштҳои зеҳнӣ ва ақидатии ҳар ду гурӯҳро нишон диҳад ва қазоватро ба таъриху ба дигарон вогузорад.

Аммо тафаккури бартариҷӯӣ ва нодида ангош­тани фарҳангу тамаддуни Шарқро, ки ғарбиён дунбол мекунанд, намепазирад ва дар муқобили онҳо меистад ва нажодгароӣ ва бартариҷӯии Ғарб­ро нисбат ба Шарқ маҳкум мекунад. Ва ин порчаҳои шеърӣ гувоҳе ба гуфтаҳо мешавад:

Чанг мезанад нола нойи танги булбулро,

Мебаранд пеши ғӯл хандахонаи гулро.

Баҳри пурнаҳанг имрӯз ҳамла бар замин дорад,

Кити куҳнасолиҳо хӯрд хоки Бобулро.

Аждаҳои Ғарб аз кин моҳи Шарқро кобад,

Хӯрданист ин ваҳшӣ духтарони Кобулро.

Бӯи ҷанги нав сӯям бӯи «нейтрон» орад,

Дуздад аз димоғи ман бӯи атри кокулро.

(«Нейтрон»- ҷанги «нейтронӣ» дар назар аст)

Шоир саъй дорад дар интиқоли ин паём ва нидои меҳанпарастона ва шарқиёна аз мутолиот, таҷрибаҳо, хондаҳо ва навиштаҳо истифода кунад. Зарфиятҳои забонӣ ва шеъриро, ки дар интиқоли маъно ва мафҳум асар мегузоранд, ба кор гирад. Ва дар забону баёни ӯ садои самимона, содиқона, фозилона мавҷ мезанад, ки реша дар ашъори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ дошта ва андешаҳои вузарои Сомонии тоҷик, аз ҷумла Абулфазли Балъамӣ, Ҷайҳонӣ, Утбӣ ва ғайраро ба ёд меоварад. Дарвоқеъ, ҳисси меҳанпарастӣ ва шарқдӯстӣ бо шӯру ишқу имону эҳсос, отифа ва ҳамчунин, ақлонияти тоҷикона гиреҳ мехӯрад ва ашъори нағзу пурмағзу пурмуҳтавое офарида мешавад.

 САД ҲАЗОРОН ОРЗУЯМ СӮХТ ШАРҚ

Ба ҳар ҳол, Ҳақназар Ғоиб ҳамчун бузургон ва андешамандони тӯли таърих ҳамвора ғами Шарқро хӯрда, ки чаро Шарқ ба азамат ва бузургии фарҳангу тамаддун, фалсафаи худ пай набурдааст, ки чаро то кунун ба хештаншиносӣ ва дарки дурусти худ ва ҷаҳон нарасидааст ва танҳо шиор медиҳаду дар мавориде гирифтори таассуботи хушку пӯсидааст ва аз амал ба дур асту гӯё пиндори неку гуфтори неку кирдори некро, ки реша дар андешаҳои мутараққии бостон дорад, фаромӯш кардааст. Бе он ки даст ба ибтикору ихтироъу инкишофе зада бошад, гирифтори назарияҳои сатҳӣ ва ибтидоӣ аст. Ва ин дард аз забони Зиндарӯд чунин бармеояд:

Замини Шарқро минбар гирифтам,

Ба ҳар мавҷам зи Шарқ озар гирифтам.

Валекин дида сардиҳои рӯҳаш,

Ба сад дарди дарунӣ дар гирифтам.

Аз ҳамин рӯ аст, ки қофилаи Ғарб аз қофилаи Шарқ дар заминаҳои фикрию фалсафию идеологию технологӣ ва ба таври куллӣ илмҳои мухталиф пеш рафта ва баръакс бештари шарқиён дар хоби харгӯшӣ фурӯ рафтаанд ва натавонистаанд роҳе ба худшиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ дошта бошанд. Ва агар аз бузургоне ҳамчун Рӯдакию Фирдавсию Саъдию Ҳофизу Форобию Закариёи Розию Сино, Хайём, Бурайҳон ва дигарон мегӯянд, дарвоқеъ ба таври сатҳӣ танҳо номи онҳоро бар забон меоваранд, вале аз амалкард ба тафаккур ва андешаҳову рафтори онҳо дуранд

Сад ҳазорон орзуям сӯхт Шарқ,

Корвони рангу бӯям сӯхт Шарқ.

Ҳақназар бо ин воқеъиёт ошност ва бо забони ғарбиён мегӯяд, ки мо аҳли илму амал ҳастем ва ба наҳве қуруни вусто (асрҳои миёна) ва тасаллути (ба маънои «Истисмор»-и) калисоро пушти сар гузоштаем ва дараҷоти илму донишро тай кардаву мекунем ва дар ҳақиқат бузургони шарқӣ, аз ҷумла Иқболи Лоҳурӣ низ аз они мост, чаро ки шумо танҳо аз суханони онҳо мегӯед ва мо он суханонро амал кардаем ва амал муқаддам бар сухан аст. Оре, Ҳақназар Ғоиб аз забони ғарбиён, ки Иқболро аз они худ медонанд, бо дард мегӯяд:

Қадр дорад пеши мо аъмолҳо,

Моли мо бояд бувад Иқболҳо.

Дода садҳо ақлро ганҷур мо,

Рӯдакиеро накарда кӯр мо.

Пас тамаддун ҳам ба ҳар ҷо моли мост,

Сад фалак иқбол дар иқболи мост.

 ПЕРОЯҲОИ ИЛМӢ ВА ХУРОФОТӢ

Ҳамчунин, шоир гуфтугӯҳои дигари Шарқу Ғарбро ба риштаи шеър кашидааст, ки бештари шарқиён гирифтори андешаҳои хурофотӣ ва суннатию куҳна ҳастанд. Дарвоқеъ, аз дину дониши воқеӣ дур ҳастанд, ақлонияти худро фаромӯш карда, дар бисёр маврид дар чоҳи ҷаҳлу зулмату нодонӣ афтода ва меафтанд:

Рӯҳонӣ:

Бо Худо худ ёфтем аз ин ҷаҳон,

Дур аз мо монд овози сагон.

 Сози шайтонӣ агар милён бувад,

Сози Раҳмонӣ яку бар ҷон бувад.

 Як зи яктойӣ асоси умри мост,

Синайи мо хонаи ишқи Худост.

Ғарбӣ:

Илм моро болу пар бикшодааст,

Сад дари дарки дигар бикшодааст.

Илм моро сад само пироя аст,

Дарси ибрат бар ҳама ҳамсоя аст.

 Он чӣ мо донем, он асрори мост,

Пас Худо ҳам дар ҳама ҷо ёри мост.

Шарқӣ:

Лоф аз мо дар шумо бигзаштааст,

Аз шумо меҳри Худо баргаштааст.

Ғарбӣ:

Мо Худоро аз худиҳо ёфтем,

Илмро ҷойи Худо дарёфтем.

 Рӯҳонӣ:

Дар дили худ мо Худоро ҷустем,

Дасту дил аз ин ҷаҳон баршустем.

Дарвоқеъ, шоир ба наҳве зиракона ва олимона мехоҳад бигӯяд: усулан Шарқ дингарову Ғарб ақлгаро аст. Шарқ, мутаассифона, дар андешаҳои ибтидоӣ ва суннатӣ ва куҳани худ ҳанӯз гирифтор аст, дар ҳоле, ки Ғарб бо чароғи илму дониш ва ақлоният ва нуронияти худ ҷаҳонеро ба тасхир кашидааст.

Ҳақназар Ғоиб таърихро хонда ва дардҳову мусибатҳои шарқиёнро дар тӯли таърих бо ҷону дил гиристааст ва ҳуҷуми бегонагон ба сарзамини муқаддаси Мовароуннаҳр ва Хуросони бузургро медонад ва куштори ваҳшиёнаи ақвоми барӯманди ориёиро аз ёд набурдааст. Тасвирҳои ҷонкоҳе дар дилу ҷонаш нишастааст, ки ҳамвора аҷдод ва ниёгонашро бераҳмона Искандар, аъроб, Чингиз, Илхонон, Темуриёну Туркон… ба хоку хун кашидаанд ва аз сарҳо манораҳо сохтаанд ва аз ҳамин рӯ аст бо дили хунбор ва чашмоне аз ашк саршор мегӯяд:

Бихонда ошиқона, кушта гаштем,

Ба лаб садҳо тарона, кушта гаштем.

Бузургӣ дар сухан мондем агарчӣ,

Фасона дар фасона кушта гаштем.

 ДИФОЪ АЗ РОДМАРДОНИ МИЛЛИЮ МЕҲАНӢ

Ҳамчунин, Ҳақназар дар бахши дигари китоб дар иртибот бо рашодатҳо, далериҳо, мардиҳо ва бузургиҳои зиндаёд, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд манзумаи бисёр зебо ва дилнишине сурудааст, ки ин амр реша дар шарқшиносӣ ва дифоъ аз бузургону қаҳрамонони миллию меҳании Машриқзамин дорад. Ӯ аз сари дард месарояд:

Худоё ин чӣ оин шуд,

Хуросонҳои хуршедии Аҳмадшоҳ дар банд аст.

Хуросонҳои хуршедии Аҳмадшоҳ

Ба раҳ чашминтизори Рустами зӯру шарафманд аст.

Дареғо, бе ҳузури Рустамаш дар ҳасрати лутфи Худованд аст,

ки ин шеър бархӯрди маънавии афкор ба шеъри лисонулғайб ҳазрати Ҳофиз аст, ҳарчанд шеъри Ҳақназар шеъри иҷтимоӣ асту аз лисонулғайб ҳарорати гармии ишқро дорад: (Яъне, қиссаи ишқии «Бежан ва Манижа» ва Бежанро аз чоҳ озод кардани Рустам ёдовар шудааст):

Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи чигил,

Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме.

Вале дар «ҳасрати  лутфи Худованд будан» дар тасвири рӯшани Ҳақназар сахт дардмандона аст, ки мабодо ин лутф ба душманони миллати Аҳмадшоҳ низ раво дониста шавад. Аммо ба ҳар навҳе, ки гирем, Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамон Рустами замонаш буд, ки Ҳофиз омадани чунин паҳлавонмарди  миллатро орзу мекард. Мутаассифона, ҳамчунон Рустам, ки аз дасти нобародари худаш ноҷавонмардона кушта шуд,  сарнавишти Аҳмадшоҳ низ такрори ин фоҷиаро ба ёд меорад.

Ба ҳар ҳол, Ҳақназар Ғоиб дар китоби арзишманд бо баҳрагирӣ аз фанни мунозира ва ё сароиши ашъор ба таври озод аз шарқгароию меҳандӯстию истиқлолу озодию ободию сарфарозии Машриқзамин ва кишвари бостонии азизи Тоҷикистон мегӯяд, аз ваҳдат мегӯяд, аз иттифоқу иттиҳод мегӯяд, аз ҳамгароиву ҳамдилӣ месарояд ва дар айни ҳол ҳушдор медиҳад, ки қадри Ватани ободу озодро бидонем ва бар хоки меҳани бостонӣ сари таъзим фуруд оварем. Аз гузаштаи таърих дарс бигирем ва аҳли иттиҳод барои пешрафту тараққии Ватан бошем ва зебо месарояд:

Даври Сомону шикасти он ба ёд,

То кунун орад ҳавои заҳрбод.

Як хато: бовар ба қавми зердаст,

Ҷовидон овард бар давлат шикаст.

Даври Сомон чун расад бар ёди ман,

То фалакҳо мерасад фарёди ман.

Ҳамчунин. шоир бо рисолати шоиронае, ки бар дӯш дорад ва ҳисси ватандӯстию инсондӯстӣ, ки дар дили ӯст, аз ваҳдати миллӣ мегӯяд:

Ваҳдати миллат бақои миллат аст,

Обу гил, боду ҳавои миллат аст.

Бояд аз ваҳдат саодат ғун кунем,

Хоки худ болотар аз гардун кунем.

Ба хулосоте, ки аз мутолиоти манзумаи бузургҳаҷм он чӣ ба мо ҳосил шуд, ин нуқот равшан гардид, ки асари «Дар таҷалии офтоби Аллома Иқбол» садои маъниҳои дигари Аллома Иқбол бо паҳлуҳои нав дар замони нав барои замонҳост ва ин афкори фишурда наметавонад ҳама он чиро, ки дар манзума аст, фарогир бошад. Яъне он чӣ гуфтем, «муште аз хирвор» буд.

 Муҳаммадризо ТОҶДИНӢ,

шоир, нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ