Хестӣ, ки хобӣ!

№4 - 5 (3798 - 3799) 09.01.2018

(Ҳаҷвия)

13Соатҳои 7 ба 8 – и субҳ, замони ба истилоҳ «час пик» бо ҳамсар ва набераи синфиякумхонам бо нияти рафтан ба самти бозори «Корвон» — и пойтахт, сари роҳи калон баромадем. Расидан баробар гӯё аз ғайб бошад, ки мусофирбар дар наздамон омада, таққӣ карда, истод. Дарашро кушода боварам намеомад, ки мусофирбари № 12 бошад. Нисфи нишастгоҳҳо холӣ буданд. Барои эҳтиёт аз ронанда пурсидам, ки мабодо хато карда, ба ягон мусофирбари дигаре нишаста бошем?

- Э не, худи худаш, амакҷон! Бемалол гузашта шинед, – ғайричашмдошт илтифот намуданд  ронанда ва ҷавони пулчинак.

Бо ҳамсарам паҳлуи ҳам нишаста, набераамонро дар наздамон  гирифтем ва як дона сесомонаро барои се нафар дароз намудем. Боз ҳам ғайричашмдошт як сомониро ба ман баргардонда, ҷавони пулчин гуфт, ки аз набераатон бинобар хурдсолиаш пул намегирем, вале  метавонад, ки то пайдо шудани мусофирон дар нишастгоҳи холӣ боҳузур шиштан гирад. Аз чунин муомилаи хуш хеле дар ҳайрат шудам. Дар истгоҳи оянда мӯйсафеде асо ба даст ба мошин савор шавам – нашавам, ки ҷавони пулчин фаромада, барои савор шудан кумак расонд. Қарори раиси шаҳрро асос пеш оварда, роҳкирои дарознамудаи мӯйсафедро нагирифт. Ба ҷои қаблан ситондани ду сомонӣ аз мусофирони роҳашон дуртар, 1 сомонию 60 дирами муқаррарӣ гирифта, ба нею нестони баъзе аз мусофирони «кадхудо» нигоҳ накарда, 40 дирам бақияпулии онҳоро ба дасташон меқапонду мефаҳмонд, ки «дарёфти ризқи ҳалол беҳтарин ибодат аст» — у ҳаққи дигарон барояшон даркор нест. Дар ду -  се ист­гоҳи дигар нишастгоҳҳо аз мусофир пур шуданд. Чанд нафар мусофири дар берунмонда хостанд, ки дароянд, вале пулчинак боодобона аз онҳо хоҳиш кард, мусофирбари аз дунбол омадаистодаро мунтазир шаванду бароҳат нишаста раванд, зеро нишастгоҳҳо аллакай банд шудаанд ва илова намуд, ки «айб аст, дар асри ХХI одамон чун моли ферма болои ҳам ҳаракат кунанд».

Ин дигаргуниҳоро дида,  чашмонамро молида, ҳатто    чанд дафъа баданамро пӯчида мондам, то бифаҳмам, ки ин ҳама дар хоб аст ё бедорӣ? Тавассути видео бошад, дар монитори пешорӯи мусофирон насбгардида, «шӯхиҳои Аловуддин» намоиш дода мешуд. Дар  — ҷо – ҷои дохили мусофирбар шиорҳои «Мусофирони муҳтарам! Аз хизматрасонӣ ба шумо шодем!», «Ба шумо сафари неку бобарор орзумандем!», «Хуш омадед» ва «Роҳи сафед!» — ро хонда, аз хурсандию фараҳболӣ, қариб ки шодикаф шавам, ки «зеро» — и худро дорад. Аз самти мазкур нақлиёти мусофирбари хатсайри №12 то гардиши «Лучоб», ки аз он фаромада,  ба  мусофирбари № 54 савор мешудем, ҳаракат мекарду халос. Азбаски ҳар рӯз бо як ҳоли зор худро ба гардиши «Лучоб» мерасондам, мудом дар ташвиш будам, зеро шояд дар шаҳр аз ин хатсайр дида, хатсайри бенизом ба мушоҳида нарасад. Аз саристгоҳ то маҳалли саворшавии ман масофаи як истгоҳ барин роҳ бошад ҳам то ба ин ҷо  расидан аллакай ронандаҳои беинсофу ҳарис то ба ҳадде дохили нақлиётро аз мусофир пур мекунанд, ки барои сӯзан задан ҳам ҷой намемонад. Бо вуҷуди ин, ба хотири аз кор дер накардану гап нашунидан, мусофирони бечора ғур – ғуркунон илоҷе карда, худро ба дохили мошин ҷо мекунад. Пулчинак, мисле  ки мошин аз резин сохта шуда бошад, тӯтивор «ку, ба қафо ҳаракат кунед, қафо холӣ аст!» — гӯён ба асабҳои харобгаштаи мусофирон мерасад. Рӯзе нест, ки бар сари ронандаву пулчинак борони маломату таҳқир наборад. Аммо ба кӣ ҳам мегӯӣ? Мисле ки кар бошанд, ба онҳо кора намекунад. Ба қавле, пӯсташон хеле ғафс шудааст, ки дигар эътирозу норозигии одамон ҳам таъсире надоранд. Аҳвол дар «час пик» — и бегоҳӣ аз ин бадтар асту беҳтар нест. Ягона посухи ронандагон ин аст, ки роҳбарони болоӣ, муҳандиси бехатарӣ, духтури корхона, илова бар ин, ҳама, нозирони БДА  аз онҳо ҳар рӯз маблағи калон талаб мекунанд ва онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои пӯшондани хароҷот одамонро болои ҳам савор кунанд. Хулоса, ҳама худро мусичаи бегуноҳ ва ҷабрдида вонамуд мекунанду гунаҳкор номаълум мемонад. Ҷабрро бошад, мусофирони бечора мебинанд…

«Хайрият, ки мо ҳам ба чунин рӯзҳои нек, хизматрасонии маданӣ мерасидаем. Акнун дигар дар маршруткаҳо ба ҷои се — чорнафарӣ мусофиронро бор накарда, имкон медиҳанд, ки мусофирон бароҳат то маҳалли даркорӣ рафта расанд», — шукргузорӣ мекардам дар дил. Баробари ба сурудхонӣ оғоз намудани сарояндаи хушовозе, ки ғазали ҳазрати Ҳофизро мехонд, гӯшу ҳуш шудаму лаззати маънавӣ мебурдам. Боз ҳам аз дил гузарондам, ки ба ҷои сурудҳои бемаънии «хурумтае – мурумта» — и бархе аз сарояндаҳои навбаромад мешудааст-ку сурудҳои пурмазмунро монд?

- Ҳой, мардак, тинҷӣ – мӣ? Ин қадар гиребон доштаву хурсандӣ доред? Аз афташ ягон хоби нағз дидагистед? — гуфта китфамро ҷунбондаву маро аз хоби дар ҳақиқат  асал барин ширин бедор кардани завҷаам, рости гап, хеле афсӯс хӯрдам, ки ин ҳама дар хоб будааст, на дар бедорӣ. Ба болишт такякунон хобамро ба завҷаам нақл кардам. Хеле бо дилсӯзӣ назар карда, гуфт, ки ба чунин рӯзҳои нек расидани ману шуморо ку Худо медонад, лекин шояд баъди як асри дигар ояндагонро ин гуна хизматрасонию муомилаи нек ба гумон насиб гардад. Ба ҳар ҳол орзу кардан ҳеҷ ҷои айб нест!

- Э, аз даҳонат шамол барад! «Одам боумед, шайтон ноумед» гуфтаанд. Мебинем, ки аз соли нави 2018 хизматрасонӣ ҳам дар шаҳр дар сатҳи баланд роҳандозӣ мегардад, — сарзаниш кардам завҷаамро, ки аз афташ дигар ба беҳбудие бовараш намонда буд.

- Хестӣ, ки хобӣ! Ба ҳар ҳол орзу кардан ҳеҷ ҷои айб нест! Беҳтараш, аз паи кору бор шавам! – гуфт ӯ.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»