(Дар сӯги Толибҷон Раззоқов)
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Вақте ки шуълаи умед хомӯш мешавад…
Вақте ки барг дар шохаи дарахт зард мешавад…
Вақте ки як қатра аз дарёи вуҷуд кам мегардад…
Баъд мефаҳмем: — «Зиндагӣ вазни нигоҳест, ки дар хотираҳо мемонад».
Аз марг гурез нест, зеро он ҳар як инсонро гиребонгир аст. Аммо барои ҳамон хандае, ки дар зиндагӣ баҳри ҳам пинҳонаш медорем, барои ҳамон охирин фурсати умед, ки аз ҳам дареғаш медорем, рафтани дӯстеву ҳамдарде ва устодеву роҳнамое қалбро нохун мезанад, селоби хун аз чашм ҷорӣ мешавад, забон ба фиғон меояд:
«Зиндагӣ шояд он лабхандест, ки дареғаш кардем,
Зиндагӣ замзамаи поки ҳаётест, миёни ду сукут.
Зиндагӣ, хотири омадану рафтани мост,
Лаҳзаи омадану рафтани мо, танҳоист.
Ман дилам мехоҳад: Қадри ин хотираро дарёбем».
Борҳо дар зеҳнам андешае перомуни марди фозилу озода, хайрандешу хайрпеша сайр мекард, то чизе бинависам. Аммо, шояд тавони он ҳама накуиву хирадмандии ӯро бо қалам таҷассум кардан надоштам, ки аз раъям мегаштам, ҷуръат намекардам. Имрӯз дигар бароям сахт аст навиштан, чун Толибҷон Раззоқов дунёи фониро падруд гуфтаанд. Чӣ сахт аст, гуфтан, ки марги нобаҳангом дарвозаи зиндагиро ба рӯи роҳнамои мо баст.
Бале, марг устоди моро дар синни 61 аз миён бурд, то ба зиндагии абадӣ бипайвандад…
Толибҷон Раззоқов, ки ба ҳайси мудири шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, корҳои арзишмандеро анҷом дода, шогирдони зиёд ба воя расонидаанд. Воқеан, Худованд дар дунёи фонӣ ҳар киро баҳри коре офаридааст. Толибҷон Раззоқов фариштахӯ буданд, ки зиёда аз нисфи умри бобаракати худро сарфи тарбияи шогирдон намуданд. Аз ҷумла, ман нахустин қадамҳои худро дар шуъбаи мазкур бо роҳнамоии ӯ гузоштаам ва бисёр чиз омӯхтаам, ки ҳеҷ вақт аз хотирам зудуда нахоҳанд шуд.
Толибҷон барои хизматҳои шоиста бо медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «20-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ» ва Ифтихорномаи АБП ИДМ сарфароз гардидааст.
Чун дар бораи ӯ меандешидам, ба ин ҳикмат расидам: — «Мардумро мешавад ба се даста тақсим кард: Баъзе чун ғизо ҳастанд, ки вуҷудашон барои мо лозим аст. Баъзе чун дору ҳастанд, ки фақат гоҳе ба онҳо ниёз дорем. Бархе дигар монанди беморе ҳастанд, ки мо ҳаргиз ба онҳо ниёз надорем, валекин гоҳе гирифторашон мешавем. Дар чунин ҳангом бояд сабру таҳаммул дошта бошем, то ба саломат аз дасти онҳо раҳо шавем». Бидуни шак, Толибҷон Раззоқов аз зумраи дастаи аввал буданд. Худованд охирати ӯро ободу равшан гардонад.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Наҷибулло ОҚИЛЗОДА,
сармутахассиси Котиботи роҳбарияти
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон