Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соли 2017 ба буҷети ҷумҳурӣ 6 миллиону 562 ҳазор сомонӣ намудҳои гуногуни андоз ворид намуд, ки аз он 2 миллиону 601 ҳазор сомониашро ҳаққи андози иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Тавре муовини якуми директори КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии умумии воридгардида 35 фоиз ба намудҳои ҳатмӣ ва 65 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб аст. Ин нишондиҳандаҳо соли 2016 мутаносибан 61,4 ва 38,6 фоизро ташкил дод. Рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки соли 2017 нисбат ба соли 2016 фаъолият аз рӯи суғуртаҳои ихтиёрӣ бештар гаштааст.
- Соли 2017 КВД «Тоҷиксуғурта» ба 8742 нафари молу амволашон зарардида ва шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида 7 миллиону 936 ҳазор сомонӣ пардохт намуд, — гуфт Абдулло Абдуллоев. – Ғайр аз ин, корхона мувофиқи шартномаҳои суғуртавӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқии аз шамоли сахт дар моҳи декабри соли гузашта зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи 92 ҳазору 30 сомонӣ пардохт кард.
Алҳол КВД «Тоҷиксуғурта» аз рӯи 22 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст, ки аз онҳо 13 намуд суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Намояндагони корхона дар маҳалҳо бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, онҳоро бо намудҳои хизматрасонии суғуртавӣ ошно месозанд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ