Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барқарор ва инкишоф додани робитаҳои бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ — фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳони ислом, аз ҷумла давлатҳои арабӣ, мебошад. Ҳолати мазкур ба он асос ёфтааст, ки ин кишварҳо имкониятҳои бузург барои рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар аксари соҳаҳо доранд.
Нигоҳе ба гузаштаи таърихи куҳани тоҷик аён месозад, ки тайи асрҳо тоҷикон дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо дигар халқу миллатҳо зиндагиву додугирифту муносибатҳои ҳасана доштанд. Яке аз намунаҳои ҳамкориҳои пурмаҳсул, ки аз даврони қадим то имрӯз идома дорад, равобити дӯстии мустаҳками тоҷикону кишварҳои араб мебошад, ки дар заминаи муштаракоти фарҳангӣ ва диниву таърихӣ асос ёфтааст.
Дар баробари олимони кишварҳои арабӣ, ки аксари кашфиёту навовариҳо ва дастовардҳои баъдии мутафаккирони Ғарб аз маҳсули ақоид ва навиштаҷоти онҳо маншаъ мегиранд, тоҷикон низ дар ташаккули улуми дунявию исломӣ саҳми босазое гузоштаанд, ки на танҳо дар минтақа машҳуранд, балки берун аз он низ шукӯҳу шаҳомати хоссаро доранд. Як қатор олимону мутафаккирони форсу тоҷик, ки дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфанд, асарҳои илмиву бадеии худро бо забонҳои форсиву арабӣ офаридаанд ва бо эътибору нуфузи баландашон дар арсаи илму маърифат ҷойгоҳи вежаро соҳибанд. Халқи тоҷик аз давраҳои қадим бо олимони варзидаи худ, ки рушддиҳандаи фарҳанги исломӣ буданд, ба мисли Имом Бухорӣ (ҷамъоварӣ ва таҳқиқи ҳадисҳо), Салмони Форсӣ (дар риштаи сиёсату низом), Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (дар ҷодаи фиқҳ), Абӯалӣ ибни Сино (дар соҳаи тиб), Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Хоразмӣ (илми ҳисоб), Абӯрайҳони Берунӣ (ойину фарҳанг), Умари Хайём (нуҷумшиносӣ) ва дигарон дар арсаи ҷаҳонӣ муштаракоти фарҳангиро муаррифӣ кардаанд. Бархе аз олимони муосири кишварҳои араб чунин меҳисобанд, ки маҳсули ин мутафаккирони тоҷик, ки ҳамзамон бо забони арабӣ эҷод кардаанд, на ба ҳамаи мардум фаҳмо аст, зеро эҷодиёти онҳо дар сатҳи баланд иншо шудааст, ки ин ифтихори мусулмонони ҷаҳон мебошад.
Баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таърихии муносиботи мутақобилан судманди сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангиро бо мамолики арабӣ, бо дарназардошти шароити нави сиёсию иҷтимоӣ, аз сар гирифт, ки он дар робитаҳои минбаъда нақши калидиро адо кард. Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои муҳим дар Шарқи Наздик ва Миёна ба ҳисоб меравад, ки дар муносибати дуҷониба ва бисёрсамта бо Тоҷикистон ҳамкориҳои бисёр судмандро ба роҳ монда, лоиҳаҳои бузургро дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, рушди сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо амалӣ месозад.
Дар миёни кишварҳои арабӣ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Мусаллам аст, ки Арабистони Саудӣ аз бойтарин кишварҳо дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст. Дар сарзамини он чоряки захираҳои нефти ҷаҳон маҳфуз буда, он бузургтарин истеҳсолкунанда ва содиркунандаи нефт дар олам ба ҳисоб меравад. Арабистони Саудӣ яке аз панҷ кишвари бойтарини дунё буда, имконияти хеле васеи сармоягузорӣ дорад. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар қатори аввалин кишварҳои дунё Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи соли 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
Равобити дипломатии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ соли 1993 бо сафари расмии ҳайати он кишвар бо сарварии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Сауд ал-Файсал ба Тоҷикистон оғоз гардид. Шоҳзодаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири ҷумҳурӣ ва вазири корҳои хориҷӣ ба ҳузур пазируфтанд. Сауд ал-Файсал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи ҳукумати кишварашро барои анҷом додани боздиди расмӣ аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ супорид. Сафари расмии вазири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо имзои Протокол дар бораи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар анҷом пазируфт.
Сиёсати хориҷии оқилона ва мутавозини Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои араб ҳамсадоии зиёдро ба вуҷуд овард. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ба василаи тарғибу ташвиқи арзишҳои воло, асолат ва маърифати исломӣ баргузор намудани ҳамоишҳои байналмилалии илмиву фарҳангӣ дар заминаи мероси мутафаккирони Аҷам – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Имоми Аъзам Абуҳанифа, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист асолати исломро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар миёни кишварҳои арабӣ-исломӣ мавқеи сазоворро соҳиб гардад.
Дар ҷараёни баргузории мулоқоти ҳафтуми сарварони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ дар Дорулбайзо (Мағриб) мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазири Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз декабри соли 1994 доир шуд. 24-25 сентябри соли 1995 фиристодаи махсуси ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Аҳмад Бодиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дошт. Ҳадафи сафари ӯ баррасии пешниҳоди Созмони Конфронси Исломӣ дар бораи барқарор намудани сулҳу осоиш дар Давлати Исломии Афғонистон буд. Фиристодаи Шоҳигарии Арабистони Саудиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.
Ба мақсади шиносоӣ бо кори Саридораи геодезия ва картографияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани гуфтушунидҳо дар атрофи имкониятҳои ҳамкории дуҷониба, ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки иборат аз мутахассисони соҳаи геодезия, картография ва суратгирии ҳавоӣ буд, моҳи апрели соли 1996 аз Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ аз 30 июн то 3 июли 1997 сурат гирифт. Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо муовини Сарвазири Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Сауд ал- Файсал, вазири ҳаҷ, раиси Бонки рушди исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ, котиби кулли ҷомеаи ҷаҳони исломӣ Убайд Абдулло ва ҷамъе аз тоҷикони муқими Арабистони Саудӣ мулоқот ва суҳбатҳо дошт. Зимни ин сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннати Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварданд.
Яке аз натиҷаҳои сафар он шуд, ки Бонки исломии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар 16,7 млн. доллари ИМА қарзи бефоиз ҷудо намуд. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишномаи куллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, савдо, маблағгузорӣ, техникӣ, фарҳанг ва варзиш ба имзо мерасонанд.
Соли 1998 Президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Алӣ ва як қатор соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар маҷмӯъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба ба Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом доданд, ки дар ҷараёни онҳо якчанд санаду созишнома ба тасвиб расиданд ва ба робитаҳои дутарафа заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон 5-8 декабри соли 2005 ба Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом доданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири минтақаи Макка шоҳзода Абдулмаҷид ибни Абдулазиз Оли Сауд, волии вилояти Ҷидда шаҳзода Машъал ибни Маҷид ибни Абдулазиз Оли Сауд, раиси шаҳри Ҷидда, доктор Одил Фақир ва аъзои ҳайати гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Аснои адои маросими Ҳаҷҷи умра Сарвари давлати Тоҷикистон ба чанд нафар ҳамватанон ва тоҷикзабонони бурунмарзӣ вохӯрд, ки аз зиёрати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хонаи Каъба, қиблаи мусулмонони олам арзи ифтихору сарбаландӣ намуданд.
«Мо аз зиёрат ва дидори Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Каъбатулло бисёр сарфарозем», — ба гӯш мерасид, садои як гурӯҳ тоҷикони бурунмарзӣ.
Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор кишварҳои мусулмонӣ ва дар шаҳри Маккаи мукаррама бо Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Подшоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд аз муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешаҳои пешқадамашон баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои мусулмонӣ илҳом гирифта, тайи чанд фурсати муносиб бо Сарвари давлати Тоҷикистон атрофи масоили гуногуни олами ислом ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дар мавриди ҳамкории муфиду ёрии байниҳамдигарии кишварҳои мусулмонӣ ба хотири таъмини рушди олами ислом, бартараф намудани ақидаҳои ба дини мубини ислом марбут донистани қафомондагию қашшоқӣ ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, боло бурдани мақому манзалати ислом ва кишварҳои мусулмонӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонию дастгирии ҳозирин қарор гирифт.
Дар мулоқот, ҷонибҳо баҳри рушду нумӯи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳар ду тараф судбахш омодагии худро таъкид намуданд.
Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ аз ҷониби идораҳои дахлдорӣ ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт корҳои назаррасе амалӣ гардиданд. Мавриди ёдоварист, ки як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар мулоқоти собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбарияти воломақоми ин кишвар, бахусус муовини дуюми раиси Шӯрои вазирон Амир ибн Абдулазиз ва вазири корҳои хориҷӣ Амир Сауд ал – Файсал, моҳи майи худи ҳамон сол баррасӣ гардид. Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шӯрои Палатаи савдо ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид. Ҳадафи ин санад таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо ҷойи корӣ ва густариш додани равобити иқтисодӣ, иҷтимоии ҳар ду давлат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки равобити тарафайн дар соҳаи кишоварзӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи густариши ҳамкориҳо дар ин самт имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳар сол аз ҷониби Тоҷикистон, тибқи имкониятҳо, ба Арабистони Саудӣ навъҳои гуногуни ангур, асал ва меваи хушк содир мешавад, ки нишони равобити ҳасана миёни ин ду давлати дӯст мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун як кишваре, ки босуръат рушд менамояд, аз сиёсатҳои иқтисодии насли нави саудӣ, бахусус валиаҳди ҷавони он Муҳаммад ибн Салмон Абдулазиз Оли Сауд дар бахши иқтисодиёт, истиқбол менамояд. Ислоҳоти иқтисодие, ки шоҳзода пеш гирифтааст, бавижа лоиҳаи «Дидгоҳ 2030», ки аз ояндаи дурахшони кишвараш дарак медиҳад, бисёр умедворкунанда мебошад. Албатта, ҳар гуна ислоҳот то андозае хароҷоти молӣ ва масруфияти иқтисодиро тақозо менамояд, вале бо дарназардошти он, ки «Дидгоҳ 2030» як лоиҳаи санҷидашудаи муҳим барои пешрафти иқтисодӣ ва раҳо шудани иқтисоди саудӣ аз нефт ва фаровардаҳои нефтӣ ба шумор меравад. Умед аст, ки ин кишвари ба мо дӯст ояндаи наздик дар қатори даҳгонаи аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳон қарор мегирад.
Таҳлили равобити дуҷониба нишон медиҳад, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ имконияти бештари рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили тандурустӣ, саноат, обрасонӣ ва обёрӣ, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва туризм, техникаю технология мавҷуд буда, тақвият бахшидани онҳо боиси пешрафти иқтисодии ҳар ду кишвар хоҳад гашт.
Ҳамон гуна, ки роҳбарияти олии кишвар пайваста ба пурра истифода нашудани зарфиятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун дар байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъкид менамояд, бояд дар ин росто таҳким бахшидани муносибатҳо ба назар гирифта шавад. Албатта, ҳар ду ҷониб имкониятҳои хоси худро дар ин ҷода доранд. Дар зимн Тоҷикистон метавонад ҳамчун дарвозаи Осиёи Марказӣ дар ин муносибатҳо хизмат намояд. Арабистони Саудӣ метавонад аз ин дарвоза барои тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа истифода намояд. Инчунин, Тоҷикистон аз таҷрибаи пажӯҳишҳо дар бахшҳои иқтисод, сиёсат, илм, маориф ва ғайра бархӯрдор мебошад, ки ҷониби Арабистони Саудӣ метавонад онро низ истифода намояд.
Раванди муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки ин муносибатҳо захираи кофӣ барои густариши минбаъдаи ҳамаҷониба доранд. Аз нигоҳи дурнамои манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба ҳузури таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави тамаддуни исломӣ, инчунин бо дарназардошти имкониятҳои васеи сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аҳамияти бузурги мақомоти ин кишвар ҳамчун нигаҳбонони амокини муқаддаси дини ислом, густариш ва инкишофи муносибатҳо бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба манофеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Вобаста ба ин мехостам таъкид кунам, ки мақолае, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (№9(3803) аз 23 январи соли 2018) таҳти унвони «Ихтилоф миёни Эрону Арабистон дар чист? » аз тарафи Н. Амирқулов ба нашр расид, танҳо ақидаи шахсии муаллиф буда, ҳеҷ рабте ба мавқеи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кишвари дӯсти Арабистони Саудӣ надорад.
Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо,
директори Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва
Аврупои Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон