Зимни нишасти матбуотии БДА ҶТ «Амонатбонк» раиси раёсати он Руҳулло Ҳакимзода иброз дошт, ки соли 2017 «Амонатбонк» ба зиёда аз 18 ҳазор корхонаву ташкилот, 686 ҳазор нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 1,5 млн. нафар пасандозгузор тавассути 551 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 75 филиал хизмат расонид. Айни замон дороиҳои бонк 3,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2016- ум 27 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми сармояи бонк 360,7 млн. сомонӣ буда, даромади софи он соли гузашта ба 31,8 млн. сомонӣ расонида шуд.
Бонк соли 2017 47,1 млн. сомонӣ маблағи андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронид, ки нисбат ба соли 2016- ум 9 фоиз зиёд мебошад. Алъон 230 маркази хизматрасонии «Амонатбонк» ба барномаи «Қабули пардохтҳои ҳатмӣ» пайваста шуда, дар 427 нуқтаи савдо бонк POS-терминал насб намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2016- ум 275 адад зиёд мебошад.
Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии бонк 2,9 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 30,4 фоиз зиёд аст. Қобили зикр аст, ки пасандозҳои аҳолӣ 49 фоизи амонатҳои ҷалбгардидаро ташкил менамояд. Филиалҳои бонк 1,3 млрд. сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба соли 2016 – ум 41 фоиз зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ ба зиёда аз 1,3 млн. нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2016-ум 188,4 ҳазор нафар зиёд арзёбӣ мегардад.
Бо дарназардошти нишондиҳандаҳо Руҳулло Ҳакимзода иброз дошт, ки сарфи назар аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат боварии мардум ба БДА ҶТ «Амонатбонк» зиёд мешавад.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»