Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Фонди байналмилалии асъор, Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориро густариш дод. Ин нуктаро муовини якуми директори марказ Сайфулло Сафаров 2 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Номбурда, инчунин изҳор дошт, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ҳамкориро бо марказҳои таҳлилии кишварҳои хориҷӣ — Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша тақвият бахшид.
Сайфулло Сафаров, вобаста ба таҳдиди мухолифини тоҷик дар хориҷа зикр намуд, ки он ба Тоҷикистон ягон хавфу хатар надорад. Аз ҳама муҳимаш, баъди мамнӯъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИТ раванди ба ташкилоти террористӣ ҳамроҳ шудану ба Афғонистону Покистону Ироқу Сурияву Ливия рафтани ҷавонон манъ шуд. Инчунин, ҳарфҳои намояндагони ҳизб, ки мегуфтанд, зидди терроризманд, комилан дурӯғ будааст, зеро роҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ахиран бо ДИИШ ҳамкорӣ доштанашро фош кард.
Дар идома С. Сафаров аз гуфтаҳои Ҳасаншо Собиров, ки аз Туркия ба Тоҷикистон баргардонида шуд ва мусоҳибааш ҳам чанде қабл дар Агентии миллии иттилоотии «Ховар» нашр гардид, чунин ёдовар шуд: «Кабирӣ шахсан супориш додааст, ки Ҳасаншо Собиров бо аҳли оилааш нест карда шавад, то ки ба Тоҷикистон нараваду сирру асрори онҳоро фош накунад».
Номбурда бо изҳори таассуф афзуд: «Интизор набудем, ки як шахси дипломат, сиёсӣ чунин фармоиш диҳад, яъне як тоҷикро бо аҳли оилааш дар Истанбул ба қатл расонанд, то роҳбарии Гурӯҳи 24 ва шабакаҳои бо ДИИШ вобастабудаи зери назораташро фош накунад.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»