Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид 5 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2017 бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» қабул ва тибқи муқаррарот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Инчунин, соли 2017-ум 32 шӯрои диссертатсионӣ дар Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуда, теъдоди шӯроҳои диссертатсионие, ки дар назди комиссияи зиддахли Федератсияи Россия амал менамоянд, ба 19 адад расонида шуд.
Зикр гардид, ки хонандагон соли 2017 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гаштанд. Онҳо дар 26 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Тайланд, Америка, Бразилия, Ҳиндустон, Руминия, Индонезия, Россия, Малайзия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эстония, Булғория, Сингапур ва Озарбойҷон баргузор гардид, сазовори 165 медал (34 тилло, 57 нуқра, 74 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба соли 2016-ум 13 медали тилло ва 24 медали нуқра зиёд мебошад.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»