Мужда

Ҷоизаи ҳукумати Ҳиндустон ба олими тоҷик

№20 (3814) 15.02.2018

ХабибҲукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон профессори кафедраи филологияи ҳинди ДМТ, доктори илмҳои филологӣ Ҳабибулло Раҷабовро ба ҷоизаи «Падма Шри» сарфароз гардонид. Он яке аз баландтарин ҷоизаҳои шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон маҳсуб ёфта, ҳар сол ба шахсиятҳои намоён дар соҳаҳои санъат, илму техника, иҷтимоиёт, тиб, адабиёт ва маориф, тиҷорату саноат ва ғайра тақдим мегардад.

Ҷоизаи зикршуда дар бахши «Адабиёт ва маориф» ба олими тоҷик барои хизматҳои босазояш дар омӯзиши забону адабиёти ҳинд ва рушди робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дода шуд.

ҳабибулло Раҷабов дастпарвари шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт- Петербурги ҳозира) буда, солҳои зиёд дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими илмӣ ва котиби илмӣ кор кардааст.ӯ ба қатори 31 нафар олими беҳтарини ҳиндишиноси ҷаҳон шомил гаштааст.

Профессор Раҷабов муаллифи 14 китоб ва 200 мақолаи илмӣ буда, бисту як сол аст, ки роҳбарии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро ба уҳда дорад. Ӯ аз Тоҷикистон аввалин касест, ки ба гирифтани Ҷоизаи «Падма Шри» сазовор мегардад.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»