Ифтитоҳи иншооти муҳим дар шаҳри Душанбе

№20 (3814) 15.02.2018

26387681248_d950250a81_o14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду бастро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муассисаи мазкур, соли 1936, вақти бунёди Неругоҳи барқи обии «Варзоб», сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд. Дар он, ки барои 340 нафар пешбинӣ шуда буд, дар се баст 900 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешуд. Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва таъминоти хонандагон бо синфхонаҳои барҳавову замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълим, инчунин беҳтар кардани сифати тадрис роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр як бинои иловагии нав барои фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Ҳамин тавр, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2017 барои бунёди бинои таълимӣ озмун эълон ва наздик ба 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуд.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «САНИИОСП» ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «СТС-Иншоот» мебошанд.

Бинои нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синф­хонаҳои компютерӣ, озмоишӣ, таълими меҳнат, мусиқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ҳарбӣ ва 15 ­синфхонаи дигари таълимӣ аст.

Барои ба талаботи замон мутобиқ кардани муассисаи таълимӣ дар он толори муосири варзишӣ, ошхона бо 130 ҷой, толори барҳавои маҷлис бо 250 ҷойи нишаст ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати хуб сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи таълимӣ ба хонандагони хуштолеъ, ки соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — мактаби нав гардиданд, суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз худ кардани илму технологияи замонавӣ ҳидоят намуданд. Хонандагон низ ба Президенти мамлакат барои ғамхориҳояшон изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки хубу аъло мехонанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълимӣ дар толори маҷлиси муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон ва дигар фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти судманд доир карданд.

26387806628_eb17c703c6_o14 феврал, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5 — ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 17 миллион сомонӣ дар муддати ду сол бо сифати баланд ва бо тарҳи замонавӣ анҷом дода шудааст. Бино аз 60 ҳуҷраи истиқоматӣ — 4 сеҳуҷрагӣ, 32 дуҳуҷрагӣ ва 24 якҳуҷрагӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва сокинони хуштолеъ — хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистонро даъват карданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.

Соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардӯшдош­таашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

39362741895_19b8c2d875_o14 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами ­Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки «AKIA AVESTO», ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ­муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуд.

Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият — зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро доро мебошад.

Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имконияти автобусҳои нави бандубастшуда шинос шуда, амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи «AKIA», бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, шартнома ба имзо расонида шудааст.

Дар асоси нақшаи амалкунанда, аз ҷумла ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳо идома доранд. Айни замон 13 автобус ворид гардидаст, ки то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст.

Тибқи муқаррароти шартнома интиқоли автобусҳо бо шумораи муайян амалӣ карда мешавад ва дар марҳилаи дуюм, боз 15 автобус аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.

Шумораи коргарони корхонаи бандубаст дар айни замон 40 нафарро ташкил менамояд, ки мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Дар баробари ин, барои омӯзиш ва сайқал додани савияи дониш ва малакаи мутахассисони маҳаллӣ дар бандубасти қисмҳои алоҳидаи автобусҳо курсҳои омӯзишӣ амал мекунад, ки аз ҷониби ширкати туркӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Дар оянда масъулони корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобуси дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилои масъулон, баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.

Таъкид гардид, ки қисмҳои асосии автобусҳои бандубастшаванда истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла муҳаррики он истеҳсоли Ширкати «Мерседес Бенз» мебошад, ки шуҳрати беандоза дорад.

Таъсис ёфтани Корхонаи муштараки «AKIA AVESTO» имкон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити зисту зиндагонии шоистаи сокинони пойтахт, ҳамчунин пешниҳод намудани хизматрасонии босифат соли 2017 аз Туркия 64 автобуси тамғаи «Исузу» ворид карда шуд.

Соли равон дар асоси шартномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркии «AKIA» марҳила ба марҳила ворид гардидани боз 100 автобуси дигар барои бандубаст дар пешрафти соҳаи мусофиркашонии пойтахт заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.

14 феврали соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бинои мазкур бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фароз» дар муддати кӯтоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст.

Дар бино баъди навсозӣ имкон фароҳам омад, ки Маркази федератсияҳои миллии варзишӣ ташкил ёбад ва 13 федератсияи миллии варзиширо бо шароити сатҳи баланди кору фаъолият муттаҳид гардонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бино бо бардоштани парда аз болои лавҳа Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Маҳз зери роҳбарии Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон фаъолияти мақсаднок ба роҳ монда шуд ва дар баробари рушди ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» рӯйи кор омад.

Дар осорхона дастовардҳои арзишманди варзишгарони ватанӣ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 25 соли таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 26 соли Истиқлолияти давлатӣ, ки дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ба он ноил гардидаанд, ҷой дода шудааст.

Зимни муаррифии Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Таъкид гардид, ки агар варзишгарони кишвар дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, пас ин нишондод дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 4 ҳазору 170 медалро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз 7 то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои рамзӣ доир шуд. Дар ин чорабинии муҳим варзишгарони Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар ҳайати калон, яъне иборат аз 170 нафар, аз ҷумла 128 варзишгар ширкат варзиданд.

Дар 5-умин Бозиҳои Осиё, ки аз рӯйи 21 намуд сурат гирифт, варзишгарони тоҷик дар 15 навъи он, аз ҷумла баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гӯштини анъанавии туркманӣ, гӯштини камарбандӣ ва шоҳмот ширкат намуда, сазовори 51 медал, аз ҷумла се тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ гардиданд.

Соли 2017 барои варзишгарони тоҷик пур аз дастовардҳо буд. Онҳо дар мусобиқаву чемпионатҳои нақшавии федератсияҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳои зиёд ноил шуданд. Аз ҷумла, Дилшод Назаров дар Мусобиқоти варзиши сабуки Осиё бори чорум, Комроншоҳи Устопириён бори дуюм қаҳрамони Осиё шуданд. Бахтовар Ҳасанов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки аввалин медали бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Медали дуюмро, ки нуқра буд, дар Бозиҳои олимпии Пекин — 2008 Юсуф Абдусаломов дар намуди гӯштини озод ба хазинаи варзишии кишвар ворид намудааст. Дар Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 бошад, Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон дар вазни 60 килограмм сазовори медали биринҷӣ шуд.

Соли 2016-ум дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба хазинаи варзиши тоҷик ворид сохт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар Маркази матбуоти Кумитаи олимпӣ, ки ба хотири қабули меҳмонон ва суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудааст, бо сомонаи нави Кумита шинос шуданд.

Сомонаи расмии Кумитаи олимпӣ дар қолаби нав бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, дар баробари пахши хабарҳои ҳаррӯзаи соҳаи варзиш, инчунин дар бораи роҳбарияту аъзои Кумита ва Кумитаи иҷроия, таърихи Кумита, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, қаҳрамонон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё, дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш маълумот медиҳад.

Хонанда дар сомона суратҳо ва наворҳои видеоиро аз ҷараёни мусобиқаҳои гуногун тамошо карда метавонад.

Баъди шиносоӣ бо шароити фароҳамовардаи корӣ дар бинои нави Кумитаи миллии олимпӣ ва ифтитоҳи Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюм бо роҳбарони федератсияҳо, варзишгарон — иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ ва дорандагони медалҳои мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мулоқот намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити сатҳи баланд барои машқу тамрин ва ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ба намудҳои гуногуни варзиш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсонҳо арзёбӣ карда, онро беҳтарин василаи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳон номиданд.

 www.president.tj