Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли гузашта ба ҷумҳурӣ 1,1 миллиард доллар сармоя ворид шуд

№21 (3815) 17.02.2018

DSC_4604Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 2017 бо дарназардошти  вомбаргҳои давлатӣ ба ҷумҳурӣ 1,1  миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 30,6 фоиз зиёд мебошад, — гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни  нишасти матбуотӣ

- Ҳамчунин, бо мақсади ҷалби  сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории мамлакат форуми соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, ИМА, Чехия, Туркия, Британияи Кабир, Австрия, Финландия, Ҳиндустон баргузор гардид.

- Соли гузашта дар мамлакат 301,3 ҳазор субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2016- ум 4,4 фоиз зиёд мебошад, — гуфт Фаррух Ҳамрализода. – Дар ин муддат ҷиҳати  амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузорӣ бо шарикони рушд 18  созишномаи нав ба  маблағи 608,8  миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки дар  муқоиса ба соли 2016- ум 362,0  миллион доллар зиёд аст.

Соли сипаришуда бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳибкорон дар мавзӯъҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, муқаррароти қонунгузории шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва  ҷалби қарзҳои имтиёзнок баҳри таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ ва минтақаи Рашт семинарҳои омӯзишӣ доир шуданд. Инчунин, аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ ба Буҷети мамлакат 27,9 миллион сомонӣ ворид гардид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»