- чунин андеша дорад раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова
Дар мамлакат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ пайи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта шуд ва сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар барои боз ҳам васеъ намудани меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, ба низоми қонунгузории миллӣ равона гардид.
Бо мақсади беҳтару хубтар фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ парламенти касбии кишвар таъсис ёфт, ки имрӯз ба сифати як шохаи ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар нақши назаррас дорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ки ба он Лутфия Раҷабова роҳбарӣ мекунад, ҳамчун ҷузъи таркибии парламенти касбии мамлакат, дар таҳкими қонунгузории марбут ба самтҳои фаъолият ҳиссаи сазовор дорад.
Лутфия Раҷабова аз ин хусус изҳори андеша карда, иброз дошт, ки рушди ҷомеа, қабл аз ҳама, аз дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос вобаста аст. Аз ин хотир, яке аз нахустин лоиҳаи қонунҳои мукаммале, ки соли аввали фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифт, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» буд. Он бо мақсади муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳия шуда, ҳамаҷониба баррасӣ ва қабул гардид.
Аъзои кумита, ки намояндагони касбу кори гуногун мебошанд, соли аввали фаъолият ба баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ аҳамияти бештар дода, қонунҳои марбут ба самти фаъолиятро ҳаматарафа омӯхтанд ва ҳоло ҷиҳати такмили онҳо саъй менамоянд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд, ки барои роҳандозии фаъолияти касбӣ хеле муҳиманд.
Дар марҳилаи рушди босубот ва таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ниёз ба таҳсилоти калонсолон рӯз то рӯз меафзояд. Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намудаанд: «Дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар муассисаҳо ва марказҳои омӯзиши калонсолон нақши арзанда мебозанд, зеро низоми зикршуда яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад».
Дар робита ба ин, тибқи супориши Пешвои миллат, дар литсею коллеҷҳо, марказҳои таълими калонсолон, баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таълиму тадрис гирифта истодаанд. Бинобар ин, барои фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи таҳсилоти калонсолон, ки тақозои ҷаҳони муосир мебошад, зарурат пеш омадааст. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади пешрафти соҳаи таҳсилоти калонсолон, ташкили сохтор ва низоми ягонаи он, аз ҷумла амалӣ намудани ҷараёни эътибор, расмикунонии малакаҳое, ки калонсолон дар натиҷаи омӯзиши ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ ва худомӯзӣ ҳосил намудаанд ва фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» таҳия ва қабул шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба талаботи дигар қонунҳо, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани номутобиқатии дохилии меъёрҳои ҷойдошта, бинобар мавриди амал қарор гирифтани қонунгузорӣ доир ба қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тавассути Маркази миллии тестӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» таҳия ва қабул гардид.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф, ташкили манбаъҳои гуногуни мусоидаткунанда ба рушди иқтисод хеле муҳим аст. Яке аз ин манбаъҳои муътамад ва устувор дар ҷаҳони муосир сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳон, баъди нефт ва доруворӣ, даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити иловагӣ ва муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон тавассути танзим ва таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, маданияти сайёҳии ҷомеа, маълумотнокии шаҳрвандон, бахусус наврасон ва ҷавонон, оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, мусоидат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳони хориҷӣ дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардид. Аҳамияти қонуни мазкур аз он иборат аст, ки дар доираи он беш аз 30 навоварӣ ва механизми муосири батанзимдарорандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиёт муқаррар гардидааст, ки ташаккулёбии низоми сайёҳии дохилӣ, рушдёбии маданияти сайёҳии шаҳрвандон, устуворгардии иқтидори амалии кишвар оид ба қабули сайёҳони хориҷӣ, ташкилёбии инфрасохтори муосир, намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии хонаист, саёҳати нақлиётӣ, ташкили намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра аз ҳамин ҷумла буда, ба таъсиси даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ мусоидат менамоянд.
Аъзои кумита дар ҳаммуаллифӣ бо дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо саҳми муносиб доранд. Аз ҷумла, узви кумита Ҷамшед Муртазоқулов якҷо бо дигар вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»-ро таҳия намуданд, ки пас аз баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Номбурда, ҳамчунин узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мебошад. Узви кумита Ҷаббор Ахмедов ҳаммуаллифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» аст. Аз ҷониби аъзои кумита Нурулло Оқилзода ва Қиёмиддин Миралиён низ дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони дигар бо мақсади рушди муносибатҳои оилавӣ, додани имконияти бештари бархӯрдории шахсони никоҳшаванда аз ҳуқуқҳои молумулкӣ, меросӣ ва ҳуқуқҳои дигар, зарурати вусъат бахшидани муносибатҳо оид ба истифодаи воқеии аҳдномаи никоҳ ва дар умум таҳкими институти оила лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардид, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуд.
Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо дигар вакилон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» таҳия, пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд.
Аъзои кумита зиёда аз 290 ариза, мактуб, дархости хаттӣ ва зиёда аз 1100 муроҷиати шифоҳии интихобкунандагонро баррасӣ намуданд, ки аксарияти онҳо ҳалли худро ёфтанд. Масалан, бо мусоидати узви кумита Мусаллам Қодирова, якҷо бо мақомоти дахлдор, ҷанҷолу нофаҳмие, ки чанд сол боз байни Олимхӯҷа Орзуев ва аъзои хоҷагии деҳқонии «Баҳодур» идома дошт, бартараф шуд.
Бо мусоидати узви кумита Ҷаббор Ахмедов ва мақомоти дахлдор, ба сокини вилояти Суғд Ҳасан Бердиев, бинобар вазъи вазнини оилавӣ, 3000 сомонӣ кумак расонида шуд. Дархости шифоҳии сокини шаҳри Ваҳдат Умар Миров ҷиҳати мусоидат барои гирифтани музди чандмоҳаи меҳнат аз ширкати «Диамет», ки 12000 сомониро ташкил медод, бо мусоидати Ҷамшед Муртазоқулов ҳал гардид ва ғайра.
Лутфия Раҷабова роҷеъ ба масъалаҳое, ки шаҳрвандон ба кумита муроҷиат мекунанд, зикр кард, ки онҳо асосан бо мақсади мусоидат ба қабул намудани фарзандонашон дар мактаб — интернатҳо, кам кардани маблағи таҳсил ё гузаронданашон ба таҳсили ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ муроҷиат менамоянд.
Бо мусоидати кумита муроҷиати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба кам кардани андоз аз маблағҳои махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 18 ба 5 фоиз кам карда шуд.
Мушкилоти бо ҷойҳо дар муассисаҳои томактабӣ таъмин намудани кӯдакон низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рӯз аст. Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» фаро гирифтани 40 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бо муассисаҳои томактабӣ дар назар аст.
Вобаста ба ин масъала соли 2017 бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ба Шветсия сафари омӯзишӣ доштем. Таҷрибаи ин давлат метавонад барои кишвар намунаи ибрат бошад. Дар Шветсия муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусӣ амал мекунанд. Ба ҳар як кӯдак ваучер вобаста шудааст, ки онро метавон ба муассисаи томактабии давлатӣ (мунисипалӣ) ё муассисаи томактабии хусусӣ супорид, зеро дар он маблағи муайян ҷойгир аст. Дар баробари ин муассисаҳои томактабӣ муассисаҳои дигар низ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кӯдакон бо волидайн якҷо дар қисми муайяни рӯз таълим мегиранд. Фаъолият ба таълими озоди кӯдак ба воситаи бозӣ, бе водор намудан ба ягон намуди таълим, ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои томактабӣ таълими кӯдак ва бозӣ дар мадди аввал қарор дорад. Дар он ҷо танҳо барои кӯдакони аз 1 то 3 — сола барои хоб ҷой бо кӯрпачаҳо дар фарши хона ҷудо шудааст. Кӯдакони калонтар баъди хӯроки нисфирӯзӣ якҷо бо мураббӣ ба хондани китоб машғул мешаванд. Агар кӯдак хаста шавад, дар ҳамон ҷо хобаш мебарад. Хӯрок дар ин муассисаҳо сабук ва арзон мебошад.
Чаро ман ин маълумотро пешниҳод кардам? — Сабаб дар он аст, ки ин тарзи низоми таълиму тарбияи муассисаҳои томактабӣ нисбатан маблағи камро талаб мекунад. Бо ҷорӣ намудани ин низом дар ҷумҳурии мо имконияти фаро гирифтани шумораи зиёди кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ фароҳам мешавад.
Самти дигари фаъолият доир намудани муҳокимаҳои парламентӣ мебошад, ки Кумита оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015», оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», оид ба «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» баргузор намуд.
Дар баробари ин, аъзои кумита ҳамчун узви гурӯҳҳо ва комиссияҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои кишварҳои дигар дар чорабиниҳои зиёд ширкат варзида, ҳар сол бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар сафарҳои хидматӣ намуда, бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор мекунанд ва арзу дархосташонро мешунаванд, онҳоро дар вазорату кумита ва идораю мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ намояндагӣ мекунанд.
- Аъзои кумита мониторинги татбиқи қонунҳоро анҷом дода, ба сифати онҳо ҳангоми қабул аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Қонунҳо бояд аз талаботи ҷомеа, муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ ва манфиату ниёзи мардум сарчашма гиранд, — изҳор медорад раиси кумита ва илова мекунад: — Қонунҳое, ки мо қабул мекунем, дар ҳаёт бояд муваффақона амалӣ шаванд. Танҳо он вақт мо ба ҳадафи ниҳоӣ — фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии арзандаю шоиста мерасем.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»