Тасдиқи рамзи иди байналмилалии Наврӯз

№28 (3822) 03.03.2018

navruz_logo2018Якуми марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Иди байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Иди байналмилалии ­«Наврӯз – 2018» васеъ истифода намоянд.

www.president.tj