Ба ифтихори 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ

Ҳар кӣ ӯро дид агар Фирдавсии нодида дид

№29 (3823) 06.03.2018

(Симои ҷовидонаи устод Айнӣ дар кинои ҳуҷҷатӣ)

Устод Айни на съемках111111111111Симои нуронии устод Садриддин Айнӣ ва асарҳои ҷовидонааш аз рӯзҳои нахустини эҳёи кинои миллӣ зери таваҷҷуҳи киносозони тоҷик қарор дошт. Азбаски устод он солҳо дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард, ба ходимони кино ва режиссёрон он қадар дастрас набуд. Бар замми ин, аз хотираи дӯстону шогирдон бармеояд, ки устод Айнӣ суратгирӣ ва мусоҳиба доданро он қадар нағз намедид. Шояд аз ин сабаб сурати кам ва наворҳои кӯтоҳу хираи мустанад аз ӯ боқӣ мондааст.

Аз рӯйи феҳристи кино бори нахуст симои устод Сад­риддин Айнӣ соли 1937 аз тарафи режиссёр Ғуломризо Баҳор (1903-1938) ба навор гирифта шудааст. Он айём ҳама ба 100 — солагии вафоти шоири бузурги рус А.С.Пушкин омодагӣ медиданд ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» банаворгирии филми ҳуҷҷатии «Муҳандисони рӯҳи инсон»-ро дар таҳияи Ғ. Баҳор анҷом доданд. Ҳангоми таҳияи филм режиссёр симои асосгузорони адабиёти советии тоҷик устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутиро ба навори кино сабт намуд.

Қадру қимати филми ҳуҷҷатии Ғуломризо Баҳор дар он аст, ки ҳангоми ба навор гирифтан устод Айнӣ 59-сола ва устод Лоҳутӣ 50-сола буданд. Ба ростӣ, ки дар ин синну сол устодони бузурги адабиётро дар чодари кино дидан хеле гуворост.

Мутаассифона, то солҳои 50-ум аз режиссёрони кино устод Айниро дигар касе ба навор нагирифт. Ин буд, ки сол то сол моҳияти филми ҳуҷҷатии «Муҳандисони рӯҳи инсон»-и режиссёр Ғ. Баҳор баланд мешавад.

То оғози солҳои панҷоҳум режиссёрони кино ба мавзӯи Айнӣ, умуман дигар шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ рӯ наоварданд. Ҳол он ки метавонистанд даҳҳо лаҳзаи аҷоибро аз рӯзгори ин бузургмардон ба навори кино сабт кунанд.

Баъд аз 12 сол Борис Кимёгарови 29-сола ният кард, ки бахшида ба 70-солагии Садриддин Айнӣ филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирад. Филмро мебоист дар қадамҷои устод – шаҳрҳои Душанбе, Бухоро, Панҷакент ва Самарқанд ба навор гиранд. Мушовири филм Мирзо Турсунзода буд. Маҳз бо кумаки Турсунзода устод Айнӣ розӣ шуд, ки дар назди дастгоҳи наворгирии оператор суҳбат кунад.

Режиссёр Борис Кимёгаров ҳангоми таҳияи филм дар хотираҳояш «Дорога уходит в горы» (Москва, 170, саҳ. 21-23) навиштааст:

«…Дар офаридани филмҳои мус­танад маро боз як мавзӯи дигар ором намегузошт. Орзу доштам, ки дар бораи адиби куҳансолу шинохтаи тоҷик устод Садриддин Айнӣ филме офарам. Дар боби офаридани образҳои барҷастаи адибон он қадар таҷриба надоштам. Мақсадамро ба устод Мирзо Турсунзода баён намудам. Вай хеле мамнун гашта гуфт:

- Бисёр хуб. Филмро ба муносибати 70-солагии Айнӣ бояд тайёр кард. Баъд мактубе навишта, ба дастам дод.

Устод он солҳо дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард. Мақсад ва фикру андешаҳоям шогирд ва муҳаррири Айнӣ – Абдусалом Деҳотиро ҳам хеле хурсанд кард. Пас қарор додам, ки ба Самарқанд равам. Дарро ба рӯям духтари Айнӣ – Лутфия, ки он вақт дар синфи нуҳум мехонд, кушод.

Садриддин Айнӣ аввал маро хеле сард қабул кард. Ӯ мухбиронро нағз намедид ва мусоҳиба доданро хуш надошт. Вақте мактуби Турсунзодаро хонд, табассум карда, ба ман бодиққат нигариста, дар бораи Мирзо Турсунзода пурсупос кард. Кай аз хориҷи кишвар баргашт, саломатиаш чӣ тавр? Оё шеърҳои нав эҷод кардааст?

Устод дар бораи Турсунзода маълумот гирифта, аз дигар шогирдонаш пурсон шуд…

Барои ман на танҳо суҳбат бо Айнӣ аҷоиб буд, балки дар кабинети корияш буданро ҳам шараф медонистам. Китоб­ҳои зиёд, аз ҷумла китобҳои нодир бо ороиши минётураҳои қадима маро дар ҳайрат гузоштанд.

Дар рафҳо асарҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш чинда шуда буданд.

Садриддин Айнӣ розигияшро дод, то ки ман дар бораи ӯ филми мустанад ба навор гирам. Ва хоҳиш кард, ки дар филм ҳар чӣ бештар нависандаҳои тоҷикро нишон диҳам. Ин пешниҳодаш ба мақсаду андешаҳоям мувофиқ омад».

Ниҳоят, банаворгирии филми ҳуҷҷатӣ дар бораи устод Айнӣ оғоз меёбад. Устод ва шогирдон ҳамроҳи киногурӯҳ ба шаҳрҳои Панҷакент, Самарқанд ва Бухоро сафар кардаанд. Оператор М. Барбутли лаҳзаҳои ҷудогонаро дар ин мавзеъҳо ба навор гирифт.

Эҷодкорони филм, пеш аз ҳама, зодгоҳи адиб, деҳаи Соктареи вилояти Ғиждувони шаҳри Бухоро, ки Айнӣ он ҷо ба воя расидааст, наворбардорӣ карданд. Дар порчаҳои алоҳидаи филм хонаи похсадевори одӣ, кӯчаҳои муқаррарии деҳа намоён мешавад.

Дар баробари ин, Борис Кимёгаров аз санад, ҳуҷҷатҳо ва суратҳои нодири таърихӣ хеле устокорона истифода бурд. Истифодаи хуби аксу ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар филм рӯҳияи он замонро хеле таъсирбахш нишон дод.

Ниҳоят, устод Садриддин Айнӣ бори нахуст бо ҳамсафарон дар чодари кино намудор шуд. Айнӣ дар иҳотаи аҳли хонадон, ҳангоми суҳбат ва хондани лексия ба донишҷӯёни дар Университети давлатии Самарқанд, муайян кардани манзили охирати устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Панҷакент, мулоқот бо шоиру нависандагони ҷавони тоҷик ва дигар кадрҳои нодир филми ҳуҷҷатиро хеле тамошобоб намудаанд. Вале кадрҳои нодир лаҳзае, ки депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии Ёрӣ №165, ноҳияи Колхозчиён, (солҳои 1947 -1951) Садриддин Айнӣ сессияи Совети Олии РСС Тоҷикистонро кушода эълон мекунад, маҳсуб мешавад.

Устод Садриддин Айнӣ ҳангоми вохӯрӣ бо Максим Горкий, нависанда ва журналисти чех Юлиус Фучик, раиси Президиуми Совети Олии СССР М.И.Калинин низ аз лаҳзаҳои ҷолиби ин филм мебошанд.

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Садриддин Айнӣ» (муаллифи сенария ва режиссёр Б.Кимёгаров, оператор М.Барбутли, оҳангсоз А.Ленский, мушовир М.Турсунзода, соли 1949), метавон гуфт, ки бо кӯшиши режиссёри ҷавон Борис Кимёгаров бори нахуст чеҳраи мондагори устод Айнӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд таҷассум шудааст.

Ҳар боре ки ин ва дигар филмҳои ҳуҷҷатиро аз ҳаёт ва эҷодиёти ин абармарди миллат дар чодари кино тамошо кунем, беихтиёр мисраъҳои зерин ба хотир меоянд:

Ҳар кӣ ӯро дид агар Фирдавсии нодида дид,

Бори Рустамро ҳанӯз аз Рахш ноафтида дид.

Ба ҷуз аз Борис Кимёгаров каси дигар аз режиссёрони кино иқдом накард, ки симои устод, солҳои охири ҳаёти ӯро дар кино сабт намояд.

Соли 1953 бахшида ба 75-солагии устод Садриддин Айнӣ режиссёр филми дуюми ҳуҷҷатии «Ҷашни пуршараф»-ро таҳия кард. Дар он режиссёр наворҳоро аз ҷашни 70-солагии адиб, ки соли 1949 қайд гардид, хеле моҳирона ба кор бурдааст. Дар баробари ин, ӯ сурату ҳуҷҷатҳои навро оид ба ҳаёт ва эҷодиёти нависанда дар тӯли чаҳор сол ба амаломадаро дар филм ҷо дод.

Режиссёр ҳар як лаҳзаи ҳаёти нависандаро пайгирона ҷустуҷӯ карда, ба он муваффақ шуд, ки дар бораи устод Айнӣ филми нисбатан комилро офарад. Дар филм режиссёр устод Айниро дар қиёс ба филми пештара барҷастатар нишон додааст.

Бояд гуфт, ки дар филми дуюм режиссёр дар баробари истифодаи киносужетҳо аз ҷашнгирии 70-солагии нависанда ва наворҳои нав аз ҳаёти Айнӣ хеле васеъ истифода кардааст. Дар натиҷа, тамошобин тавассути лаҳзаҳои нав ва диққатҷалбкунанда дар бораи устод таассуроти бештар мегирад.

Соли 1955 режиссёр Борис Кимёгаров аз рӯйи романи машҳури нависанда «Дохунда» филми нави ҳунарӣ офарид. «Дохунда» (муаллифи сенария В.Шкловский, режиссёр Б.Кимёгаров, оператор Ф.Силченко, рассомон П.Веременко ва Д.Илёбоев, оҳангсоз С.Баласанян, соли 1956) аз тарафи тамошобинон гарму ҷӯшон истиқбол шуд. Як сол пас ин филми ҳунарӣ кинои тоҷикро дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва муаррифӣ намуд.

Сипас, режиссёр бахшида ба 90-солагии Садриддин Айнӣ филми мустанади «Сарояндаи сарзамини аҷдодӣ» (муаллифи сенария ва режиссёр Б.Кимёгаров, операторҳо В.Бидило ва В.Голиков)-ро соли 1968 ба навор гирифт. Ин навбат дар чодари кино ҳамзамонон ва шогирдони Айнӣ меҳру муҳаббат ва фикру андешаҳояшро нисбат ба устодашон баён карданд. Муҳимтар аз ҳама, дар таҳияи ҳар филми ҳуҷҷатӣ нигоҳи нави режиссёрӣ ба назар мерасад. Режиссёр кӯшиш кардааст, ки филмҳояш ба ҳамдигар монанд набошанд. Агар дар филми якум «Садриддин Айнӣ» (соли 1949) режиссёр шахсан бо устод Айнӣ вохӯрда, дар сафарҳо ҳамроҳӣ карда, ба навор гирифта бошад, дар филмҳои «Ҷашни пуршараф» (соли 1953), «Сарояндаи сарзамини аҷдодӣ» (соли 1968) асосан аз кадрҳои ҳуҷҷатӣ, мусоҳибаи дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон таркиб ёфтааст.

Дар ниҳояти кор, Борис Кимёгаров навор, суратҳои нодир ва мусоҳибаҳои ҷолибро аз ҳаёти устод дар филми ҳуҷҷатии «Садриддин Айнӣ» (муаллифи сенария ва режиссёр Б.Кимёгаров, муаллифи матн Л.Полторак, операторҳо Г.Ортиқов, В.Бидило ва В.Мирзоянс, соли 1978, дар шаш қисмат) ҷой дод. Режиссёр бори нахуст дар таърихи кинои ҳуҷҷатӣ аз ҷиҳати метраж тӯлонитарин филми ҳуҷҷатиро офарид ва онро ба 100- солагии зодрӯзи Сардафтари адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ, ки бо Қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта шуд, бахшид.

Ин филм дар китоби «Энциклопедия кино Таджикистана» (Душанбе, Эр-граф, 2012, 394 саҳ.) бо номи «Чароғи абадӣ» (муаллифи сенария ва режиссёр Б. Кимёгаров, операторҳо В.Бидило, Г.Ортиқов ва А.Голубеев) низ омадааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷашнгирии 100-солагии Садриддин Айнӣ киностудияи «Тоҷикфилм» боз як филми мустанад — «Ҷашни устод» (муаллифи сенария ва режиссёр М.Мансурхоҷаев, оператор А.Тошев, Г.Ортиқов, Р.Маҳмудов, И.Насимов, соли 1978, дар ду қисм)-ро ба навор гирифтанд. Ин филм аз тантанаҳо бахшида ба ин ҷашн, гузоштани ҳайкал, иштироки меҳмонони олиқадр ва ғайра қисса мекунад.

Филми чорум – «Садриддин Айнӣ»-и режиссёр Кимёгаровро метавон таърихномаи ташаккули адабиёт ва маданияти халқи тоҷик дар замони Ҳокимияти Советӣ номид. Устод Айнӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ дар саргаҳи он меистод ва ҳамроҳи дигар фарзандони сарсупурда хизмати шоён кард.

Чун филмҳои пештара режиссёр жанри мусоҳибаро низ ин дафъа истифода кардааст. Тамошобинон бо фикру андешаҳои шоиру нависандагони советӣ Г.Марков, Ч.Айт­матов, А.Сурков, К.Яшин, олимон ва шоирони тоҷик М.Турсунзода, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, Р. Ҳошим, М. Шукуров, М.Қаноат, академик М. Осимӣ ва дигарон оид ба устод Садриддин Айнӣ шинос мешаванд.

Бартарии филм дар он аст, ки ин навбат режиссёр аз асарҳои бадеие, ки эҷодкорон ба устод бахшидаанд, истифода кардааст. Масалан, дар кадр нишон додани асарҳои рассоми шинохта Сӯҳроб Қурбонов, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ бахшидааст, порчаҳо аз филми ҳунарии «Марги судхӯр» ва суруди Ҷӯрабек Муродов.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Борис Кимиёгаров бо чаҳор филми мустанадаш дар бораи устод Садриддин Айнӣ дар айнишиносии тоҷик саҳми арзанда гузошта, симои абадзиндаи устодро дар экрани кино ҷовидонӣ гардонид.

Маҳз ҳидояту маслиҳатҳои устод Айнӣ боис шуданд, ки режиссёри таҷрибаандӯхта Кимёгаров ба асарҳои классикон рӯ оварда, дар бораи асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Рӯдакӣ филми ҳунарии «Қисмати шоир»-ро таҳия кунад, асоси достони безаволи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ силсилафилмҳои ҳунарӣ офарад.

- Бо Айнӣ сафар кардан барои ман университети ҳақиқӣ гардид. Ба куҷое ки сафар мекардем ё бо касе, ки вомехӯрдем, шоҳиди суҳбатҳои аҷоибу гуворои Айнӣ мешудам.

Мулоқот бо Айнӣ на танҳо шавқу рағбатамро ба таърих бедор кард, балки барои офаридани филмҳои ҳунарӣ дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш ва Пайрав Сулаймонӣ, ки шоири муосири даврони мо буд ва Айнӣ дар борааш бо муҳаббат ва ҳурмат ҳарф мезад, сабаб шуданд, — менависад режиссёр дар китоби хотираҳояш.

Инъикоси симои мондагори устод Садриддин Айнӣ баъд аз вафоти ногаҳонии режиссёр Борис Кимёгаров дар синни 59 — солагӣ (19 апрели соли 1979) дар канор монд. Бахшида ба солгарди устод ё ҷашнҳо режиссёрон –кинодокументалистон филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия карда бошанд ҳам, аксар аз кадрҳои филмҳои Борис Кимёгаров истифода мекарданд.

Чун дар остонаи таҷлили 140-солагии Асосгузори адабиёти советии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ қарор дорем, ходимони кино ва кормандони киностудияи «Тоҷикфилм» шояд фаромӯш карда бошанд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон аз нигоҳи нав дар бораи устод филми ҳуҷҷатӣ офарид. Ҳол он ки на филми ҳуҷҷатӣ, балки филми бисёрсериягии бадеӣ бояд таҳия мекардем. Шояд интизор шавем, ки боз Кимёгарови сонӣ пайдо шаваду ба мавзӯи Айнӣ дар филмҳои ҳунарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд?

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»