Ноҳияи Шаҳритуз яке аз гармтарин мавзеъҳои кишвар ба шумор меравад. Бинобар нисбатан гарму хушк будани иқлими он ҳар баҳор меваю сабзавоти пешпаз ба бозорҳои мамлакат аз он содир мешавад. Соли 2017 кишоварзони ноҳия 2488 тонна картошка, 23 558,8 тонна сабзавот, 18 598 тонна тарбузу харбуза ва 3 867 тонна ангур истеҳсол карданд. Истеҳсоли пахта ба 11 584,7 тонна расонида шуд, ки ин 137,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ барзиёд иҷро гардид.
Чунончӣ, истеҳсоли гӯшт 6090 тонна (109,6 фоиз) шир 13304 тонна (106,3 фоиз), тухм 3 миллиону 269,4 дона (109 фоиз), пилла 35,6 тонна (122,3 фоиз), асал 24,4 тонна (108,4 фоиз) ва моҳӣ 15,7 тонна (100,6 фоиз) — ро ташкил дод.
Соли гузашта 94, 51 гектар замини бекорхобида аз худ гардида, ба қатори заминҳои корами обӣ гузаронида шуд.
Дар ноҳия баҳри расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ба кишвари индустриалӣ- аграрӣ табдил додани Тоҷикистон тадбирҳои самарабахш меандешанд. Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 102 миллиону 762100 сомонӣ расид.
- Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 иқдоми саривақтист, — мегӯяд раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода. — Туризм яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ғанӣ гаштани Буҷети давлатӣ ба шумор меравад. Ноҳияи Шаҳритуз дорои таърихи куҳан буда, дар он ёдгориҳои қадимӣ, аз қабили мақбараҳои «Хоҷа Сарбоз», «Хоҷа Машҳад», «Тилло Ҳаллоҷӣ», «Ҳазрати Нон», «Хоҷа Дурбад» ва зиёратгоҳи «Чилучорчашма» воқеъ мебошад, ки таъриху тамаддуни миллатро дар асрҳои IX- XIII муаррифӣ менамоянд.
Айни замон дар ноҳия барои қабули меҳмонону сайёҳони хориҷӣ меҳмонхонаҳои барҳавою ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ фаъолият доранд.
Мағозаи «Армуғон» маҳсулоти ҳунармандони ноҳияро пешкаши меҳмонон мегардонад. Назар ба қавли Рамазон Оймаҳмадзода, барои роҳбаладию муаррифии ёдгориҳои таърихӣ ба сайёҳон аз ҳисоби ҷавонони ноҳия мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ сафарбар мешаванд.
Бонувони ноҳия ҳунарҳои мардумиро, ки аз ниёкон мерос гирифтаанд, ба насли ҷавон ёд медиҳанд. Ҳар як бону кӯшиш мекунад, ки дар бисоти арӯсиаш болини зардӯзӣ, пешонабанди заррин, камзӯлчаву хилъат, тоқии зардӯзӣ, сӯзанӣ, пироҳани аз атлас дӯхташуда, куртаи чакан ва рӯймоли шоҳии пӯпакдор дошта бошад.
Иқдоми Пешвои миллат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ такони бузург гардид. Ҳоло дар ноҳия сафи ҷавононе, ки ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ рӯ меоранд, торафт меафзояд. Рушди соҳа баҳри бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани ашхоси бекор мусоидат хоҳад кард.
- Дар ноҳия 40162 сар чорвои калон ва 81412 сар чорвои хурд мавҷуд аст, — мегӯяд Рамазон Оймаҳмадзода. – Камбориш омадани ду моҳи аввали зимистон чорводоронро каме ба ташвиш овард, зеро фаровонии хӯроки чорво аз борону барф вобастагии калон дорад. Хушбахтона, боронҳои нимаи дуюми моҳи феврал боиси бо намӣ таъмин гаштани замин ва сар кашидани сабза гардид. Имсол меҳнаткашони ноҳия аз дастовардҳои соли сипаришуда рӯҳбаланд гашта, нақша доранд, ки соли равон истеҳсоли ҳама намуди маҳсулотро нисбат ба порсол бештар намоянд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»