(Ҳикоя)

Қасами вафодорӣ

№108 (3093) 29.08.2013

Воҳид машғули китобхонӣ буд. Саҳифаи навбатиро ҳам то ба охир хонд, аммо онро варақгардон намекард. Ба саҳифаи хондааш дуру дароз чашм давонд. Барояш ин лаҳзаи қисса аҷоиб намуд, магар ки ба гузаштани саҳифаи дигари китоб майл надошт. «Қасами вафодорӣ…»

 ***

…Қасами вафодориро Воҳид шунида буд ва аз он лаҳза солҳои зиёд сипарӣ шудаву ба лавҳи хотираш нақше гузошта. Нақш на, доғ, ки ҳанӯз ҳам дарди он аз қалбаш берун намешуд. Бо гузашти солҳо захмҳо даво меёбанд, аз хотираҳо зудуда мешаванд. Давоми умр Воҳид лаҳзаҳои  аламноку шигифтоварро бо ташвишу мушкилоти  рӯзгор фурӯ нишонда бошад ҳам, аммо мисли бод, ки баргҳои хазонро ба ҳаво бармехезонад, аз хондану шунидани шабеҳи он аламаш дубора тоза мегашт.

Мисле ки ин саҳифаи китобро мехонаду мехонад. Қасами вафодорӣ. Чун ин лаҳзаи китоб Моҳираи шаҳлочашму абрӯсиёҳ ба ӯ қасам хӯрда буд. Қасам ба ишқи поку  беолоишашон, ки он қасами аҳду вафост. Қасаме буд дар шаби маҳтобӣ, зери ҷилои ситоразори осмони бекарон. Гӯё ситорагон низ бо ҷилои худ роҳи бахти ин  дилдодагонро мунаввар мекарда бошанд. Ҳар ду хушбахт буданд. Панҷ сол якҷо хондан муҳлати кофӣ буд, то якдигарро санҷанду бинои умри худро бо неруи ишқи ҷавонашон бисозанд. Қисмат чунин буда, ки ду ҷавон аз чашмаи меҳру вафо шодоб гарданд. Мисли оби софу зулол бомаром дар ҷараён буд, зиндагии  дилдодагон. Аммо равиши  бомаром дер давом накард, он ба гирдобе дучор омаду маҷро дигар шуд. Сабабгори ин Моҳира буд, ки бо дидани ишқи рафтааш ҳамаро фаромӯш кард. Ҳам қасами вафодориву ҳам ошёни ободашро.

***

Моҳира баъди тамошои бозор ва мағозаҳои бешумор сер шуд магар, ки аз гулгашт  гузашта назди истгоҳ рафт. Нишастгоҳ ҷойи холӣ надошт. Занон бо кӯдакони худ ва чанд мӯйсафед онро банд карда буданд. Дар канори роҳ Моҳира мунтазири мошин меистод. Тангему дигар мошинҳои зиёди хориҷӣ пайи ҳам  мегузаштанд, ҳама пури мусофир. Аз истгоҳ каме дуртар мошини сиёҳ, ки ҳама шишаҳояш ҳамранги мошин буд, қарор гирифт. Аз он ҷавони  болобаланд, сафедчеҳра, ки айнаки сиёҳ чашмонашро паноҳ мекарду ӯро босалобат нишон медод, бо калиди мошин  бозикунон назди Моҳира омад. Сарулибос, бовиқор қадам задан аз бойбачаҳо буданаш  гувоҳӣ медоданд.

-Салом, духтари зебо, киро мунтазир ҳастӣ? –гӯён айнакашро аз чашм гирифт. Ҷавон бо қаду баст дигар шуда бошад ҳам, Моҳира аз овозаш ӯро шинохт: Шарикдарси солҳои мактабхониаш- Хуршед буд. Ҳамоне ки бо ҳам дил дода буданду ишқварзиашон аз ҳамсинфон пинҳон  намонда.

Моҳира аз ин вохӯрии ногаҳонӣ худро гум кард. Ба дасти сӯяш дарозкардаи Хуршед даст дода, салом кард. Баъди  хатми мактаб онҳо якдигарро надида буданд. Хуршед дар оилаи сарватманд калон шуда, баъди хатми мактаб хориҷа ба хондан рафт. Баъди хондан он ҷо кор кард. Ҳоло  баргаштааст.

Доимӣ омадааст ё бармегардад? Бо ин хаёл Моҳира ба Хуршед менигарист. Бо табассум Хуршед аз Моҳира ҳолпурсӣ мекард, зиндагиашро донистан мехост. Хуршед Моҳираро даъват кард, ки бо мошин ба хонааш барад. Моҳира рад кард, ҳанӯз ҳам аз ҳаяҷон раҳо нашуда буд. Барои хайрухуш Хуршед сӯйи Моҳира даст дароз кард. Дасти ӯро фишурду «то боздид» гуфт. Моҳира панҷаашро кушод, сад доллари қатъшударо дида, ҳайрон шуд. Хост аз қафои Хуршед фарёд кунад, ки пулаш даркор нест. Хуршед аллакай мошинро  ба ҳаракат дароварда буд. Пулро  кушод, ки даруни он корти Хуршед меистод. Суханони охирини  Хуршед «то боздид» дар гӯшаш садо медоданд. Ба корти рӯйи кафи дасташбуда менигарист. Чанд рақами телефон ҳам навишта дошт. Рӯзҳо сипарӣ мегаштанд. Моҳира ба рақамҳои телефони Хуршед менигаристу аз пайи кори худ мешуд. Ниҳоят ихтиёр аз даст рафту ба яке аз рақамҳои телефони Хуршед занг зад. Ин занг боис шуд, ки Хуршед ба  ширинзабонӣ Моҳираро баъди солҳои фироқ ба мулоқот даъват кунад. Ва боз чандин мулоқоту вохӯрии маҳрамона даруни мошин, тарабхона, гӯшаи хилвати шаҳр. Дар ҳар вохӯрӣ Хуршед ба Моҳира туҳфаҳои гаронбаҳо  медод ё чанд адад долларҳои рахаш нашикастаро ба дасташ мечаспонд. Вохӯрӣ, туҳфаҳои гаронбаҳою фиребанда кори худро мекард. Моҳира аз ҳар фурсати муносиб истифода мебурд, ки бо Хуршед бошад. Воҳид барояш қариб бегона шуда буд.

Ҳар гоҳ ки Воҳид ба Моҳира наздик шудан мехост, бо ҳар баҳона аз ӯ дурӣ меҷуст. Гоҳ дарди сарро баҳона мекарду гоҳ мондагиро, баъзан худро паҳлуи фарзандаш  мегирифт.

Воҳиди дунёбехабар ба ҳарфҳои бофтаи завҷааш бовар мекард. Ҳеҷ гумони бад намекард, дили софу бекина дошт.

***

Аз назарҳо чизе пинҳон намемонад. Розҳои  ниҳон оқибат рӯзе ошкор мешаванд. Хуршеду Моҳира  вохӯрию мулоқот, ишқварзии пинҳонӣ доштанд. Гумонашон ин ҳама аз чашми мардум дуру ноаён аст, аммо кайҳо онҳо афсона гашта буданд. Як шинос қиссаи онҳоро ба дигар нақл мекарду он ба нафари дигар. Чунин овозаҳо ба селобе монанданд, ки дигар наметавон пеши роҳи онро  гирифт.

Қиссаи ишқварзии Хуршеду Моҳира то ба гӯши дӯсти наздики Воҳид Шамсиддин ҳам расид. Боре ӯ низ шоҳиди мулоқоти онҳо гашта буд. Бо ду- се ҳамкораш Шамсиддин дар тарабхонаи кунҷи шаҳр ба хӯрокхӯрӣ рафтанд. Дар тарабхона чашмаш ба Моҳира ва марди бегона афтод. Вонамуд кард, ки онҳоро надидааст.

Овозаҳо ва худ шоҳид гаштан аз  мулоқоти онҳо Шамсиддинро нороҳату ғамгин мекард. Охир, ӯ ягона дӯсту шахси наздики Воҳид аст. Андеша оромаш намегузошт, ки чӣ тавр Воҳидро аз рафтори занаш огоҳ созад. Медонист, ки Воҳид  ҳеҷ гоҳ ин овозаҳоро қабул надорад. Ба Моҳира сахт меҳр  баста буду ӯро чун олиҳа мепарастид. Борҳо ба қарор омад, ки ин қиссаи  нангинро фаромӯш кунаду ба зиндагии Воҳид, ҳарчанд дӯсти қарин бошад ҳам, дахолат накунад, аммо виҷдонаш ӯро ором намегузошт. Ҳис мекард, ки бо осонӣ кошонаи ободи дӯсташ рӯ ба вайронӣ дорад. Ҷуз ӯ дигар касе ҳаст, ки пеши роҳи рахнашавии оилаи дӯсти қаринашро гирифта тавонад? Бо Воҳид бояд суҳбат кунад атрофи ин ҳама рафтори ношояму нангини Моҳира. Қарораш қатъӣ буд, лек намедонист бо кадом роҳ Воҳидро вориди суҳбат намояд…

Ба Воҳид занг зада, ӯро ба тарабхонаи «Шабчароғ», ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват намуд. Чун суҳбати дӯстон ҷиддӣ буд, Шамсиддин  хост онро бе сархушӣ гузаронанд. Бо ин сабаб шароб дархост накард. Ду рафиқ бо ҳам нақлҳои аҷоиб мекарданд, болидаруҳ буданд. Суҳбат то сари занон, муҳаббату садоқат ва хиёнати онҳо ҳам расид. Аз хондаю шунидаи худ нақл мекарданд, занонро гоҳ ситоиш доштанду гоҳе маломат.

Шамсиддин ба мақсад наздик мешуд. Ҳамоно андешае ӯро домангир буд. Гӯяд ё нагӯяд?

-Воҳид, бо ту  маслиҳате дорам. То ҳол хеле андеша кардам, ки гӯям ё нагӯям. Агар нагӯям, худро  пеши виҷдонам ва ту, ки маро дӯсти қарин меҳисобӣ, гунаҳкор медонам. Хоҳиши ягона ин, ки маро то охир босабр гӯш кун. Шамсиддин, он чӣ дар бораи Моҳира медонист, нақл кард.

Воҳид бо тааҷҷубу таҳайюр ба  дӯсташ менигарист. Карахту лол монда буд. Шояд ба худ омад, ки пиёлаи чой дар даст аз ҷояш  беихтиёр баланд шуд. Аз шунидани чунин суханони ногаҳонӣ ва аз ҳаяҷон меларзид. Дасташ пиёларо дошта натавонист, он рӯйи миз афтид.

-И-и-ин туҳмат аст, ҳеҷ боварам намеояд. Моҳираро ман на як сол мешиносам. Ҳеҷ гоҳ ӯ ба ман хиёнат намекунад. Охир, Моҳира ба ман қасам ёд карда буд, шаби маҳтобӣ, зери осмони  пурситора…

Шамсиддин ӯро ором карда, ба ҷояш шинонд.

-Ман ҳам шод мешудам, агар овозаҳо нисбати Моҳира туҳмату дурӯғ бошанд, аммо…

-Чӣ аммо?- гуфт бо овози  ларзон Воҳид. –Мехоҳӣ ман рафта ҳозир ҷавоби ӯро диҳам!

-Ин тавр гуфтанӣ нестам. Моҳира низ ҳеҷ гоҳ гуноҳашро ба гардан намегирад. Агар айб ҳам дошта бошад.

-Чӣ маслиҳат медиҳӣ?- каме ором шуда буд Воҳид.

-Месанҷем. Ягона роҳи дуруст ҳамин аст.

-Чӣ тавр?

-Пагоҳ рӯзи ҷумъа. Ба Моҳира мегӯйӣ, ки ба ноҳияи ҳамсоя бо ман тӯй меравӣ. Саҳари шанбе омада, туро гирифта «тӯй» меравем. Давомашро  баъд маслиҳат мекунем. Акнун туро то хонаат бурда монам.

Ин маслиҳат ба Воҳид писанд омада буд. Дар хона худро ба даст мегирифт, лаҷоми ғазабро мекашид, то ҳарфи ноҷое аз даҳонаш набарояд.  Ба Моҳира, ки чун пештара бо ҳар  баҳона худро аз канори Воҳид дур мегирифт, сабур буд. Акнун сарфаҳм мерафт, ки чаро Моҳира аз ӯ дурӣ мехоҳаду доимо «бемор» аст.

Чун маслиҳати қаблӣ Воҳид ба Моҳира ба тӯй рафтанашро гуфт. Пинҳонӣ ба рӯйи Моҳира нигариста, хост фаҳмад, ки дар ваҷоҳати ӯ тағйире мебинад ё на. Моҳира гӯё ӯро нашунида бошад, ки ба хонаи хоб назди писараш рафт.

Пагоҳӣ Шамсиддин омада, Воҳидро бо худ бурд. Моҳира аз тиреза нигоҳ кард, ки чӣ тавр онҳо ба мошин нишастанд. Бовараш омад, ки онҳо ба тӯй мераванд. Ба Хуршед занг зад, ки онҳо дар хона метавонанд вохӯранд. Писарашро ба хонаи дугонааш бурда, хоҳиш кард, ки то пагоҳ истад. Ба хурсандие рафтанисту шаб шояд он ҷо монад. Ба омадани Хуршед тайёрӣ дид. Ӯ ҳам «тӯй» дошт. Дастурхони идона орост, худро бо гӯшвору гарданбанд, дастпонаҳои тиллоии аз Хуршед ҳадягирифта оро дод. Моҳира чун парии афсонавӣ зебо гашта буд. Агар Воҳид медид, дубора ошиқи шайдояш мегашт. Аммо Моҳира шабро интизор буд, то Хуршедро ба оғӯш гирад…

***

Шамсиддин Воҳидро ба хонаи худ бурд. Дар болохона онҳо нишаста суҳбат мекарданд, телевизор тамошо доштанд. Мехостанд рӯз «кӯр» кунанд. То нисфирӯзӣ оши палави фармудаи Шамсиддин тайёр шуд. Баъди хӯрок истироҳатро давом доданд. Шамсиддин ҳис менамуд, ки Воҳид ноором аст, ба суҳбат чандон майл надорад. Барои таскини ӯ Шамсиддин таклиф кард ба канори шаҳр лаби дарё рафта, дам гиранд. Аз тамошои дарёи пуртӯғён асаби Воҳид ором гардид. Хаёлаш ба мавҷи дарё, садои ба сангҳои соҳил бархӯрдани об банд шуда буд. Худро сабук, берун аз мушкилоти зиндагӣ медид.

То ними шаб вақти зиёд буд. Шамсиддин ӯро дар паҳлуяш шинонд ва ҳар ду тамошои шаҳр рафтанд. Кӯчаҳои чароғони шаҳр назаррабо буданд ва дидани он ҳам ба дил сурур  мебахшид.

…Шамсиддин мошинро дар шафати бинои Воҳид нигоҳ дошт ва гуфт, ки ин ҷо ӯро мунтазир мешавад. Воҳид аз мошин фуромада, ба қабати сеюми бино баромад. Аз ҳаяҷон пойҳояш меларзиданд, гӯё на ба манзили худ, балки хонае дуздӣ мерафта бошад. Худро ба даст гирифта, бо калид оҳиста дарро кушод. Ба наомадани Воҳид Моҳира бовар дошт, магар ки  калидро аз қулф гирифта буд. Ба хонаи хоб наздик шуд. Дар нимпӯш буд ва шабчароғ онро хира рушанӣ медод. Оҳиста дохили хона шуда, чароғро даргиронд. Ду тан чунон ба бӯсу канор дода шуда буданд, ки даромадани Воҳидро нафаҳмиданд. Равшан шудани чароғ онҳоро ба худ овард. Аз зери кӯрпа ду ҷуфт чашм сӯйи Воҳид менигаристанд. Аз он  нигоҳҳо як ҷуфт чашм барояш ошно буд. Ин чашмони шаҳлову дилрабои Моҳира буд, ки шаби маҳтобӣ зери осмони пурситора қасам мехӯрд, ки ҷуз ӯ касе надоштаву касеро дӯст надошта. Акнун ин нигоҳҳо пур аз изтироб, тарсу ҳаяҷон буданд ва дигар барои Воҳид ҳеҷ арзиш надошт. Дар назараш гӯё яхпорае сарду бенур буд ин нигоҳ.

Воҳид ҳарфе нагуфта, ба хонаи дигар гузашт. Дипломаташро кушод. Ҳама ҳуҷҷатҳо дар ҷояш. Дари ҷевонро кушода, аз байни либосҳо як ҷуфт шиму костюми сиёҳро, ки барояш маъқул буду рӯзҳои хурсандӣ онро ба бар мекард, ҷудо кард. Дар даст дипломат ва рӯйи дасти дигар ҳамин шиму костюм аз хона берун шуд.

Шамсиддин даруни мошин Воҳидро мунтазир буд. Аз дер кардани Воҳид хавотир буд ва худро маломат мекард, ки беҳуда ба кори оиладории дӯсташ  дахолат  кардааст. Мабодо Воҳид ягон амали ноҷое накунад. Не. Воҳидро хуб медонад. Босабру тамкин, раҳмдилу дурандеш аст дӯсташ.

Кушода шудани дари мошин риштаи хаёлашро  гусаст. Воҳид ба қафои мошин нишасту «ҳай кун» гуфт. Сарашро бо дастонаш медошт, вуҷудаш меларзид. Худро ба даст гирифта натавонист ва аз алам ба гиря даромад. Гиряи талх дошт мард.

Шамсиддин пай бурд, ки дар хона ӯ ба кадом ҳолат рӯ ба рӯ шудааст. Чизе напурсид. «Мон гиря кунад, дардаш сабук мешавад» андешид ба худ Шамсиддин. То ба хона расидан дар роҳ дигар Шамсиддин гап назад. Дар болохона барои Воҳид рахти хоб тайёр кард ва гуфт дам гирад. Бо Воҳид суҳбат карданро муносиб надонист, зеро ҳоло ба гӯшаш ҳеҷ ҳарфе намедаромад. Танҳо будан барои Воҳид беҳтар буд.

Ӯ муддате дар хонаи дӯсташ монд. Нахост, ки дигар сарбории ин хонадон шавад ва ба Шамсиддин гуфт хонаи иҷорае пайдо  кардаасту он ҷо меравад. Шамсиддин ҳам дар фикри дӯсташ буд. Ба ӯ гуфт, ки хонаи якҳуҷраии канори шаҳр будаашро ба ӯ месупорад. Воҳид медонист, ки он ҷо оилаи ҷавоне зиндагӣ доранд. Шамсиддин фаҳмонд, ки баъди таваллуди кӯдак онҳо деҳа, назди падару модарашон рафтаанд.

Ба ҷойи кораш дур бошад ҳам, гӯшаи ороми шаҳр ба ӯ маъқул омад. Дар хона вақти холиашро бо китобхонӣ мегузаронд.  Қиссаву ривоятҳои қадимиро дӯст медошт. Китоби наве ба дасташ афтид, ки аз урфу одатҳои кадом як қабилаи Африка қисса мекард. Номи қисса барояш аҷиб намуд: Қасами вафодорӣ. Ҳанӯз ба хондани қисса оғоз накарда, лаҳзаи нахустин ва қасами вафодории Моҳира ба ёдаш омад, баъд хиёнати ӯ.

Китобро як сӯ гузошт. Алами куҳнааш тоза шуд. Дубора китобро ба даст гирифт. Хост донад, ки он чӣ гуна қасами вафодорӣ бошад ва ба хондан шуруъ кард. Он қасами арӯс пеш аз  хонадоршавӣ будааст.  Бошандагони ин қабила қариб бо ҳам хешу табор  гаштанду издивоҷи ҳамдигарӣ мамнуъ будааст. Аз ин сабаб арӯсро аз деҳаи дигар интихоб мекарданд. Расми  оиладоршавии ин оила чунин будааст, ки зан бояд дар пеши ҳайкали худои бойигарӣ ва некӣ Олакун қасами вафодорӣ ёд кунад. Ӯ маҷбур буд, ки пеши аҳли қабила назди ҳайкали худояшон ба шавҳараш аз ишқварзии пеш кардааш иқрор шавад. Агар чунин  накарда бошад, бояд он мардоне, ки қадом вақте ба ӯ изҳори муҳаббат кардаанд, як –як номбар кунад. Пас аз  қасам ёд кардан ҳама гуноҳҳои ӯ бахшидаву фаромӯш мешаванд. Аз ин пас ба зан манъ мешавад, ки бо он  мардони  номбаркардааш гап занад ё салом диҳад.

Бо қасам додан арӯс аз гуноҳи кардааш иқрор мешуд ва гунаҳкор бошад ҳам, ӯро  мебахшиданд. Дубора мехонад Воҳид қиссаро. Иқроршавӣ ва бахшиши гуноҳ. Шояд чунин сахтгирӣ дар зиндагии оянда муҳим бошад.  Дар ҷавонӣ кам касон саҳву хато накардаанд. Аммо бо ҳилаву дурӯғ онро мепӯшонанд, худро беҷурму гуноҳ мехонанд. Ин беҳтар аст ё баъди қасамҳои зиёди вафодорӣ ошкор шудани айби пӯшонида. Симои Моҳира намоён шуд, ки сӯяш табассум мекард. Нигоҳаш маккорона ва дар қаъри он асроре ниҳон. Китобро якҷоя бо симои Моҳира, ки пеши чашмонаш бозӣ дошт, рӯйи кат ҳаво дод.

Он вақт агар аз ишқи аввалаш иқрор мешуд, шояд Воҳид ӯро мебахшид. Агар росту самимӣ  мегуфт. Не, дурӯғ гуфт ва бо сеҳри сухан Моҳира дили Воҳидро чун мум мулоим ва ба худ ром кард. Агар сир ошкор намешуд, шояд бозии  ниҳонии Моҳира то дер идома меёфт ва Воҳид як умр асири ишқи дурӯғину хасакии ӯ мемонд.

***

…Воҳид аз истгоҳи назди бино ҳар рӯз ба кор мерафт. Ӯ ин ҷо одами нав буд ва ба онҳое, ки чун худаш интизори мошин буданд, бо кунҷковӣ менигарист. Бо чеҳраҳои нав ҳар рӯз рӯ ба рӯ мешуд. Дар миёни онҳо зане буд, ки ҳар субҳ аз дасти  писараке дошта, ба  истгоҳ меомад.

Вохӯрӣ бо ӯ такрор меёфт, аммо чандон аҳамият намедод. Баъзан нигоҳҳо бо ҳам бармехӯрданд. Дар дили дардманди Воҳид ҳиссиёте бедор шуд. Ӯ мехост бо ин зан шинос шавад. Аммо чӣ тавр? Шиносу ҳамкор нестанд, якдигарро  намедонанд. Баҳонае надошт, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шавад.

Боре аз кор баргашт, ки занро дар истгоҳ танҳо дид. Чаро танҳо, кӯдак куҷост? Шояд ба мулоқот шитоб дорад? Беихтиёр пойҳояш ӯро сӯйи зан бурданд. Ба зан салом кард ва пурсид, ки чаро писараш нест?

Зан ҷавоби саломашро дода гуфт, ки ба беморхона, назди писараш меравад. Ҳарчанд боисрор рад кард, аммо Воҳид то беморхона ҳамроҳаш рафт. Аз беморхона баргашта, дар роҳ ҳамоно хомӯш буданд. Воҳид ҳеҷ натавонист сарриштаи суҳбатро кушояд. Бемории писарак сабаби шиносойии онҳо гардид. Боре Воҳид таклиф кард, ки ҷойе нишаста суҳбат кунанд, якдигарро хубтар шиносанд. Тоҷинисо ном доштааст зан. Шавҳараш аз ӯ ҷудо шудааст. Бо зане дар тиҷорат ҳамкорӣ мекунаду оқибат ӯро ба никоҳи худ медарорад.  Дунболи зани  сарватманд рафта, ӯву кӯдакашро мепартояд. Ноилоҷ зан бо кӯдакаш ба деҳа назди падару  модараш меравад. Янгаҳо ӯро бо кӯдакаш хуш қабул намекунанд. Ҳоло дар хонаи амакаш зиндагӣ дорад. Аз ҳунари дӯзандагӣ рӯзгорашро таъмин менамояд.

Воҳид ҳам гуфт, ки аз занаш ҷудо шудааст. Сабабашро дар  якдигарнофаҳмӣ нишон дод. Дигар чизе гуфтан нахост. Ҳамин тавр дар лаҳзаҳои муносиб бо ҳам  вомехӯрданд ва дидор барояшон гуворо буд.

Иди Наврӯз омад. Ҳама шодию сурур доштанд. Дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ Воҳид Тоҷинисоро ба сайругашт даъват кард. Баъди тамошои гулгашту хиёбони шаҳр ба тарабхона даромаданд. Аз чӣ буд, ки суҳбаташон гарм намешуд. Тоҷинисо нороҳат буд.  Ин ваҷоҳати ӯро Воҳид ҳис кард ва сабаб пурсид. Тоҷинисо беҷуръатона ҳарф мезад. Оқибат сабаби нороҳатиашро ошкор сохт.

Мулоқоту суҳбатҳои онҳо то хонаи амакаш расидааст. Охир, онҳо сӯзан нестанд, ки аз назарҳо пинҳон монанд. Тоҷинисо намехоҳад бадном шавад. Мушкилоти зиндагиаш кам буд магар, ки бори  суханчинону ғайбатчиҳоро ба дӯш гирад. Беҳтараш вохӯрию суҳбатҳоро қатъ кунанд, то  даҳони мардум баста шавад. Бадномӣ барои зан мушкил аст.

Воҳид аз ин суханони Тоҷинисо наранҷид. Гапи ҳақро мегуфт. Сири Моҳира аз чунин мулоқоту суҳбатҳои маҳрамона ошкор шуда буд. Ин фурсатест, ки Воҳид бояд ҳиссиёти худро ба Тоҷинисо ошкор гардонад. Гӯяд, ки ин аз мулоқотҳо ҳеҷ мақсади баде надорад. Боз донистан мехоҳад, ки Тоҷинисо нисбаташ чӣ ҳиссиёте дар дил дошта бошад?

Ҷавон нестанд, ки падару модарашон қисмати онҳоро муайян кунанд. Зарбаи зиндагиро  якхела хӯрдаанд.  Акнун ояндаро ҳар яке бо хости худ интихоб месозад. Мехоҳад, ки бо ӯ зиндагии навро оғоз кунад ва хоҳиши Тоҷинисоро донистан мехоҳад.

Тоҷинисо, ки аз чунин таклифи ногаҳонӣ ба ҳаяҷон омада буд, намедонист чӣ ҷавоб диҳад. Сархаму хомӯш буд, лек бо қалбаш гуфтугӯ дошт. Қалбаш ба ӯ розӣ буданро илқо мекард. Шарм мекард, ки онро ошкоро ба забон орад. Ҳамоно бо сари хам гуфт, ки бо падару модараш бояд маслиҳат кунад.

-Назди падару модарат якҷоя меравем. Мехоҳам ман онҳоро бинаму онҳо маро. Зиндагиамро пеши ту ва онҳо мекушоям, то донед, кию чикораам. Дасти туро аз онҳо талаб мекунам. Бовар дорам, дуои нек медиҳанд. Зиндагии гузашта бароямон сабақи талхе боқӣ гузошт. Он қасами вафодории ояндаамон хоҳад буд. Меравем.

Воҳид аз дасти Тоҷинисо гирифта, аз ҷой бархостанд. Тоҷинисо дасташро аз панҷаи Воҳид раҳо кардан нахост.

Аъзам МӮСОЕВ