Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ: рамзи дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек» суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Директори марказ Худобердӣ Холиқназар оид ба робитаҳои дуҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ин ду кишвари ҳамҷавор сухан ронда, изҳор дошт, ки Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда, робитаҳои дипломатиро бо Тоҷикистони соҳибистиқлол ба роҳ монда, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, обу энергетика, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳо ривоҷ дод.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов доир ба муносибатҳои қарину дӯстонаи ду миллати дорои муштаракоти диниву мазҳабӣ ва фарҳангӣ, ки аз дӯстию рафоқати ду пешоҳанги илму дониш – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ маншаъ мегиранд, андешаронӣ намуд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин номзади илмҳои филологӣ Муҳаммад Алии Хуросонӣ ва адабиётшинос Асрор Раҳмонов доир ба «Робитаҳои эҷодии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ» ва «Муносибатҳои дӯстонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар мукотиботи онҳо» маърӯза карданд.
Дар охир Худобердӣ Холиқназар изҳор дошт, ки осори гаронмояи хаттии ин ду аллома бояд пурра мавриди таҳқиқ ва хатгардонӣ (баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ) қарор дода шавад, то мероси хаттии ҳар ду миллат чун Наврӯз ҷаҳонӣ гардад.
А. Мирзозода,
«Садои мардум»