Таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ 28 марти соли равон дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» соати парламентӣ баргузор гардид. Номбурда иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим будани таъминоти об барои сокинони сайёраро ба инобат гирифта, дар Форуми VII ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии навбатиро таҳти унвони «Об-барои рушди устувор» ба миён гузоштанд. Ассамблеяи генералии СММ 21 декабри соли 2016 ин пешниҳоди Сардори давлати Тоҷикистонро пазируфта, таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» қатънома қабул кард. Онро 177 кишвари аъзои СММ ҷонибдорӣ намуданд.
Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни маърӯза дар мавзӯи «Тоҷикистон: сиёсат ва таҷрибаи кишвар оид ба масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ» қайд кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои об пайваста дастгирӣ менамояд. Чунончӣ, қабл аз ин бо пешниҳоди Тоҷикистон «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт, 2005 — 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» эълон гардида буд.
- Оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ба 25 — умин солгарди эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. — Вобаста ба ин масъала мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷаллаи «Нигориши СММ» чоп шуд. Пешвои миллат, ҳамчунин ба саволҳои хабарнигори телевизиони СММ посух доданд, — гуфт Султон Раҳимзода.
ӯ афзуд, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об нақши пешбаранда ва мақоми хос дорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сармоягузорон баҳри ҳалли мушкилоти обию энергетикии Тоҷикистон тавассути татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои обу гидроэнергетика таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Эълони даҳсолаи навбатӣ ба беш аз пеш баланд гаштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва обрӯйи Президенти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амну субот, дорои имконияту захираҳои фаровон муаррифӣ менамояд.
- Муҳимтар аз ҳама, амалишавии афзалиятҳои даҳсола боиси баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат гашта, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини оби нӯшокӣ мусоидат мекунад, — гуфт Султон Раҳимзода.
Султон Раҳимзода, ҳамчунин зикр намуд, ки 64 километри мукааб ва ё 55, 4 фоизи захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Тақсимоти захираҳои об дар ҳавзаи баҳри Арал ба нақшаи истифодаи комплексӣ ва ҳифзи захираҳои оби Амударё (соли 1987) ва Сирдарё (соли 1984) асоснок шудааст.
Султон Раҳимзода ба мавзӯи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон дахл намуда, гуфт, ки тибқи мушоҳидаҳои глятсиологии соли 2006, пиряхи Федченко ҳар сол ба ҳисоби миёна 16 метр қафонишинӣ менамояд. Дар маҷмӯъ, солҳои 1933 — 2006 пиряхи Федченко 1 километр қафонишинӣ карда, зиёда аз 15 километри мукааб ё аз даҳ як ҳиссаашро аз даст додааст.
Дар хотима Султон Раҳимзода ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон вобаста ба муносибати байнидавлатии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа оид ба масъалаҳои об, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, чораандешӣ баҳри сарфакорона истифодабарии об ва ғайра ҷавобҳои мушаххас дод.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»