Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хулосаҳо пешниҳод шуданд

№108 (3093) 29.08.2013

к3

27 августи соли 2013 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Б.Т. Худоёров ҷаласаи кумита баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи кумита бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қобили қабул дониста шуд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи  захираҳои моҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ».

Раиси кумита Б. Худоёров  моҳият ва мақсади қонунҳои қабулгардидаро  шарҳ дод. Аъзои кумита Қ.Маҳкамов, С.Хайруллоев ва Қ. Ғуломшоева  андешаҳояшонро иброз доштанд.

Хулосаҳои кумита доир ба ҳар як масъала ба таври алоҳида  баррасӣ гардида, ба кумитаҳои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа пешниҳод шуданд.

 Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.Исоев