Рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар қатори меҳмонон раиси Хазинаи ҷамъиятии «Нурой»-и шаҳри Самарқанд Ҳасан Норбеков низ ширкат дошт. Ӯ аз тамошои табиати зебоманзар ва меҳмоннавозӣ басо хурсанду мамнун буд ва таассуроти худро ба хабарнигори рӯзнома Мирзоаъзам Мақсудов, ба тариқи зайл баён дошт:
- Пеш аз ҳама, мехоҳам арзу сипоси худ ва ҳамроҳонамро ба мардуми сарбаланди ҷумҳурии ба мо ҳамсояву дӯсти Тоҷикистон дар шахси фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонам, ки якҷо бо Президенти муҳтарами мо Шавкат Мирзиёев орзуву омоли чандсолаи ду халқи ба ҳам бародару дӯстро ҷомаи амал пӯшониданд. Мо боз ба дидори якдигар расидем. Бинобар ин, мо баробари Президенти худ Шавкат Мирзиёев, Президенти шумо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ дӯст доштем.
Таърих гувоҳ аст, ки халқҳои тоҷику ӯзбек шоха ва баргҳои як дарахти азиманд, ки решаи он аз умқи таърих маншаъ мегирад. Мо аз ин сафар басо шоду мамнун ва бо таассуроти нек бармегардем. Ободиву сарсабзии се шаҳри қадима-Панҷакенту Истаравшан ва Хуҷанд моро тасхир кард. Хоса, боздид аз «Қасри Арбоб» бароямон басо муассир буд. Ба чунин хулоса омадем, ки бинои бо меҳнати ҳалоли аҳли заҳмат бунёд гардида, то абад барои тинҷиву амонӣ ва хушбахтии халқ хизмат мекунад.
То замоне ки дарвозаҳо кушода буданд, мо ба Тоҷикистон бисёр рафтуомад доштем, хусусан бо ноҳияҳои наздисарҳадӣ риштаи хешутаборӣ мустаҳкам буд. Дар чорабиниҳои фарҳангии кишвари шумо бисёр ширкат меварзидем. Мо сурудхонии Ҳофизи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон Маъруфхоҷа Баҳодуров, Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ва дигаронро бисёр дидаву шунида, лаззат бурдаем. Робитаҳои фарҳангӣ басо мустаҳкам буданд. Амри тақдир будааст, ки як муддат дур аз ҳамдигар мондем. Шукри Парвардигор, ки бо инояти ду шахсияти бузургу азиз робитаҳои дӯстиву бародарӣ аз нав эҳё шуд.
Тайи 27 сол мо ҷисман аз ҳам ҷудо ва рӯҳан якҷо будем. Президенти ҷумҳурии мо муҳтарам Шавкат Мирзиёев барҳақ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати кушодашавии гузарогоҳҳои сарҳадӣ изҳор доштанд, ки: «сарҳадҳо баста буданду дилҳоямон ба ҳамдигар пайванд».
Минбаъд шаҳрвандони кишварҳои моро зарур аст, ки дӯстиву рафоқати барқароршударо чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Бигзор дӯстиамон ҳеҷ гоҳ дигар газанд наёбад. Марҳабо, ба Самарқанди бостон! Мо интизори бародарони тоҷикистонӣ ҳастем.