Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2017 зикр гардид, ки «Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст ва яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».
Дар тақвияти гуфтаҳои Сарвари давлат қайд кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳуқуқӣ ва низоми қонунгузории мамлакат аввалин қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад, қабул гардид. Бешубҳа, қонуни мазкур дар амри беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии аҳолии мамлакат, пешгирии хароҷоти беҳудаву намоишкорона, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва низоми қонунгузорӣ саҳми беназир дорад. Аз ин рӯ, соли сипаригардида бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аҳли ҷомеа, бо мақсади боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (28 августи соли 2017, таҳти №1461) пешниҳод ва қабул гардид. Тағйиру иловаҳои воридгардидаро сокинони мамлакат бо хушнудӣ пазируфтанд.
Пешвои миллат дар Паём, ҳамчунин, аз санҷишҳои беасосу такрории субъектони соҳибкорӣ изҳори нигаронӣ намуданд, ки мутобиқи қонунҳои амалкунанда, айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Бо сабаби он ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст. Бинобар ин, Сарвари давлат бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ба ҳама гуна санҷиши фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар ду соли минбаъда мораторий эълон карданд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, ба рушди содирот таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки тибқи таҳлилҳо, рушди содирот асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатии солҳои охир бунёдгардида таъмин мегардад. Қайд шуд, ки «Танҳо дар зарфи солҳои 2016-2017 содироти маҳсулоти маъдан дуюним баробар афзуда, ҳиссаи он зиёда аз 45 фоизро ташкил додааст. Яъне, гуногуншаклии содирот ҳоло ҳам дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидааст, ки ин вобастагии кишварро аз омилҳои берунӣ зиёд мегардонад». Бинобар ин, Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро муваззаф карданд, ки ҷиҳати гузаронидани таҳлили имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бо арзиши баланди иловашуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот чораҷӯйӣ карда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат»-ро таҳия намояд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромад буда, дар рушди ҳар як давлат нақши муҳим дорад. Маҳз бо ин сабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Тавре дар Паём қайд гардид, «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Аз ин рӯ, барои рушди ин соҳа дар кишвар заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мушаххаси ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, 18-уми июли соли 2017, таҳти №1450 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул гардид, ки он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ҳамчунин, 30-юми майи соли 2017 таҳти №1423 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи онҳо даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба муҳлати 5 сол, аз санаи бақайдгирии давлатӣ, аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ) аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.
Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани кори соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, таҳти №258 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне ниҳоди алоҳида таъсис ёфт. Дар робита бо ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш доданд, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маълумоти иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030»-ро омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки баъди қабул гардидан мавриди амал қарор гирифтанд.
Қонунҳои номбурда ба дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушду нумӯи соҳибкориву сармоягузорӣ, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизоти истеҳсолӣ барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш равона шудаанд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду нумӯи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар мамлакат мусоидат намуда, боиси фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба сокинони мамлакат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва амнияти давлат, суботи ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва дар маҷмӯъ, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон