- Мегӯяд муовини раиси ноҳияи Лахш Баргигул Аббосова
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Лахш чораҳои судманд андешида мешавад.
Тавре муовини раиси ноҳия Баргигул Аббосова гуфт, табиат ва иқлими ноҳияи Лахш барои сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ аст. Солҳост, ки диққати дӯстдорону шавқмандони саёҳат ва кӯҳнавардиро қуллаҳои осмонбӯси майдони «Масквина» — и қуллаи Исмоили Сомонӣ, чашмаҳои шифобахши Тамдиқул, ҳавзи Сартоло ва водии Ҷилондӣ ба худ ҷалб кардааст. Олами ҳайвоноту парандагонаш ғанӣ ва рангин аст. Ҳар сол қариб 1000 сайёҳи дохилӣ барои табобат ва саёҳат ба мавзеи «Тамдиқул» ва беш аз 150 сайёҳи хориҷӣ ба тамошои майдони «Масквина» — и қуллаи Исмоили Сомонӣ меоянд. Гармчашмаи Тамдиқул хусусияти зиёди табобатӣ дорад ва барои муолиҷаи беморони касалиҳои асаб, пӯст, дарди буғумҳо ва занона муфид аст.
Захираҳои тиллои дарёи Мук, конҳои ангиштсанги Мук, Лахш ва Қашот, хоки кулолӣ, қум, санги мармар, обҳои маъданӣ, намак, намаксанг ва дигар канданиҳои фоиданок аз ҷумлаи боигариҳои ин гӯшаи зебои кишваранд, ки дар оянда самаранок ба роҳ мондани коркарди онҳо ба рушди соҳаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи Б. Аббосова, дар ноҳия бо мақсади рушди туризм корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар мавзеи Тамдиқул меҳмонхона бунёд ва дар доираи имконот барои меҳмонон шароит фароҳам гардид. Дар назар аст, ки ояндаи наздик ин мавзеъ ба истироҳатгоҳи воқеан муосир табдил дода шавад. Ҳоло дар ноҳия корхонаҳои дӯзандагӣ таъсис дода шудаанд, ки бонувони ҳунарманд дар онҳо ба дӯхтани либосҳои миллии тоҷикию қирғизӣ машғуланд. Ҳамчунин, корхонаи мевахушконӣ мавриди истифода қарор гирифт. Меваҳои он аз тарафи сайёҳони дохилию хориҷӣ аллакай харидор ёфтаанд. Дар ин раванд корхонаи мурғпарварӣ ташкил ва фаъолияти ҳавзҳои моҳипарварӣ низ беҳтар гардид.
- Ба нақша гирифтаем, ки барои сайёҳон сайрхати мушаххас тартиб дода, оид ба ноҳия, ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, обҳои шифобахш ва олами набототу ҳайвоноти он маълумотномаи муфассал тартиб ва дар интернет ҷой диҳем. Ҳамчунин, бо кумаки устоҳои ҳунарманд тартиб додани китобча — буклетҳои суратдор, ки табиати зебо, ҷойҳои таърихиро инъикос кунанд, дар назар аст. Ташкил намудани нуқтаҳои фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили ҷӯробу рӯймолҳо, куртаву тоқӣ ва локиҳои гулдӯзӣ, кулоҳу либосҳои миллии тоҷикию қирғизӣ, ташкил намудани воситаҳои боркашӣ барои сайёҳони хориҷӣ низ ба нақша гирифта шудааст, — изҳор намуд Баргигул Аббосова.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»