Занро ҳусни хона, шамъи оила мегӯянд. Воқеан, модар, ҳамсар, хоҳар ободии ҳар як хонадон, боиси хотирҷамъию оромии аҳли оила аст. Илова бар ин, занон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳмгузоранд.
Бонуе, ки мо ба шумо, хонандаи азиз, муаррифӣ мекунем, эҷодкору ҳуснофарин аст. Вай на танҳо ба хонаи худ, балки ба ҳусни шаҳру деҳот ҳусн зам мекунад.
Шаҳноз Раҳматуллоева аз ҷумлаи бонувони камшумор аст, ки касби меъмориро интихоб кардааст ва солҳо боз бо завқу табъи нозук тарҳҳои бузурги биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматиро эҷод мекунад. Вай соли 1991 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро бо ихтисоси меъмор хатм карда, то соли 1999 дар ҳайати кафедраи «Меъморӣ ва дизайн» ба шогирдон таълим медод. Ҳамзамон ба кори илмӣ машғул шуда, дар Донишкадаи меъмории шаҳри Москва рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.
Солҳои 2000-2005 дар коргоҳи эҷодии Меъмори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Зуҳурдинов фаъолият карда, дар таҳияи лоиҳаҳои бузурги ҳукуматӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе ва иншооти ҷашнии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб ширкат варзид. Моҳҳои март-майи соли 2005 ҳамроҳ бо мутахассисони Институти умумироссиягии алюминийи шаҳри Санкт-Петербург дар кори азнавсозии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» саҳмгузорӣ мекунад. Аз соли 2006 инҷониб ба якчанд лоиҳаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмии лоиҳакашии «САНИИОСП» роҳбарӣ карда, аз соли 2010 то имрӯз сармеъмори ин пажӯҳишгоҳ мебошад. Аъзои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон аст.
Нақши дастон ва маҳсули эҷоди Шаҳноз Раҳматуллоеваро, аз ҷумла дар бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (баъди сӯхтор ва таҷдиди он), қасри ҷавонони шаҳри Хоруғ, таълимгоҳҳои ноҳияҳои Хуросон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, гимназия дар Рӯшон, хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар дидан мумкин аст. Вай дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии бунёди лоиҳаҳои маркази бизнеси 25- ошёнагӣ дар пойтахти кишвар, таҷдиди минтақаи истироҳатии кормандони гумрук дар дараи Ромит, масҷиди ҷомеъ барои 60000 ҳазор намозгузор, осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе, майдони варзишӣ барои 25 000 нафар дар шаҳраки Данғара ва ғайра фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои муносиб гардид.
-Ман дар оилаи шахсони зиёӣ таваллуд шуда, ба воя расидаам. Модарам, ки духтур ва падарам низ ҳам духтуру ҳамзамон омӯзгор аст, бисёр мехостанд, ки ман-духтари ягонаашон низ духтур шавам. Вале, камина бештар ба нақшофарӣ. расмкашӣ, зебоиофарӣ завқ доштам, табиати зебову дилфиреби диёрамон маро мафтун карда буд. Бинобар ин, волидон ба хоҳишам зид набаромаданд ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ шуда, касби меъмориро аз худ кардам. Бародарам Асадулло дизайнер аст. Дар корҳои эҷодиам ҳамсарам Иброҳим Раҳматуллоев, ки муҳандиси ҶСК «Саноатсоз» мебошад, ёрӣ мерасонад. Шукр, як духтару як писар дорам. Духтарам Насиба роҳи маро интихоб кардааст ва алҳол донишҷӯйи курси сеюми Коллеҷи рассомии ба номи Олимов, писарам Умед дар синфи ҳафтум мехонад,- мегӯяд Ш. Раҳматуллоева.
Вақте аз корҳои минбаъдаи эҷодиаш пурсон шудем, вай тарҳи лоиҳаҳои зиёди биноҳои ҳозиразамонро нишон дод, ки ҳар кадом ниҳоят ҷолиб ва назаррабо буданд.
-Дар арафаи Рӯзи Модар фикре пайдо шуд, ки тарҳи лоиҳаи «Қасри Модар»-ро омода кунам. Тамоми модарону хоҳарони арҷмандро ба муносибати ид табрик карда, барояшон хушбахтӣ таманно дорам,- иброз намуд дар поёни суҳбат Шаҳноз Раҳматуллоева.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»