Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе

№47 (3841) 17.04.2018

40716199944_2dc77d69ab_o13 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ ба маҳаллаи 82 — юми пойтахт ташриф оварда, бо рафти корҳои сохт­монии эстакада аз наздик шинос шуданд.

Маълум гардид, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расидааст. Ҳоло мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони иншооти мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 оғоз ёфта буд. Он вақт Роҳбари давлат ба фармоишгарону пудратчиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дас­тури қатъӣ дода буданд. Мутобиқи лоиҳа, сохтмони иншоот бояд 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, пурра анҷом дода шавад.

Тарҳи мазкур дар доираи ­лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» амалӣ мегардад ва имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамониат ба роҳ монда шавад.

Чорсӯи нав аз се сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуюми чорроҳа роҳи давродаврӣ ва дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур чор роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтаанд, ки феълан таъмиру муҷаҳҳазсозии онҳо бо системаи рӯшноидиҳӣ ҷараён дорад.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида, назорати сифати сохтмон аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба роҳ монда шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздик ба 170 нафар ҷалб шудаанд, ки 150 нафари онҳоро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва бо маоши хубу саривақтӣ таъминанд.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян-Бейсин»- и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Аснои суҳбат бо сохтмончиён Пешвои миллат ба корҳои анҷом­ёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф, назорати сифати корҳои боқимонда ва анҷоми саривақтии сохтмон ҷалб намуданд.

Қобили зикр аст, ки амалишавии тарҳ ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, рафтуои бехатари пиёдагардонро таъмин менамояд ва роҳи чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта мешавад.

ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи дуюми лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» оғоз бахшиданд.

Тавре маълум шуд, дар ин марҳила аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе роҳи мошингард пурра навсозӣ мегардад.

Пудратчии он Ширкати «Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп»- и Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардидааст. Назорати сифати корҳоро Ширкати машваратии «Эптиса»-и Испания ба уҳда дорад. Тибқи лоиҳа, чорроҳаи назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пурра навсозӣ карда мешавад.

Зимни муаррифии тарҳ зикр гардид, ки паҳноии роҳ ба 68 метр расонида мешавад ва то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе ҳашт хатти ҳаракат бунёд мегардад. Ба изофа, сохтмони чор хатти иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар назар аст, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми ­навъи нақлиётро таъмин карда, тамбашавиро аз байн мебарад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони лоиҳаро ба назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид доштанд, ки бояд роҳ мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.

26559532117_462c84ac6b_o13 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар боғи «Сангин» — и шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавзеи бунёди ангоравии Маҷ­мааи «Истиқлол ва Озодӣ»-ро аз назар гузарониданд.

Масоҳати умумии боғи «Сангин», ки дар он Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф дар гулгашт ва роҳравҳои назди маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» изҳор доштанд, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайругашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.

Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва сохтмончиён барои анҷоми корҳои босифат дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор доштанд, ки дар оянда низ бо вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, сабз­гардонӣ ва фароҳам сохтани шароити беҳтар барои сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат дар мавзеи Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири сояафкан шинонида шавад.

13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ­Рустами ­Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд.

Фармоишгари он Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Комплекс» мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад.

Ба ғайр аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Комплекс» дар корҳои сохтмонии Маҷмааи универсалии варзишӣ, инчунин 19 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз аввал дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромадан беш аз 600 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои «Ростовгипрошахт»-и Федератсияи Россия бо дарназардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки зебои­ҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад. Маҷмааи универсалии варзишӣ дар мавзеи хеле дилфиреб, дар болои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём, дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ мебошад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохт­мону ободонӣ ва ҷараёни корҳо, ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи универсалии варзишӣ дар майдони қариб 10 гектар бунёд мегардад.

Дар он қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, дигар намудҳои варзиши обӣ ва ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Аз ҷумла, 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. ­Қасри калони варзиши обӣ бошад, дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо барои хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла, барои бозиҳои олимпӣ, пешбинӣ шудаанд. Дар маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола то пиронсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар он ҷо ҳавзҳои чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Ҳавзҳо бо баландиҳои 1.5, 3, 7 ва 10 метр мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ сохта мешаванд.

Дар ҳавзи шиноварии болокушода се намуди варзиши обӣ, аз ҷумла, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои болои об барои занону мардон ва ҷаҳидан ба об, дар қасри намудҳои варзиши обӣ панҷ намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ дар масофаи дароз, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш дар об гузаронидан мумкин аст. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва ороишоти дилписанд пешбинӣ шудааст.

Баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои назорат аз рӯйи корҳо дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

13 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохт­мони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо супоришҳо доданд.

Баъди бунёди гулгашти нав, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ бо дастури Пешвои миллат сохта мешавад, барои сокинону меҳмонони пойтахт макони дилфиреби сайругашт муҳайё мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатии пойтахтро ба сифати баланди корҳо ва иҷрои тадбирҳои ободонии муҳит бо завқи баланди зебоипарастӣ ҷалб карданд.

Бунёди боз як гулгашти нав дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои шаҳрвандони мамлакат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат мебошад ва он имкон медиҳад, ки Душанбе, дар ҳақиқат, ба шаҳри гулҳо мубаддал гардад.

www.president.tj