26 – уми апрел - Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ

Нӯъмонҷон Набизода: «Барои рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ заминаи ҳуқуқӣ мавҷуд аст»

№51 (3845) 26.04.2018

VjpuСуҳбат бо сардори ­шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмонҷон Набизода роҷеъ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф

- Дар мамлакат фаъолият дар соҳаи моликияти зеҳниро кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд?

- Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон аз тамоми соҳа, аз ҷумла соҳаи моликияти зеҳнӣ, ки яке аз институтҳои он ҳуқуқи муаллиф аст, тақозо намуд, ки роҳҳои самарабахши ҳифзи ҳуқуқи муаллиф пайдо карда шавад. Аз ин рӯ, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳо зарурати қабули қонунҳои нав, ки ҷавобгӯйи талаботи аҳли эҷоди кишвар ва созишномаҳои байналмилалӣ бошанд, ба миён омад.

Барои беҳтар ба роҳ мондани кор дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф омилҳое мавҷуданд, ки бе ҳалли онҳо ба пешрафти соҳа муваффақ шудан ғайриимкон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани муносибати байни муаллиф ва истифодабарандагони асари онҳо қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул намудааст:

- Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3, фасли 5, боби 57 «Моликияти зеҳнӣ»). Дар кодекс муқаррароти асосӣ оварда, масъалаҳои танзими соҳавии моликияти зеҳнӣ ба қонунҳои соҳавӣ интиқол дода шуданд;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (13 ноябри соли 1998) баъдан бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи аҳдномаҳои байналмилалӣ ва бо дарназардошти рушди техникаву технология ба он панҷ маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади шарҳ додани мафҳуми «интишори аввалин» мутобиқи банди 3, моддаи 4 Конвенсияи Берн оид ба ҳимояи асарҳои адабӣ ва бадеӣ, аниқ намудани асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф пазируфта намешаванд, ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволии муаллифон ҳангоми иҷрои вазифа ва супориши хизматӣ дар эҷоди асар, ҳамчунин, тартиби бақайдгирии асар, соли 2003 ба қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуд.

Соли 2006 бо мақсади ба қонун ворид намудани мафҳуми «реҷаи миллӣ», ҳимояи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шакли рақамӣ ва истифодаи воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он тағйи­рот ворид гардид.

Соли 2009, баъд аз вохӯриҳои дуҷониба бо ­аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо ва мутобиқ намудани қонун ба талаботи банди 1, моддаи 18 Конвенсияи Берн, банди алоҳида оид ба «қувваи боз­гашт» нисбат ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, объекти ҳуқуқи муаллиф пазируфтани қисме аз асар ва талабот оид ба таъсиси идораҳои дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон, тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Соли 2014 бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон, бо дарназардошти сатҳи таваррум, ҳамчунин нигоҳ доштани мувозинати байни пардохт ва андозаҳои ҳаққи қалам ба қисми 7 моддаи 26-и қонун тағйирот ворид карда шуд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ва фиреби истеъмолкунандагон (моддаҳои 156 ва 294) пешбинӣ менамояд.

Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 22 ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дахл дошта, «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» ном дорад ва он моддаҳои 375 – 381- ро дар бар мегирад, ки панҷ моддаи он ба масъалаҳои ҳуқуқи муаллиф вобастагӣ дорад.

Дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон боби алоҳида — «Боби 54. Андешидани чораҳо нисбат ба моли алоҳида аз тарафи мақомоти гумрук» ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дахл мекунад.

Баъзе аз масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», аз 19 марти соли 2013 (моддаҳои 14,19,25,28,29 ва 31), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» аз 23 июли соли 2016 (моддаҳои 8,16 ва 17) ба танзим дароварда мешаванд.

Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» зарурати таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯйи қонунҳои амалкунанда ва талаботи созишномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пеш омад. Бо ин мақсад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт ва санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ, барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» аз 1 августи соли 2006, №37, «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои иҷрои асарҳои адабиёт ва санъат, таҷдиди асарҳо дар шакли сабти овозӣ (механикӣ), паҳнкунии нусхаҳои сабтҳои овозӣ ва асарҳои аудиовизуалӣ, ҳамчунин аз нав офаридани асарҳои ­санъати тасвирӣ ва истеҳсоли асарҳои санъати ороишӣ» аз 1 июли соли 1999, №252 ва «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои корҳои нигоришӣ-бадеӣ ва аксабардорӣ дар матбуот» аз 4 феврали соли 2002, №37 ба тасвиб расиданд.

- Зарурати қабули қарорҳо дар чӣ буд?

- қарорҳо андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифро ҳангоми офаридани асарҳои илм, адабиёт ва санъат муайян менамоянд ва аз қарорҳои қаблан қабулгардида фарқ доранд. Ин фарқият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки меъёрҳои ҳадди аксари ҳаққи қалами муаллиф эътибори худро гум кардаанд ва акнун давлат танҳо ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифонро муайян мекунад. Яъне, тарафҳо ҳангоми имзои шартнома метавонанд андозаи ҳаққи қаламеро, ки лозим медонанд дар қарордод зикр намоянд, вале на камтар аз андозаи ҳаққи қаламе, ки дар қарор нишон дода шудааст.

-Табиист, ки барои пешбурди соҳаи моликияти зеҳнӣ низ эътирофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ амри воқеӣ аст…

- Бале. Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба соҳаи ҳуқуқи муаллиф конвенсия ва аҳдномаҳоеро ба имзо расонидааст, ки онҳо сарчашмаи муҳими ҳуқуқӣ дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, ба муаллифон имкон медиҳанд ҳангоми нашр ва паҳн кардани асарҳо дар хориҷа аз ҳуқуқҳояшон истифода кунанд. Қабули қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба талаботи созишномаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст, ба Тоҷикистон имкон дод, ки узви чанд конвенсия ва аҳдномаҳо шавад. Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф (соли 1992), Конвенсияи Берн оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (соли 2000), Конвенсия оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва ташкилотҳои радио ва телевизион (соли 2008), Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (соли 2009), Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (соли 2011) ва Конвенсия оид ба ­ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо (соли 2012) аз ҳамон ҷумла мебошанд. Ҳамчунин, Тоҷикистон узви Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (соли 1993), Созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ (соли 1998), Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба ташкили мубодилаи иттилооти байнидавлатӣ ва ташкил кардани махзани ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (соли 2009) мебошад.

- Барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонун, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ чӣ тадбирҳо бояд андешид?

- Густариши муносибатҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, имзои муоҳидаҳои илмиву фарҳангӣ, таҳкими муносибатҳои соҳавӣ, пайвас­тан ба созмонҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, табодули арзишҳои фарҳангӣ талаб мекунад, ки ба мутобиқгардонии қонунҳои соҳавӣ ба созишномаҳои байналмилалӣ, танзими муносибатҳои байни муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, ҳифзи манфиатҳои муаллифони дохилӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Ҳуқуқи муаллиф ҳуқуқи эҷодкори асар аст, аз ин рӯ, дар баробари мақомоти дахлдор муаллифон низ бояд аз манфиатҳо ҳимоя кунанд. Барои ин заминаи ҳуқуқӣ мавҷуд аст ва кормандони соҳа ҳамеша омодаанд мусоидат намоянд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»