Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аскар Мамин

№52 (3846) 28.04.2018

40810747435_45bd92122e_o26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аз тамоюли мусбати ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари бобарори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаро, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар самти идомаи якҷояи кор оид ба татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ ба даст омад, муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳар чӣ зудтар дар амал татбиқ намудани бастаи санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла «Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар» — ро махсус таъкид намуданд.

Инчунин, масъалаи баланд бардош­тани сатҳи робитаҳо дар доираи ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар он рушди маҷмӯии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мегардад, муҳокима карда шуд.

Рушду таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, диверсификатсияи тиҷорат миёни ду кишвар, байни минтақаҳо, ­субъе­кт­ҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва саноати сабук, бахусус дар соҳаҳои энергетика, туризм, кишоварзӣ, бахшҳои алоқа, нақлиёт, транзит, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳсилоти олӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба саҳм ва нақши ҷаласаи охирини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

www.president.tj