26 апрели соли ҷорӣ — Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ, дар саҳни Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан ҳамоиши ботантана бо иштироки сафирони ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус дар Тоҷикистон Никитюк Виктор Олегович ва Иванов Олег Николаевич, намояндагони Иттифоқи маъюбони Чернобили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Суғд маросими пардабардорӣ аз рӯйи муҷассама ба хотири шаҳидони садамаи Чернобил баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода дар фазои тантанавӣ доир ба саҳми ҷавонмардони истаравшанӣ дар бартараф кардани садамаи Чернобил, фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и шаҳри Истаравшан маълумот дода, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
Раиси Иттифоқи маъюбони Чернобил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯйчӣ Отабоев аз ҷоннисориҳои ҷавонмардони тоҷик изҳор доштанд, ки халқҳои Украина ва Беларус корнамоии фидокоронро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар ташкилот 1856 нафар иштирокчии Чернобил, аз ҷумла 1472 нафар маъюб, 214 оилаи бесаробонмонда ва 1621 нафар фарзандони онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки зери ғамхории доимии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд» аз имтиёзҳои гуногун бархӯрдор мебошанд.
қисмати ҷамъбастии чорабинӣ дар тарабхонаи «Садбарг» идома ёфта, санъаткорони шаҳри Истаравшан бо суруду тарона табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Ҳ. Назрулло,
«Садои мардум»