Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии ватанӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев 18 апрели соли 2018 дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Қатъ гардидани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар мамлакатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ», ки бо иқдоми Хазинаи байналмилалии асъор, гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид, ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ, инчунин ҳайати ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони бонкҳои муросилотии ҷаҳонӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва мақомоти танзимкунанда иштирок доштанд.
Ҳамоишро муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор Тао Чжан ифтитоҳ намуд.
Дар қисмати аввали чорабинӣ саҳми ташкилоти байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкии кишварҳо баррасӣ шуд. Вобаста ба мавзӯъ ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда муовини дабири кулли Шӯрои суботи молиявӣ Рупер Торн, сардори хадамоти Департаменти низоми пулию қарзӣ ва бозорҳои сармояи ХБА Анантакришнан Прасад, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои бахши молияи Бонки ҷаҳонӣ Эмилӣ ван дер Дус де Виллбуа маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар ин қисмат ба кори ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва саҳми онҳо дар мусоидат ба муколамаи байналмилалӣ ва дастгирии мақомоти расмии давлатҳо дар таҳкимбахшии сиёсати давлат дар самти коҳиш додани хавфҳои қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфӣ баҳогузорӣ шуд. Зимни муҳокимаронӣ пурзӯр намудани риояи қонунгузорӣ оид ба МҚД/МТ, аз ҷумла малакаи нозирони комплайнси бонкҳо, мутобиқ намудани фаъолият ба стандартҳои байналмилалӣ ва тавсияҳои ФАТФ, инчунин таҳким бахшидани робитаи бонкҳо бо бонкҳои муросилотии хориҷӣ бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, вусъат бахшидани назорат аз ҷониби мақоми танзимгар, таъмини шаффофияти бонкҳо ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба имконияти ХБА дар таҳким бахшидани муколамаи мусоид ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ барои кишварҳои минтақа, инчунин саҳми ширкатҳои консалтингӣ дар таҳкими муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти роҳбаладии ХБА барои муколамаи мусоид дар минтақа баҳри рушди иқтисодиёт ва суботи молиявӣ андеша баён дошт. Доир ба саҳми институтҳои байналмилалии молиявӣ ва нақши онҳо дар ҳалли мушкилоти муносибатҳои муросилотии бонкӣ муовини якуми раиси ҶСК «Ориёнбонк» Шуҳрат Исматуллоев, раиси ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» Энтем Гиямшо Лама ба суолҳои худ посух гирифтанд. Дар баррасӣ намояндагони низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ фаъолона иштирок карда, пешниҳод ироа карданд. Оид ба пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм, (МҚД/МТ СҚО) директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ба иштирокдорон, инчунин маърӯзаи намояндаи ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар мавзӯи «Мушкилоти қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» пешниҳод шуд.
Дар идома иштирокдорон тағйироти минтақавӣ дар соҳаи муносибатҳои муросилотии бонкиро баррасӣ намуда, натиҷаи тадқиқот оид ба мушкилоти қатъ шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ, аз ҷумла табодули таҷрибаи иштирокдоронро баррасӣ намуданд.
Дар қисмати дигари ҷаласа қарорҳо дар заминаи бахши хусусӣ, муколамаи байни бонки муросил бо бонки респондент дар бораи қарорҳои мушаххаси соҳа баҳри беҳбудии идентификатсия кардани муштариён, санҷиш ва табодули маълумот дар бораи муштариён ва бенефитсиарҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, пайомадҳои эҳтимолӣ, муҳлати амалӣ шудани қарорҳо ва монеаҳо дар қабули қарорҳои соҳа баррасӣ гардид.
Дар хотима директори Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷиҳад Азур ба иштирокдорон барои ширкати фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки кор дар самти муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома ёфта, ҳар як андешароние, ки сурат гирифт, дар амал татбиқ карда мешавад.
- Ҳамин тариқ, муколамаи байни бонкҳои муросил ва бонкҳои респондент бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкӣ идома ёфта, ҳар як иштирокчӣ дар ин самт бояд саҳмгузорӣ намуда, барои ноил шудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ талаботи заруриро иҷро намояд. Барои ба даст овардани маълумоти боз ҳам мукаммал дар атрофи масъалаҳое, ки баррасӣ шуд, тадқиқоти иловагӣ гузаронида шуда, дар дурнамо самтҳои асосӣ барои татбиқи муносибатҳои муросилотии бонкӣ муайян хоҳад шуд, — афзуд Ҷиҳад Азур.
Қобили қайд аст, ки дар ҷаласа ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони як қатор бонкҳои ҷумҳурӣ, аз қабили БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Спитаменбонк», ҶСК «Эсхата», ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ҶСК «Соҳибкорбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶДММ ТАҚХ «Арванд» ширкат варзиданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ