4 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбарро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки айни замон ҳамкории кишварҳо дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷараёни мусбат касб кардаанд ва мо ҷонибдору ҳавасманди густариши равобити гуногунҷанба бо Ҳиндустони дӯст ҳастем.
Татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба номида шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо татбиқи бештари тарҳҳои зербиноии миллию минтақавӣ, бахусус, дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, неругоҳҳо, таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ талош меварзад.
Таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла намак, шакар, шарбатҳои гуногун, коркарди мева, сабзавот, маъданҳо ва фармасевтика барои рушди иқтисодиёти кишварҳо судовар арзёбӣ карда шуд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, соҳаҳои туризм ва синамо аз имконитҳои дигари фаровони муносибатҳои дуҷониба маънидод гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба мавқеи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам дар самти аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли қазияи Афғонистони ҳамсоя ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар иброз дошт, ки «Ҳиндустон шарики табиӣ ва боэътимоди Тоҷикистон аст. Роҳбарияти олии кишвари мо нақши калидии Шуморо дар роҳи пешгирии терроризм эътироф менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳ ва сарҳадоти набард бо ин зуҳуроти нангин қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон саҳми бориз ва талошҳои пайвастаи пурсамари Шумо, Ҷаноби Олиро, ки минтақаро аз ин вабои сирояткунанда раҳоӣ бахшидед, арзишманд дониста, бо итминон таъкид менамояд, ки Тоҷикистон наҷотбахши на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки фаротар аз он, то кишварҳои Каспий ва баҳри Сиёҳ, мебошад».
4 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳама арса ноил хоҳем шуд».
Аз робитаҳои бародарӣ ва мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди амалии ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт шароити мусоид фароҳам мебошад.
Ҷонибҳо ҷоннок кардани кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои ҷалби сармояи Қатар дар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин робита истифодаи иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва технологии Қатар ҳамчун омили муҳими рушди устувори кишварҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ номида шуд.
Ҷонибҳо оид ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо хатарҳои даҳшатбор низ, табодули андеша намуданд.
www.president.tj