Агар ба фаъолият ва таҷрибаи кории ҳизбҳои сиёсии динӣ назар андозем, онҳо ҳама ҷонибдори ҷангу ҷидол ва барангехтани кинаву адоват дар ҷомеа буда, бо ин усул мардумро тарсонида, давлату ҳукуматро идора карданӣ мешаванд. Махсусан, ҳизбҳои динӣ-сиёсии кишварҳои мусалмоннишин басо хатарнок ва манбаи сар задани амалҳои номатлуб мебошанд, зеро таҷрибаи давлатдорӣ ва вазъияти ҷамъиятӣ — сиёсии кишварҳои олами ислом нишон медиҳад, ки ҳизбҳои динӣ аслан барои рушди давлату давлаторӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум нақши мусбат надоранд. Кишварҳое, монанди Афғонистон, ки 40 сол даргири ҷанг аст, Либия, Судон, Ироқ, Сурия, Яман ва ғайра низ дар натиҷаи фаъолияти муғризонаи аҳзоби сиёсии динӣ ба бадбахтию харобӣ гирифтор шудаанд. Омили асосии даргирии сиёсӣ дар ин кишварҳо муборизаи ҳизбҳои динӣ аст, ки мехоҳанд ҳокимиятро ба даст гиранд. Яъне, ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад афкори худро бар аксарият таҳмил диҳад ва бо истифодаи зӯрӣ сохти давлатро дигар намояд. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо бо роҳи муборизаи қонунӣ, яъне пирӯзӣ дар интихоботҳо, ба қудрат даст намеёбанд ва маъмулан бо усули муборизаи ғайриқонунӣ, аз ҷумла роҳандозӣ кардани табаддулот ва шӯришҳо, мекӯшанд ба сари ҳокимият биёянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охири замони шӯравӣ бо дастгирию пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ гурӯҳи ифротие зери номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳам омад, ки бо фаъолияти тахрибкорона тамоми бадбахтиро ба сари миллат овард. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ташкилоти террористию экстремистии (ТТЭ) ҲНИТ солҳои 70 — уми асри гузашта мавзӯи бо зӯрӣ ба сари қудрат омадан ва табдили сохти давлати дунявӣ ба диниро дар ҷомеа матраҳ мекард. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фурсатро муносиб дониста, ба амалӣ сохтани нақшааш, яъне ғасби ҳокимият, амалан оғоз намуд. Бо ин мақсад дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карда, сабабгори кушта шудани одамони зиёд ва харобӣ гардид. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлат ва дастгирии мардуми огоҳ оташи ҷанг хомӯш карда шуд ва дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардид.
Баъд аз хотима ёфтани ҷанги дохилӣ гуноҳҳои ТТЭ ҲНИТ бахшида, ба он имконияти фаъолияти расмӣ дода шуд. Ҳатто намояндагони он аъзои парламенти кишвар низ гардиданд. Аммо ҳизб аз ҷониби аксарияти мутлақи аҳолӣ дастгирӣ наёфт (мардум баъди аз сар гузаронидани ҷанги дохилӣ то кадом андоза хатарнок будани наҳзатиҳоро медонист) ва дар интихоботҳои баъдӣ наҳзатиҳо пайи ҳам ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд.
Роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИТ чун диданд, ки бо роҳи интихоботу қонунӣ ба қудрат расида наметавонанд, оқибат ниқоб аз чеҳраи аслӣ бардоштанд ва даст ба табаддулоти давлатӣ заданд. Аммо кӯшиши хоинонаи кудатои низомии наҳзатиҳо, ки сентябри соли 2015 бо дасти Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода роҳандозӣ гардид, низ шикаст хӯрд. Сохторҳои қудратӣ бо дастгирии мардуми огоҳи кишвар тавонистанд дар муддати ниҳоят кӯтоҳ хатари мазкурро рафъ созанд ва пеши роҳи амалӣ шудани нақшаҳои бадхоҳонаи наҳзатиҳоро гиранд. Вобаста ба ин, метавон натиҷа гирифт, ки боз як нақшаи палидонаи доираҳои манфиатдори хориҷӣ, ки мехостанд дар кишвар бо роҳи зӯрӣ ва истифодаи наҳзатиҳои зархарид табаддулот анҷом диҳанд, татбиқ нагардид.
Ба ҳама маълум аст, ки наҳзатиёни террорист, ҳамон тавре ки хоҷаҳои хориҷиашон ба онҳо омӯзонида буданд, хостанд дар гирифтани қудрати сиёсӣ аз дини мубини ислом суиистифода кунанд. Пазируфта шудани роҳбари ТТЭ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар хилофи он ки ҳизб террористӣ ва мамнуъ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Зеро ҳама ба хубӣ медонанд, ки ТТЭ ҲНИТ як гурӯҳи басо хатарнок ва таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ мебошад. Тахрибкорию нооромии солҳои навадуми садаи гузашта маҳз дар натиҷаи фаъолияти он ба амал оварда шудаанд.
Хушбахтона, амалҳои ваҳшатангез ва даҳшатбори роҳбарони наҳзатии террорист дер напоид ва онҳо шармандавор тарки кишвар намуданд. Аксарияти аъзои одии ТТЭ ҲНИТ баъди фаҳмидани мақсадҳои аслии роҳбарони наҳзатӣ аз он хориҷ ва ба корҳои созандагӣ машғул шуданд. Умуман, солҳои охир мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфтааст. Ҳоло озодии динӣ дар кишвар таъмин аст ва ҳама маросим тибқи муқаррароти аслиашон баргузор мешаванд. Инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист. Маҳз корҳои фаҳмонидадиҳӣ, ки солҳои охир ниҳодҳои марбутаи кишвар анҷом доданд, барои аз асл ва моҳияти ислом огоҳ гардидани мардум ва аз бунбасти фикрӣ раҳонидани ҷомеа мусоидат намуданд, ки зарбаи шадиде ба ТТЭ ҲНИТ аст ва боиси нороҳат ва асабӣ гардидани аъзои он шудааст. Зеро мардуми огоҳ ва бедори кишвар дигар аз дурӯғу туҳмат ва амалҳои дигари зишти наҳзатиҳои террорист бохабаранд ва намегузоранд дубора дар Ватан ягон амали душманона анҷом диҳанд.
Тавре аз таърихи пайдоиш, ташаккул ва фаъолияти аксари ҳизбҳои сиёсӣ маълум аст, онҳо доимо барои пешрафти ҷомеа, болоравии некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвари худ кӯшиш менамоянд. Барои татбиқи ин мақсадҳо, новобаста аз он ки дар сари қудрат ҳастанд ё не, иқдом ва барномаҳои ҷолиб пешниҳод мекунанд. Аммо ТТЭ ҲНИТ ҳатто дар замони ба таври расмӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият доштан ҳам дар ягон самти зикршуда кӯшиш накардааст. Барои шукуфоӣ ва оромию суботи ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ нақше нагузоштааст.Баръакс танҳо ба фаъолияти тахрибкоронаю душманона даст задааст. Масъулони он ҷавононро мағзшуйӣ карда, барои ворид гардидан ба ташкилоти террористӣ водор сохтаанд.
Агар фаъолияти ТТЭ ҲНИТ-ро таҳлил намоем, дар он аломатҳои як ташкилоти террористию экстремистиро ошкоро мебинем. Зуҳуроти номатлуби терроризм, экстремизм, савдои одамон, қатлу куштор, ғоратгарӣ, бо зӯрӣ ғасб кардани ҳокимият аз тарафи роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИТ дар пеши чашми аҳли ҷомеа анҷом дода шудаанд.
Вобаста ба ин, мамнӯъ ва террористӣ эълон кардани ТТЭ ҲНИТ ва мубориза бар зидди он амали дуруст буда, дар таъмини амнияти Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ нақши ниҳоят муҳим дорад. Бояд тамоми тадбир андешида шавад, ки минбаъд пеши роҳи амалҳои бадхоҳонаи ин ташкилоти террористӣ гирифта шуда, роҳбарону масъулини фирории он дастгир шаванд, то дар назди қонун ва мардум барои амалҳои ҷинояткорона ҷавоб гӯянд.
Нодири ҚОДИР