Бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 — 19 майи соли ҷорӣ Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор гардид.
Дар он намояндагони ташкилоти ҷавонон, муассисаҳои таълимӣ аз ҳашт кишвари дунё – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Тоҷикистон ширкат намуданд.
- Мақсад аз ташкили ҳамоиш дастгирии ҳаракати волонтёрӣ ва ҷалби онҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ дар ИДМ буд, — гуфт ба хабарнигорамон директори Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон»-и Тоҷикистон Зиёда Хуҷаназарова. — Чорабинӣ аз гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт. Иштирокчиён аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карда, чорабиниҳои асосӣ таҳти унвони «Саҳми волонтёрҳо дар ҳифзи мероси фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар минтақаи истироҳатии «Явроз»-дараи Ромит доир гардиданд. Дар анҷом ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравии дар онҳо манзараҳои дилфиреб ва ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон инъикосёфта тақдим гардид.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»