ва ё рӯза танҳо гуруснагию ташнагӣ кашидан нест
Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари рӯза,
Дидӣ ҳунари хӯрдан, бингар ҳунари рӯза.
Шайтон ҳама тадбираш, в- он ҳиллаву занҷираш,
Бишкаст ҳама тираш пеши сипари рӯза.
Мардуми мусулмони кишвар моҳи пур аз раҳмату мағфират, файзу баракат ва айёми иҷобати дуоҳо, яъне Рамазонро истиқбол гирифтанд. Бартарии Рамазон дар он аст, ки Худованд дар ин моҳи шариф «Қуръон»-и Каримро ҳамчун роҳнамо барои бандагон нозил кард. Ин нукта дар ояти 185-уми сураи «Бақара» чунин таъкид шудааст: «Рамазон моҳест, ки дар он барои роҳнамоию ҳидояти мардум ва (ҳамчун) баёнкунандаи фарқ (миёни ҳақ ва ботил) «Қуръон» нозил шудааст. Пас касе аз шумо ин моҳро дарёфт, рӯза бигирад. Агар касе бемор ё дар сафар бошад, пас (дар ин айём хӯрда) дар замони (мусоиди) дигар идда (иваз) — и онро бидорад. Худованд барои шумо осониро мехоҳад ва хоҳони душворӣ нест».
Рӯза гирифтан мактаби мустаҳкамсозии ирода буда, сабру қаноатро меомӯзад. Рӯзадор аз субҳ то шом аз хӯрдан, нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ кардан худдорӣ менамояд. Ҳеҷ чиз дар танҳоӣ ба ӯ барои хӯрдану нӯшидан халал нарасонад ҳам, тарси Худо ӯро аз ин амалҳо бозмедорад. Рӯзадор дар дил эҳсос мекунад, ки Худованд ӯро мебинад ва аз аҳволаш огоҳ аст. Кош ҳамин ихлосу тасаввуротро дар поксозии ахлоқ низ истифода барад. Зеро рӯзадорӣ танҳо аз гуруснагию ташнагӣ кашидан иборат нест.
Чунончӣ Шайх Фаридуддини Аттор мефармояд:
Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯзаест,
То рӯзаи ту рӯза бувад назди Кирдугор.
Рӯзадор бояд чашм, гӯш, забон, дасту пой ва дилро аз ҳаром нигоҳ дорад. Рӯзаи забон ин аст, ки кас бояд аз дурӯғгӯӣ, ғайбат, фаҳшгуфторӣ, дашном, лаънат кардан, қасами дурӯғ хӯрдан нигоҳ дорад.
Рӯзаи даст ин аст, ки дуздӣ накунад, ришва (пора) нагирад, ҳаққи касеро нахӯрад, дасташро сӯи номаҳраму моли ятимон дароз накунад ва касеро озор надиҳад. Расули Худо (с) фармудаанд: «Мусулмони ҳақиқӣ онест, ки дигарон аз (зарари) дасту забони ӯ эмин бошанд».
Рӯзаи пой ин аст, ки бо мақсади дуздӣ, зино, қиморбозӣ ва маҳфилҳое, ки он ҷо хавфи сар задани гуноҳ аст, наравад.
Рӯзаи гӯш ин аст, ки аз шунидани чизҳои бемаънӣ, ғайбат ва сафсата худро нигоҳ дорад.
Рӯзаи чашм ин аст, ки аз дидани ҳаром, мисли тамошои филмҳои фаҳш, мутолиаи китобҳои фаҳш, нигоҳ кардан ба суратҳои фаҳшу ғайриахлоқӣ, ба занони номаҳрам бо нияти бад нигаристан худдорӣ намояд.
Абуубайда ном саҳоба нақл мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Рӯза сипар аст, то вақте ки онро пора накунанд». Ҳамон гуна ки инсон ба воситаи сипар худро аз зарбаи душман ҳифз менамояд, ҳамчунин рӯзадор низ ба воситаи рӯза худро аз васвасаҳои шайтон эмин медорад. Ҳамчунин рӯза сипарест аз оташи дӯзах.
Шахсе аз Расули Худо (с) пурсид, ки ин сипар бо чӣ пора мешавад? Паёмбар (с) дар ҷавоб фармуданд: «Бо дурӯғ ва ғайбат пора мешавад».
Тавре аз ҳадиси боло бармеояд, рӯза то он даме сипар аз шайтону аз оташи дӯзах аст, ки агар рӯзадор сухани бад ба забон наёварад ва амали ҷоҳилонро анҷом надиҳад.
Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки фармуданд: «Рӯза надорад касе ки дар соя нишаста, гӯшти мардумро мехӯрад, яъне ғайбат мекунад».
Ҷобир (р), ки яке аз саҳобагони ҷалилулқадр аст, мефармояд: «Агар рӯза гирифтӣ, гӯш, чашм ва забонатро аз дурӯғу чизҳои ҳаром нигоҳ дор ва ҳамсояро азият макун. Виқору вазниниро бар худ одат кунон. Рӯзеро, ки дар он рӯза мегирӣ бо рӯзи муқаррарӣ баробар макун».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки айёми рӯзадорӣ бояд аз рӯзҳои берӯза будан фарқ кунад. Савоби рӯзадорӣ бо фаҳшу дашномдиҳӣ, ғайбату дурӯғгӯӣ ва дигар афъоли бад барбод наравад.
Мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ бисёр касон ин ҷанбаи ахлоқии рӯзаро фаромӯш кардаанд. Иддае аз мардум бо вуҷуди рӯзадорӣ ҳамдигарро дашном медиҳанд, ғайбат мекунанд, туҳмат мезананд ва қасами ноҳақ мехӯранд. Билохира, аз рӯза ғайри азоби гуруснагию ташнагӣ чизи дигаре боқӣ намемонад. Дар ин хусус Расули Худо (с) фармудаанд: «Чӣ басо рӯзадороне ҳастанд, ки насиби онҳо аз рӯза танҳо гуруснагию ташнагӣ аст. Ва чӣ басо афроде ҳастанд, ки дар шаб қиём намуда, (гӯё) ибодат менамоянд, аммо барои онҳо (аз сабаби риёкориашон) ба ҷуз машаққату шаббедорӣ чизи дигаре нест».
Мавлавӣ Исмоил Арбоб дар шарҳи ин ҳадис чанд қавли уламоро зикр кардааст:
Якум, шахсе ки тамоми рӯз рӯза буда, ҳангоми ғуруби офтоб бо моли ҳаром ифтор мекунад, ба ҷои савоб гирифтан аз сабаби хӯрдани моли ҳаром (дуздӣ, қимор, ҳаққи мардум, фиреби тарозу) ба ӯ гуноҳ мерасад. Зеро гуноҳи хӯрдани моли ҳаром савоби рӯзаи риёияшро барбод медиҳад. Бинобар ин, ба ӯ ғайри тамоми рӯз гуруснаю ташна мондан чизи дигаре намерасад.
Дуюм, ғайбат кардан савоби рӯзаро барҳам мезанад. Аттори Нишопурӣ мефармояд:
Ҳар кӣ аз ғайбат забонаш баста нест,
Ончунон кас аз уқубат раста нест.
Сеюм, рӯзадор бояд забонашро аз гуфтани носазо нигоҳ дорад. Зеро Расули Худо (с) фармудаанд: «Касе ки суханони зишту нораво ва амал кардан ба онро тарк накунад, (бидонад, ки) Худованд ба рӯзаи ӯ ниёзе надорад».
Имом Бухорӣ ва Муслим дар бораи гузашт ва сабру таҳаммул доштани рӯзадор ҳадиси зеринро ривоят кардаанд: Чун яке аз шумо рӯзадор бошад, бояд носазо нагӯяд ва фарёд накашаду бо касе ҷанҷол накунад. Агар касе ӯро дашном дода, бо ӯ мақсади ҷангкунӣ дошта бошад, ба вай бигӯяд: «Ман рӯзадорам!».
Он чӣ дар бораи ҷанбаҳои ахлоқии рӯза мисол овардем, қатрае аз баҳр аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки моҳи Рамазон аз аввал то ба охирин лаҳза пур аз хайру баракат ва файзу раҳмат аст. Худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидан ва ҳавасҳои дигар тарки афъоли зишту нописандида, роҳ надодан ба андешаҳои носавоб – ҳама якҷоя василаи бузурги поксозии ҷисм ва тақвияти рӯҳу равони инсон мебошанд.
Таҳияи Сайфиддин НАҶМИДДИНЗОДА,
«Садои мардум»