Ба касе пӯшида нест, ки аксар маврид масъулин дар робита ба насбу таъмини фаъолияти мунтазами воситаҳои ченак, аз ҷумла ҳисобкунакҳои барқӣ аз ноогоҳии шаҳрвандон суиистифода намуда, онҳоро «водор» менамоянд, ки ҳисобкунакҳоро харидорӣ намоянд. Ҳол он ки дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омадааст: «Баҳисобгирии молӣ (кори, хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонӣ барояш иҷро карда)-ро фурӯшанда бо тарозу, ба воситаи асбобу анҷом, ҳисобкунакҳо ва асбобу анҷоми дигари меъёргирие, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида, тамға задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда, аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд».
Суҳбате, ки бо сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии стандардартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Раҳимзода доир намудем, перомуни аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ченаки ягона» ва масоили ба метрология рабтдошта маълумот медиҳад.
- 20 майи соли 1875 зимни конфронси дипломатӣ, дар шаҳри Париж намояндагони 17 давлат Созишномаи метриро ба имзо расониданд. Он аввалин созишномаи байнидавлатӣ дар соҳаи метрология буд. Айни замон ба он 80 давлат ҳамроҳ шудааст. Созишномаи мазкур ба пешрафти илмӣ-техникии давлатҳо таъсири мусбат гузошт, чунки маҳз тавассути он системаи метрии андозаҳо ва баъдтар системаи байналмилалии воҳидҳо созмон ёфт, ки дар асоси он системаи байналмилалии ченак амал мекунад. Агар гӯем, ки оғоз ва фарҷоми зиндагии инсон ченак аст, муболиға нахоҳад шуд, зеро аз марҳилаи таваллуд (манзур баркашидани тифли навзод аст) то давраҳои минбаъда ин масъала ҷойгоҳи хос дошту дорад. Тамоми ҷанбаи ҳаёт ва фаъолияти ҷамъияти имрӯза — тандурустӣ, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технологияву дастовардҳои илмӣ — техникӣ, энергетика, савдо ва ғайраро бе дурустӣ, ягонагӣ ва саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст.
Дар давраи Сомониён яке аз девонҳои давлати Сомониён девони Муҳтасиб ном дошт. Дар ин бора аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари «Тоҷикон» нигоштааст: «Девони Муҳтасиб ба бозор, тарозу, молҳои фурӯши барзгарон ва пешаварон назорат мекард. Он метавонист фурӯши молҳои қалб ва номарғубро боздорад ва ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад. Ин девон тадриҷан ба ахлоқи мардум, масҷидравӣ ва истеъмоли машрубот низ назорат мекардагӣ шуд. Шаҳре набуд, ки муҳтасиби худро надошта бошад».
Баъдтар, дар давраи Аморати Бухоро одамон дар фаъолияти рӯзмарра, аз ҷумла ҳангоми ҳисобу китоби байниҳамдигарӣ дар бозорҳо, сохтмон, хариду фурӯши ашёи қиматбаҳо ва ғайра аз воҳидҳои ченкунии гуногун, ба монанди пуд, ман, мил, фарсанг, мисқол, газ ва ҳоказо истифода мебурданд.
Дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ хадамоти метрологӣ аввалин маротиба соли 1926, баъди ба табъ расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани шуъбаҳои муваққатии санҷиши воситаҳои ченак» аввал дар шаҳри Хуҷанд ва сипас дар шаҳри Душанбе филиалҳои Палатаи ченаку вазни шаҳри Тошканд» таъсис дода шуда, соли 1929 он ба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ — Палатаи ченаку вазн табдил дода шуд.
Ин шуъбаи хурди санҷишӣ давоми мавҷудият дар давраҳои Ҳокимияти Шӯравӣ пайваста рушду равнақ ёфта, то солҳои 90-уми асри гузашта ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия на фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ – Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ зерсохтор таъсис дод.
Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, айни замон Агентии «Тоҷикстандарт» узви ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили ИСО(ISO), МОЗМ(OIML), МГС (EASC), СООМЕТ ва ғайра маҳсуб мешавад. Ҳамкориҳои хадамоти метрологии Агентии «Тоҷикстандарт» бо дигар институтҳои метрологии хориҷи кишвар, аз ҷумла Институти физикаву техникии Олмон, институтҳои миллии метрологии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон сол то сол рушд меёбад. Аз ҷумла, дар асоси Созишномаи ҳамкориҳои метрологӣ бо Институти физикаву техникии Олмон айни замон сохтмони озмоишгоҳи эталонҳои вазн идома дорад, ки баъди анҷоми он хадамоти метрологӣ имконият пайдо менамояд дар муқоисаҳои байнилаборатории байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.
- Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ченаки ягона» воситаҳои ченак чӣ гуна истифода мегардад?
- Қобили зикр аст, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъмини ченаки ягонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибати мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди тайёр, истеҳсол, таҳвил намудан, истифода, таъмир ва ворид кардани воситаҳои ченак танзим менамояд ва барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқии муқарраргардида ва ҳамчунин барои ҳимояи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои номатлуби натиҷаҳои нодурусти ченак равона гардидааст. Бояд гӯем, ки ченаки ягона-ҳолати ченаке, ки натиҷаи он дар воҳидҳои эътирофгардидаи бузургӣ ифода ёфта, иштибоҳи ченак аз ҳудуди меъёрҳои муайянгардида берун намеояд, маҳсуб мешавад. Воситаи ченак таҷҳизоти техникиест, ки барои чен ва андоза кардан пешбинӣ шудааст.
ҳамин тариқ, тибқи моддаи 14 қонун дар соҳаҳое, ки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд, воситаҳои ченак ҳатман санҷида, сипас навъи онҳо тасдиқ карда мешавад. Қарори тасдиқ кардани навъи воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд ва он бо тасдиқномаи навъи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад. Муҳлати амали тасдиқномаи мазкурро ҳангоми додани он мақомоти ваколатдор муқаррар мекунад. Навъи тасдиқгардидаи воситаҳои ченак ба Реестри давлатии воситаҳои ченак дохил карда мешавад, ки ин корро низ мақомоти ваколатдор ба ҷо меорад. Илова бар ин, воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдор бо мақсади тасдиқи навъи онҳо месанҷад.
- Санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак чӣ гуна сурат мегирад?
- Тавре аз муқаррароти моддаи 15 қонун бармеояд, воситаҳои ченак, ки таҳти назорати давлатӣ қарор гирифтаанд, дар мавриди истеҳсол, таъмир ва истифода бояд аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ҷиҳати тасдиқи мутобиқати онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шаванд. Намудҳои воситаҳои ченак, ки бояд аз санҷиш гузаранд ва тартиби гузаронидани санҷиши мутобиқатро мақоми ваколатдор муайян мекунад. Бо иҷозати мақоми ваколатдор хадамоти метрологии дигар шахсони ҳуқуқӣ низ метавонанд барои фаъолият дар соҳаи санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак аккредитатсия карда шаванд.Тартиби аккредитатсия кардани хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Воситаҳои ченак, ки аз санҷиши мутобиқатӣ гузаштаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор муҳргузорӣ карда мешаванд ва ё мутобиқати онҳо бо шаҳодатномаи санҷиш тасдиқ карда мешавад.
- Масъулин оид ба таъмини ченаки ягона чӣ ваколат доранд?
- Моддаи 17 қонун муқаррар кардааст, ки назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Нозирони давлатӣ ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ мутобиқати воҳидҳои бузургиро, ки ба истифодаашон иҷозат дода шудааст, санҷанд, воситаҳои ченак, мутобиқат, шароити истифода, инчунин мутобиқати онҳоро ба навъи тасдиқшудаи воситаҳои ченак тафтиш намоянд, истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро тафтиш намоянд, ки барои санҷиши воситаҳои ченак истифода мешаванд, барои назорат намунаи молу маҳсулот, инчунин молҳои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихоб намоянд. Ба ғайр аз ин, онҳо ҳуқуқ доранд, ки истифода ва истеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардида номутобиқ будани онҳо, инчунин аз санҷиш нагузаштаро манъ намоянд, тамғаҳои тафтишнашударо ботил ё шаҳодатномаи санҷишро, ҳангоме ки воситаи ченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё фосилаи байни санҷиш риоя карда нашудааст, беэътибор гардонанд, ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирифта, дастурҳои ҳатмӣ диҳанд ва муҳлати рафъи риоя нашудани қоидаю меъёрҳои метрологиро муқаррар кунанд.
- Дар мавриди андозагирии воситаҳои ченак қонун чӣ муқаррар кардааст?
- Ин масъала дар моддаи 20 инъикос шудааст, ки воситаҳои ченак, ки нисбат ба онҳо санҷиши мутобиқат пешбинӣ шудааст, дар мавриди истеҳсол, таъмир, воридот, фурӯш ё истифода мутобиқи дархости шахсони ҳуқуқии манфиатдор метавонанд мавриди андозагирӣ қарор гиранд. Андозагирӣ аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ё хадамоти метрологии шахси ҳуқуқӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдор барои чунин намуди фаъолият аккредитатсия шудааст, амалӣ мешавад. Натиҷаи андозагирии воситаҳои ченак бо муҳр, шаҳодатномаи андозагирии воситаҳои ченак ва ё тавассути сабти он дар санадҳои истифодаи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»