Тавре иттилоъ дода будем, тибқи даъвати Барномаи ҷаҳони кушоди Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) ва ташаббуси Конгресси ИМА, вакилони Маҷлиси намояндагон Баҳодур Акрамзода, Гулбаҳор Ашӯрзода, Фирӯза Шарифӣ, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хушмуҳаммад Нуриддинзода ва Воҳидҷон Аслонов чанде пеш ҷиҳати табодули таҷрибаю шиносоӣ ба фаъолияти ҳокимияти қонунгузор дар иёлоти Вашингтону Вирҷиния қарор доштанд. Вобаста ба он ки сафари онҳо чӣ гуна сурат гирифт, суҳбат доштем бо роҳбари ҳайат, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Дар партави сиёсати дарҳои кушоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои судманд дар ҳама шохаи давлатдорӣ густариш ёфта, то кунун бо зиёда аз 190 давлат муносибати ҳасанаи дипломатӣ барқарор гардидааст. Бо ин мақсад, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ҳар сол нақшаи робитаи байналмилалӣ ва байнипарламентиро бо парлумони давлатҳои дигар қабул намуда, баҳри густариши робита ва таъмини заминаи ҳуқуқӣ дар муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, бо таъсис додани гурӯҳҳои дӯстӣ, комиссияҳои байнипарламентӣ, ташкили сафарҳои хориҷии ҳайатҳои парламентӣ ва мубодилаи таҷриба тақвият мебахшад. Гузашта аз ин, шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши муносиботи байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон, қабули ҳайати намояндагии парламенти кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои парламентии байналмилалӣ ва сафарҳои хориҷии ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагонро ба мамолики хориҷӣ ва қабули ходимону арбобони сиёсии давлатҳои ҷаҳонро роҳандозӣ намуда, бо дастуру супориши роҳбарияти Маҷлиси намояндагон иштироки мутахассисони ҷавонро дар семинар, конфронс ва барномаҳои сатҳи байналмилалӣ таъмин менамояд. Иштироки ҳайати мо низ дар барномаи мубодилавӣ гувоҳӣ аз он дастгириҳост.
Ҳамин тариқ, сафари ҳайати Маҷлиси намояндагон аз шиносоӣ дар Конгресси ИМА оғоз гардид. Он аз ду палата — Сенат (Палатаи болоӣ) ва Палатаи намояндагон (Палатаи поёнӣ) иборат мебошад.
Сенат аз 100 нафар иборат буда, аз ҳар як иёлат, сарфи назар аз миқдори аҳолӣ, ду сенатор ба муҳлати 6 сол интихоб мегардад. Сенати ИМА дар Конгресс иборат аз 44 аъзо аз Ҳизби демократӣ, 54 сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон ва 2 аъзои мустақил дар ҳайати Коалитсияи демократҳо мебошад.
Палатаи намояндагон 435 вакил дорад. Ҳар яке аз онҳо намояндаи ҳавзаи интихоботӣ буда, дар ду сол як маротиба интихоб мешаванд. Пешбарии номзадҳо ба он дар байни иёлатҳо аз рӯи шумораи аҳолӣ тақсим мешавад. Вазифаи асосии он қабули қонунҳои федералӣ мебошад, ки баъд аз ҷонибдорӣ намудани Сенат ва имзои Президент ба қонунҳои ИМА табдил меёбанд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ бо сафири Барномаи ҷаҳони кушод, намояндаҳо аз Маркази хизматрасонии тадқиқотии Конгресс, Институти хизмати давлатӣ, аъзои Сенат ва вакилони палатаи поёнӣ — намоянда аз иёлати Утаҳ, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ бо Аврупо ва Осиё, ҳамзамон узви Кумита оид ба захираҳои табиӣ ва корхонаҳои тиҷоратии хурд Ҷон Картис ва намоянда аз иёлати Каролинаи Шимолӣ, раиси Кумита оид ба пардохт ва тақсимкунии хароҷот ва ҳамоҳангсозӣ бо Сенат Дейвид Прайзе ба тақвияти муносибатҳои байнипарламентӣ ва мубодилаи таҷриба дар фаъолияти қонунгузорӣ диққати ҷиддӣ зоҳир гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин дар яке аз ҷаласаҳои Саркумита оид ба пардохт ва тақсимкунии хароҷот иштирок карда, татбиқи вазифаҳои онро мушоҳида намуданд. Ғайр аз ин, дар мулоқот бо вакилони Палатаи намояндагон Ҷон Муленар, аз иёлати Мичиган, Доналд Мак Ичин, аз иёлати Вирҷиния, масоили марбут ба фаъолияти Парламенти Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупою ИМА баррасӣ гардиданд. Қобили зикр аст, ки аъзои Сенат ва вакилони Палатаи намояндагон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» беназир ва саривақтӣ шумориданд.
- Вазифаи Маркази хизматрасонии тадқиқотии Конгресс аз чӣ иборат аст ва дар он киҳо фаъолият мекунанд?
- Он танҳо бо Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ намуда, кормандонаш аз ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, таҳлилгарони соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва техникӣ иборат аст. Онҳо ба аъзои кумита, комиссия ва ҳизбҳои Конгресс таҳлилҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро пешниҳод менамоянд. Ҳайати тадқиқотӣ раванди сиёсати хориҷӣ ва дохилиро таҳлил намуда, таъсири сиёсат ва равишҳои мавҷударо дар асоси дархости вакилону сенаторон пешниҳод мекунад.
Умуман, вазифаи умдаи марказ аз он иборат аст, ки Конгрессро бо беҳтарин идеяҳои миллӣ бояд таъмин намояд ва онҳо характери таҳлилӣ — ахборотӣ дошта бошанд. Истифодабарии онҳо дар амалия аз намояндагони мардумӣ вобастагӣ дорад.
- Хотирот аз Вирҷиния чӣ гуна аст?
- Тибқи барнома, сафар дар иёлати Вирҷиния аз Ричмонд оғоз ёфт. Он пойтахти Вирҷиния ба ҳисоб рафта, шаҳрест, ки бо истироҳатгоҳҳои таърихӣ, боғҳои сершумор, роҳу фазои кушод ва санъату фарҳанг машҳур аст ва аз ҷониби нашрияҳои гуногун ҳамчун «макони беҳтарин барои зиндагӣ ва фаъолият дар Амрико» арзёбӣ гардидааст.
Аснои ошноӣ аз Ассамблеяи генералии Вирҷиния сенатор Рян Мак Дагл ҳозиринро ба фаъолияти Ассамблеяи генералии Вирҷиния шинос ва қайд кард, ки он мақоми олии қонунбарори иёлати Вирҷиния ва мақоми олии доимӣ буда, аз палатаи болоӣ (иборат аз 40 аъзо, муҳлати фаъолият 4 сол) ва палатаи поёнӣ (иборат аз 100 вакил, муҳлати фаъолият 2 сол) иборат мебошад. Сипас, номбурда иштироки ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагонро дар ҷаласаи Сенати Вирҷиния ва шиносоии онҳоро бо аъзои он оғози марҳилаи муносибатҳои байнипарламентӣ номид. ғайр аз ин, дар ҷамъомад оид ба Ҳукумати Вирҷиния ва системаҳои ҳуқуқӣ, ки аз тарафи профессорҳои Донишгоҳи Робертсон оид ба матбуот ва фарҳанг Билл Оглесбай ва Ҷефф Ҷейн доир гардид, муаррифӣ ва баррасӣ дар хусуси ҳукумати Вирҷиния, чӣ гуна амал кардани Ассамблеяи генералӣ, ҳукумати марказӣ бо ҳукуматҳои федералию маҳаллӣ ва фаъолияти системаҳои ҳуқуқию судӣ сурат гирифт.
Баъди огаҳии бештар пайдо намудан бо системаи судии Вирҷиния ва вохӯрӣ бо додрас Ҷадҷ Деккер дар бинои Суди Олӣ, ҳайати парламентии кишвар аз ҳабсхонаи Ҳенрико Кантӣ дидан намуда, бо шарту шароит ва фаъолияти системаи ислоҳсозии маҳбусон шиносоӣ пайдо карданд. Бояд гуфт, ки адолати судии ҷиноятӣ дар Амрико ба ислоҳкунӣ ё ислоҳот, сиёсати аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалишаванда нисбат ба ҷазо, ки бо табобат ва назорати шахсони ҷиноятсодиркарда равона мегардад, рабт дорад. Ин сиёсат (ё функсияҳо) одатан ҳабси кӯтоҳмуддат, ихтиёрӣ ва озмоишро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, ҳабсхонаро ташкилоти расмии ислоҳии зиндонӣ низ маънидод менамоянд. Дар он ҷо маҳбусон метавонанд маълумот гирифта (омӯзиш шабона низ ҳаст), соҳиби касб шаванд. Бо онҳо равоншиносон кор карда, сабабҳои ба хатогию қонуншиканӣ даст заданашонро мефаҳмонанд. Дарвоқеъ, ислоҳот дар Амрико, ки ҳамчун раванди ҷазо маъруф аст, ба шабакаи системаи полис, прокуратура ва судҳо дохил мешавад.
Ҳамчунин, барои ҳайат аз Маркази ахборотию шабакаи телевизионии «CBS 6» ва дафтари кории раиси шаҳри Ричмонд дидан намудану бо роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Ричмонд суҳбат анҷом додан шавқовар буд.
- Оё имконият даст дод, ки ба мизбонон дар бораи Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоед?
- Албатта. Барои мисол, дар Донишгоҳи Вирҷиния, ки зиёда аз 30000 донишҷӯ дорад, вакилони Маҷлиси намояндагон семинари шиносоӣ оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда, дар хусуси шохаҳои давлатдорӣ, урфу одат, манзараҳои зебои диёр, барномаҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тариқи навор маълумот дода, ба пурсиши зиёди донишҷӯён посух гардониданд.
Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки тӯли сафар баъзе аз оилаҳои амрикоӣ моро меҳмондорӣ намуда, бо урфу одат ва тарзи зиндагонии маъмулӣ шинос карданд. Мо низ ба қисме аз оилаҳои амрикоӣ дастархон густурда, бо хӯрокҳои миллии тоҷикӣ зиёфат ороста, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудем. Хеле ҷолиб аст, ки онҳо баъди хӯрокхӯрӣ нею пеш аз ғизо хӯрдан аз ҷой хеста, дасти якдигарро гирифта, дуо мекунанд, ки дастархони оростаашон боис ба беҳтар гардидани саломатӣ, зиндагӣ ва зиёд шудани ризқу рӯзиашон гардад.
- Ҳар як сафар мактаби бузурги омӯзиш аст. Барои шумо чӣ чиз аз ҳама бештар хотирмон буд, ки метавон дар фаъолияти корӣ низ истифода кард?
- Қобили зикр аст, ки Амрико солҳо раванди демократикунонии ҷомеаро дар амал татбиқ намуда, ба тарбияи насли ҷавон аҳамияти махсус дода, соҳаҳои гуногуни ҷамъиятро дар шакли озоди рақобатпазирӣ рушд ва равнақ медиҳад. Бахусус, мустақилияти ҳама шохаи давлатӣ дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо баҳри пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум назаррас мебошад.
Инчунин, бо сабаби якҷо қабул намудани буҷет тибқи Конститутсияи Амрико, дар Вирҷиния сенаторону вакилон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маблағгузории маориф ва кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоатро тақвият зиёд намоянд, яъне сол то сол маблағи соҳаи маориф ва иҷтимоиёт зиёд карда мешавад.
Инчунин, вакилони мардумӣ, новобаста аз он ки барои чанд сол интихоб мегарданд, вақти кориро ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе бо интихобкунандагон гузаронида, дар ҳавзаҳои интихоботӣ дафтари корӣ дошта, ҳамеша арзу шикоят ва дархости мардумро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия баррасӣ менамоянд, ки ин таҷрибаи онҳо омӯхтанист. Ҷолибияти дигар он аст, ки дар ИМА миллату халқиятҳои гуногун ва намояндагони қариб ҳама давлати ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд ва дар навбати аввал риояи қоидаву қонунҳои онро вазифаи аввалиндараҷа ҳисобида, бо шиори — роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ умр ба сар мебаранд.
Аз ин рӯ, бо қаноатмандӣ бояд қайд намуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи қонунгузорӣ дар мамлакат иштироки вакилон ва кормандони ҷавони Маҷлиси намояндагон зимни барномаи мубодилавии болозикр нақши ҳалкунанда хоҳад бозид.
Суҳбаторо Самариддин АСОЗОДА,
«Садои мардум»