Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тоҷикистону Ӯзбекистон: Тасдиқи созишномаҳо дар бораи алоқаҳои байналмилалии автомобилӣ ва ҳавоӣ

№66 (3860) 29.05.2018

DSC_410625 майи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 54 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

 1. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» — (ЛДКҶ)

7. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ

8. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода

9. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода

10. Дар хусуси Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати эҳёи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ таҳия ва имзо шуда, инчунин барои гузариши транзитӣ тавассути ҳудуди кишварҳо имкон медиҳад. Яке аз мақсадҳои асосии бастани созишнома барқарор намудани ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон ба Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ва тавассути он ба дигар кишварҳо мебошад, ки солҳои зиёд амалӣ карда намешуд.

Бояд қайд намуд, ки қаблан ҳамлу нақли бор бо Ӯзбекистон танҳо аз тариқи китобчаи ТИР амалӣ шуда, баробар бо имтиёзҳо дар ин низом камбудиҳои зиёд низ мавҷуданд. Аз ҷумла, тариқи китобчаи ТИР танҳо ҳамлу нақли транзитии бор пешбинӣ шуда, он муҳлати муайяни амал дорад (дар ҳудуди Ӯзбекистон — 72 соат). Инчунин, арзиши гарони китобчаи ТИР (то 400 доллари ИМА барои як китобча) ба арзиши аслии бори интиқолшаванда таъсири манфӣ мерасонад.

Баъд аз тасдиқи созишнома воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар метавонанд ҳамлу нақли дуҷониба ва транзитиро тариқи ҳудуди ҳамдигар амалӣ намоянд, ки бевосита ба рушди савдо, сайёҳӣ, гардиши молу маҳсулоти ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Бо кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамлу нақли байналмилалии дуҷонибаи мусофирон тавассути автобусҳо, инчунин интиқоли транзитии онҳо ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик имконпазир мегардад, ки барои рушди соҳаи нақлиёт ва интиқоли сайёҳону муҳоҷирони меҳнатӣ бо нархи нисбатан арзон замина фароҳам меорад.

Ҳамчунин, бо кушода шудани хатсайрҳои байналмилалӣ тариқи фаъолияти терминалҳои нави мусофирбарӣ, харидории автобусҳо аз ҷониби бахши хусусӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ (мағозаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, кемпингҳо ва ғайра), пайдо шудани хатсайрҳои пайвасткунандаи дохилӣ, ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам мешаванд, ки он ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва пайдо шудани манбаи иловагии андозситонӣ мусоидат менамояд.

Аз лиҳози оқибатҳои иқтисодию сиёсӣ созишномаи мазкур паёмадҳои хуб, алалхусус таҳкими ҳамкории дуҷониба, барқарор шудани муносибатҳои дӯстонаи шаҳрвандони ду кишвар, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот ва болоравии иқтидори транзитии кишварро, ки барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона мешавад, ба бор меорад. Тасдиқи созишнома ба буҷети ҷумҳурӣ сарбориро пешбинӣ наменамояд. Эҳтиромона хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Баъд аз баимзорасии созишнома воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар метавонанд ҳамлу нақли дуҷониба ва транзитиро тариқи ҳудуди ҳамдигар амалӣ намоянд, ки ин ба рушди савдо, сайёҳӣ, гардиши молу маҳсулот такони ҷиддӣ мебахшад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо тасдиқ намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 17 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Кӣ аз рӯи ин масъала сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов ­Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон гиромӣ!

Мехоҳам ба баъзе масъалаҳо таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намоям. Қабл аз ҳама, бояд Вазорати нақлиёт сифати хизматрасониро ба мусофирон дар интиқоли байналмилалии мусофирон тавассути автобусҳо беҳтар намояд.

Масъалаи дигар ин бо риояи тартибот зудтар гузаштани мусофирон аз нуқтаҳои гумрукӣ мебошад. Дар ин маврид бунёди инфрасохтори зарурӣ хеле муҳим хоҳад буд. Яке аз имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар дохили ҷумҳурӣ таъсис додан ё барои қабули меҳмонон мувофиқ гардонидани истироҳатгоҳҳо маҳсуб мешавад. Ёдам ҳаст, айёми шӯравӣ сайёҳоне, ки аз дигар кишварҳо ба ҷумҳурӣ меомаданд, ба барномаи сафари онҳо мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи шаҳру ноҳияҳо ворид буд. Дар ин самт Вазорати нақлиёт бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бояд чорабиниҳои муштарак таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин, имрӯз Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон оид ба алоқаи ҳавоӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, ки он низ ба нафъи мардум хоҳад буд. Хоҳишмандам Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилиро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади солимгардонии ташкилоти қарзӣ дар шароити буҳрони молиявӣ иброз гардидаанд, таҳия шуда, инчунин, иҷрои матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маблағгузории сиёсати рушд ва шартҳои пешакии Барномаи Хазинаи байналмилалии асъор бо мақсади такмил додану мутобиқ намудани меъёрҳои он бо қонунгузории ҷорӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таъмин менамояд. Мушкилиҳои низоми пуливу қарзии кишвар ва дар ин замина андешидани тадбирҳои таъхирнопазир барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буданд. Аз ин рӯ, Бонки миллӣ дар самти гузаронидани ислоҳоти пуливу қарзӣ, аз ҷумла бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти бонкҳо ва пурзӯр намудани назорати онҳо, як қатор чораҳои дахлдор андешида истодааст ва барои самарабахш амалӣ намудани онҳо лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда мусоидат хоҳад намуд.

Аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҳафт сол сипарӣ шуда, дар ин давра якчанд қонун қабул гардид, ки бо қонун дар бораи Бонки миллӣ ихтилоф дошт. Алалхусус, бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи бонкдории исломӣ», «Дар бораи низоми пардохтӣ ва хизмат­расониҳои пардохтӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ». Лоиҳаи қонуни мазкур ихтилофоти ҷойдоштаро аз байн мебарад.

Он дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ солҳои 2015- 2018 омода гардида, мақсади таҳкими сиёсати пуливу қарзӣ, таъмини суботи низоми бонкӣ ва шаффофияти он, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, пурзӯр намудани назорати ташкилоти қарзӣ, батанзимдарории бонкҳои мушкилдор, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ ва таҷрибаи байналмилалиро дорад. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда 33 модда такмил дода шуда, 10 моддаи дигар дар таҳрири нав пешниҳод мешавад.

Муқаррароти бештари лоиҳаи қонуни мазкур ба мукаммал намудани фишангҳои танзиму назорати ташкилоти қарзӣ, андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирии хавфҳои бонкӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои батанзимдарории ҳалли мушкилоти бонкҳои мушкилдор бо роҳи маблағгузории таъҷилии (фавқулодаи) давлатӣ (моддаҳои 42 ва 551), таъсиси бонки мутавассит (моддаи 581) ва ташкилоти идоракунии дороиҳо (моддаи 582) бахшида шудаанд.

Илова бар ин, дар лоиҳаи қонун ҷиҳати мусоидат ба суботи низоми молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикис­тон дар самти танзим ва назорати фаъолияти ташкилоти ғайриқарзии молиявӣ (боби 71) аз қабили ташкилоти суғуртавӣ, бюроҳои таърихи қарз, операторҳои низоми пардохт ва таҳия намудани сиёсати макропруденсиалӣ вазифаҳои иловагӣ (моддаи 6) муқаррар шудааст. Инчунин, бо мақсади таъмини дараҷаи кифоятии сармоя барои пешбурди сиёсати пулию қарзии самаранок бо дарназардошти зиёд гардидани дороиҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва таҷрибаи дигар давлатҳо муқаррар намудани ҳаҷми сармояи оинномавии Бонки миллӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки дар оянда барои зиёд намудани захираҳои сармоявии он ва таъмини уҳдадориҳои давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар лоиҳаи баррасишаванда моддаҳои 771 оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва 881 оид ба баррасии баҳсҳо пешбинӣ шудаанд. Иловаи моддаҳои мазкур бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунандаи Бонки миллӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ дар заминаи меъёрҳои мавҷудаи номукаммали қонун, дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ) таҳия ва ворид карда шудаанд.

Бинобар ихтисор шудани андози ҳадди ақал аз даромадҳо аз Кодекси андоз, дар моддаи 13 қонуни мазкур калимаҳои «андози ҳадди ақал аз даромадҳо» хориҷ карда шудааст. Ҳамчунин, моддаи 28, бинобар ба зиммаи Вазорати молия ва ташкилоти қарзӣ вогузор шудани хизмат­расонии хазинавии буҷетҳо, хориҷ карда шудааст.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Бобоев Олимҷон дода мешавад.

 Олимҷон БОБОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмил 69 таклифу эрод пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 28-тоаш пурра ва 3-тояш қисман қабул гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумита ­лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ шуд.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу эрод баён гардид, ки онҳо ба инобат гирифта шуда, лоиҳаи қонунро мукаммал гардониданд. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала низ ба раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» дар алоқамандӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон» таҳия шудааст.

Он ҷиҳати таъмини устувории бонкҳо ва шаффофияти фаъолияти онҳо, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, таҳкими идоракунии корпоративӣ дар бонкҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонии онҳо ва пурзӯр намудани танзими бонкҳои низомсоз таҳия гардида, тибқи он 16 модда такмил мегардад.

Бинобар қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» барои вусъат бахшидани амалиёти ғайринақдӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба талаботи имрӯза пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар доираи тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ барои ҷалби бештари мутахассисони баландихтисос ба соҳаи бонкӣ талаботи тахассусии кормандони роҳбарикунанда дар ташкилоти қарзӣ мукаммал ва васеъ карда шуд.

Таҷрибаи андӯхташуда нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани ташкилоти қарзӣ ин иштироки фаъоли шахсони вобастаи ташкилоти қарзӣ дар идоракунии ташкилоти қарзӣ ва истифодаи хизматрасонии онҳо мебошад. Дар баробари ин, бо мақсади муайян ва танзими ташкилоти қарзии низомсоз, ҷорӣ намудани меъёрҳои қобили қабули алоҳида нисбат ба онҳо, инчунин пешгирӣ намудани хавфҳои қарзӣ, аз қабили амалиёт бо шахсони вобаста, ки ба таъмини суботи низоми бонкӣ мусоидат менамояд, тағйирот пешбинӣ гардидааст. Дар лоиҳаи қонуни зикршуда боз ҳам баланд бардоштани масъулияти ташкилоти қарзӣ ва сифати хизматрасониҳои бонкӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва таъмини ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ низ ба инобат гирифта шудааст.

Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала низ ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Бобоев Олимҷон дода мешавад.

 Олимҷон БОБОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмил 26 таклифу эрод пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 14 — тоаш қабул шуд.

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки миллии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расид. Савол доред? Сухан ба вакил Зайнудин Сафаров дода мешавад.

 Зайнудин САФАРОВ:

- Ман ба раиси Бонки миллӣ савол дорам.

Аз таъсиси фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 90 сол сипарӣ шуда, тайи ин муддат бонкҳо мушкилоти ҷиддӣ надоштанд. Ин проблемаҳо дар давоми якчанд соли охир ба вуҷуд омаданд, аз ҷумла дар фаъолияти «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк». Тибқи маълумот, роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ҳоло кӯшиш карда истодааст, ки вазъро ба эътидол оварад, вале инро мо дар мисоли «Агроинвестбонк» гуфта наметавонем.

Лутфан бигӯед, ки роҳбарияти Бонки миллӣ дар робита ба фаъолияти минбаъдаи «Агроинвестбонк» чӣ андеша дорад?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Проблемаҳо дар низоми бонкӣ, на ин ки ду — се сол пеш, балки хеле пештар ба амал омада буданд. Ҳангоме ки ҷаҳонро буҳрони молиявӣ фаро гирифт, проблемаҳо рӯи об баромаданд. Ҳалли онҳо вазифаи асосии роҳбарияти Бонки миллӣ аст. Бо роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» чанд шартнома ба имзо расонидем ва дар сурати иҷрои онҳо ба он иҷозати ҷамъ овардани сармояро хоҳем дод.

«Агроинвестбонк» ҳоло ҳам дар назди пасандозгузорон уҳдадорӣ дорад ва тӯли шаш моҳи охир роҳбарияти бонк бо шарикон кор бурда истодааст ва то охири моҳи май бояд сармояи иловагӣ ҷалб намояд. Дар сурати ҷалб накардани сармоя ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳодоти худро манзур менамоем, ки онҳо чорабиниҳои гуногунсамтро оид ба батанзимдарории фаъолияти минбаъдаи «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» фаро хоҳад гирифт. Чораҳо қатъӣ буда, он ҳатто то бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолияти минбаъдаи бонкиро низ дар бар мегирад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷонмаҳмадзода Меҳринамо Худодод дода мешавад.

 ҶОНМАҲМАДЗОДА Меҳринамо Худодод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати молия бо мақсади татбиқи доимии меъёрҳои пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст. Он бо мақсади дастгирии воридкунандагони маҳсулоти заргарӣ, аз байн бурдани воридоти қочоқи мол ва хариду фурӯши ғайрирасмии маснуоти заргарӣ, инчунин дарёфти манбаҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ, таҳия шудааст.

Қаблан бо дастгирии шумо – вакилони муҳтарам ба тариқи таҷрибавӣ тибқи ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 – 2017 аз нимсолаи дуюми соли 2016 барои воридоти маснуоти заргарӣ меъёрҳои устувор муқаррар шуда, барои 1 грамм маснуоти аз тилло истеҳсолшуда 18,0 сомонӣ ва 1 грамм маснуоти аз нуқра истеҳсолшуда 3,1 сомонӣ пардохти махсуси гумрукӣ ҷорӣ гардид.

Амали мазкур натиҷаи мусбат дод, яъне агар то қабули меъёрҳои устувор дар нимсолаи аввали соли 2016 ба ҷумҳурӣ 15,0 кг маҳсулоти аз тилло ва 129, 6 кг маҳсулоти аз нуқра истеҳсолшуда ворид гардида бошад, дар нимсолаи дуюми ҳамон сол 179, 7 кг маҳсулоти аз тилло ва 407,2 кг маҳсулоти аз нуқра истеҳсолшуда ворид гардид, ки нисбат ба нимсолаи аввал мутаносибан 12,0 ва 3,1 баробар зиёд мебошад. Ҳамчунин, соли 2017 воридоти ин намуди маҳсулот афзоиш ёфта, ҳаҷми он тибқи маълумоти мақомоти гумрук, 140,0 кг маснуоти аз тилло ва 645,3 кг маснуоти аз нуқра истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Умуман, аз лаҳзаи ҷорӣ намудани пардохти мазкур то имрӯз ба ҷумҳурӣ 1895 кг маснуоти заргарӣ ворид шуда, аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 11,0 миллион сомонӣ ­маблағ ворид гардидааст.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» муҳлати амали меъёрҳои пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ то 30 июни соли ҷорӣ муайян шудааст. Бинобар ин, бо мақсади татбиқи доимии меъёрҳои пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид. Тибқи он, дар Кодекси гумрук ба моддаи 340 ба номгӯйи пардохтҳои гумрукӣ пардохти махсус илова шуда, ҳамчунин, моддаи 3401, ки муқаррар намудани меъёри ин пардохтро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ворид карда мешавад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз он пешгирии қочоқи маснуоти заргарӣ ва татбиқи доимии ­меъёрҳои пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ мебошад. Амалишавии тадбири мазкур барои пешрафти соҳа нақши муассир ­гузошта, ба ташкили низоми ҳавасмандкунандаи пардохти шаффофи боҷи гумрукӣ дар иртибот ба гардиши маснуоти заргарӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Вобаста ба масъалаи мазкур дар қисми 10 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» имтиёзҳои андозию гумрукӣ то 30 июни соли 2018 пешбинӣ гардидааст. Барои амалишавии доимии он ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон моддаи 3401 пардохти махсуси гумрукӣ бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«1. Пардохти махсуси гумрукӣ намуди пардохти гумрукие мебошад, ки меъёри он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ва ё содироти моли муайян муқаррар карда мешавад.

2. Дар сурати муайян намудани пардохтҳои махсуси гумрукӣ, пардохтҳои гумрукии дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ситонида намешаванд».

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала низ ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмаҳмадзода Меҳринамо Худодод дода мешавад.

 ҶОНМАҲМАДЗОДА Меҳринамо Худодод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, аз сархати 4 қисми 4 моддаи 156 Кодекси андоз калимаҳои «ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ» хориҷ карда шуда, хизматчиёни давлатӣ «эъломия оид ба вазъи молумулкӣ» — ро тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба мақомоти соҳавии худ пешниҳод менамоянд.

Дар баробари ин, ба Номгӯйи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ, ки тибқи моддаи 197 Кодекси андоз муқаррар шудааст, маҳсулоти тайёри қолинӣ ва маснуот барои интиқол додан ё борпечонии молҳо аз пластмасса, ба монанди пӯк, сарпӯш, каллапӯш ва дигар воситаҳои маҳкамкунии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда илова карда мешавад.

Мақсад аз ворид намудани иловаи мазкур дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти рушди минбаъдаи соҳаи қолинбофӣ бо дарназардошти татбиқи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» ва маҳсулоти аз пластмасса истеҳсолшаванда ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилии воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, маҳдуд кардани интиқоли асъори хориҷӣ берун аз ҷумҳурӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии даромади Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат андози аксизӣ ҳамчун фишанги танзимкунандаи истеҳсолоти ватанӣ барои воридоти маҳсулоти тайёри қолинӣ ва пластмасса, ба истиснои воридоти ин молҳо аз давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҷорӣ карда мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ оид ба гардиши савдои хориҷӣ, соли 2017 ба ҷумҳурӣ 1752,0 тонна ба маблағи 3416,5 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти тайёри қолинӣ ва 58011,5 тонна ба маблағи 74858, 5 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти пластмасса ворид гардидааст, ки мутаносибан 97,0 фоиз ва 41,0 фоизи он (1702,1 тонна ба маблағи 3202,2 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти тайёри қолинӣ ва 23947,9 тонна ба маблағи 24172,7 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти пластмасса) аз давлатҳои ­ғайриаъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид шудааст.

Бо қабули қонуни мазкур бо дарназардошти дар доираи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудани меъёри андози аксизӣ барои воридоти ин намуди молҳо, маблағи зиёд ба Буҷети давлатӣ ворид мегардад. Эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

 Азимзода Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар он пешниҳоди «эъломия оид ба вазъи молумулкӣ» дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва қабули минбаъдаи он аз ҷониби мақомоти қонунгузории соҳавӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти рушди минбаъдаи соҳаи қолинбофӣ ва маҳсулоти аз пластмасса истеҳсолшаванда ва дарёфти манбаъҳои иловагии даромад, андози аксизӣ ҳамчун фишанги танзимкунандаи истеҳсолоти ватанӣ барои воридоти маҳсулоти тайёри қолинӣ ва пластмасса, бо дарназардошти риояи ҳифзу манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ба истиснои воридоти ин молҳо аз давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо, пешбинӣ гардидааст

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ­ҷомеа»-(ЛДКҶ) шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала низ ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмаҳмадзода Меҳринамо Худодод дода мешавад.

Ҷонмаҳмадзода Меҳринамо Худодод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Яке аз ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат мебошад. Бо ин мақсад ба баррасӣ Созишномаи маблағгузорӣ вобаста ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» пешниҳод мегардад.

Созишномаи маблағгузории пешниҳодшуда байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ 8 феврали соли 2018 ба имзо расидааст. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 30,66 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, 15,33 млн. доллари ИМА ҳамчун грант ва 15,33 млн.доллари ИМА ҳамчун қарз аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷудо карда шудааст. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 4,6 млн. доллари ИМА дар шакли озод намудан аз пардохтҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳа имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати пардохти қарз – 40 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 10 сол;

- меъёри фоиз барои хизматрасонӣ – либор 0,75 фоиз.

Шартҳои пешниҳодгардидаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамоянд.

Ҳадафи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ин рушди ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, кам кардани талафот дар мавсими ҳосилғундорӣ ва хароҷоти истеҳсолӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур беҳтар гардидани сатҳи зиндагии тақрибан 48160 хонаводаи камбизоат дар 210 деҳаи ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст. Ноҳияҳои зерҳадаф дар асоси «Ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ оид ба гурӯҳбандии камбизоатии Тоҷикистон вобаста ба минтақа ва ноҳияҳо», ки соли 2016 таҳия гардидааст, аз ҷониби коршиносони Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ интихоб шудаанд.

Лоиҳа қисматҳои зеринро фаро мегирад:

Қисмати 1 – Мустаҳкам намудани ташкилоти сатҳи маҳаллӣ.

Зерқисмати 1.1. Мустаҳкам намудани ташкилоти ҷомеавӣ. Дар доираи зерқисмати мазкур деҳаҳои зерҳадаф дар асоси меъёрҳои муайян интихоб гардида, дар онҳо мақомоти худ­фаъолияти ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд.

Зерқисмати 1.2. Мустаҳкам намудани ташкилоти дар соҳаи кишоварзӣ фаъолиятбаранда.

Дар доираи ин зерқисмат омӯзишҳо барои намояндагони идораҳои кишоварзии ноҳияҳо, ҷамоатҳо, ташкилоти сафарбаркунандаи ҷомеа, соҳибкорон ва ташкилоти пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ гузаронида мешаванд.

Қисмати 2 – Баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ ва робитаи тиҷоратӣ.

Зерқисмати 2.1. Фонди рушди ҷомеа.

Дар доираи ин зерқисмат тибқи меъёрҳои дар Дастурамали татбиқи лоиҳа муайяншаванда барои ҳар як мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии интихобгардида маблағ ҷиҳати татбиқи зерлоиҳаҳои гуногун тибқи афзалиятҳои нақша оид ба рушди ҷомеа ҷудо карда мешавад. Маблағгузорӣ тибқи талаботи лоиҳа то 400 доллари ИМА ба ҳар як хонаводаи деҳаи интихобшаванда муайян карда мешавад.

Зерқисмати 2.2. Пешниҳод намудани хизматрасонии беҳтари техникӣ.

Дар доираи ин зерқисмат ташкил намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи кишоварзӣ дастгирӣ карда мешавад.

Зерқисмати 2.3. Грантҳои инноватсионӣ.

Дар доираи ин зерқисмат фаъолият вобаста ба рушди технологияҳои инноватсионӣ дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дастгирӣ карда мешавад.

Қисмати 3 — Идоракунии лоиҳа.

Дар доираи ин қисмат Агентии иҷроия Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии татбиқкунанда Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» муайян шудааст. Ин унсур бояд маблағгузории умумии лоиҳаро таъмин намояд. Татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз гардида, 31 марти соли 2024 ба анҷом мерасад.

Яке аз шартҳои ба расмият даровардани созишномаи маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) намудани он мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Нозанинзода ба ҷаласа даъват шуданд. Аз ӯ хоҳишмандам андешаҳояшро оид ба масъала изҳор намояд. Марҳамат.

 НОЗАНИНЗОДА Нусратулло Бодом:

- Муҳтарам Раис! Маърӯзачӣ моҳияти масъаларо муфассал ташреҳ доданд. Ман аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро, ки ба мақсади дастрасии беҳтари аҳолӣ ба инфрасохтори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, кам кардани талафот дар мавсими ғунучини ҳосил тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, бо дарназардошти паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мегардад, ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Масъули татбиқи ­лоиҳаи мазкур Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» маҳсуб мешавад. Директори муассисаи мазкур Саъдӣ Каримзода ба ҷаласа даъват шудаанд. Шумо, муҳтарам Саъдӣ Ғаффор, роҷеъ ба ин масъала чӣ гуфтанӣ доред?

 КАРИМЗОДА Саъдӣ Ғаффор:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» фаъолиятро соли 2012 оғоз намудааст.

Тайи ин муддате ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамоем, боз се лоиҳаи дигар дастгирӣ ёфт, ки яке аз онҳо дар вилояти Хатлон анҷом ёфта, лоиҳаҳои дигар дар марҳилаи татбиқанд.

Лоиҳаи дигаре, ки татбиқ карданием, ҳоло мавриди баррасии шумо қарор дорад. Мо тамоми кӯшишро ба он равона мекунем, ки он низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд татбиқ шавад.

РАИС: — Кӯшиш кардан зарур аст, ки лоиҳа бомуваффақият амалӣ шавад. Мутобиқи лоиҳаи мазкур, ба ҳар нафари шомили лоиҳа аз 100 то 400 доллари ИМА дода мешавад. Дар ин замина корро тарзе бояд ташкил намуд, ки ба таъбири мардум хӯрдани моҳӣ не, балки моҳигирӣ омӯзонида шавад, то ин ки онҳо малакаҳои заруриро аз бар намуда, дар оянда аз он истифода баранд, маҳсулот истеҳсол кунанд. Дар натиҷа, даромади воқеӣ ҳосил мешавад.

Масъалаи таъмири техникаи мавҷудаи кишоварзӣ, ки дар лоиҳа ҷой дода шудааст, низ басо муҳим аст, зеро ҳоло техникаи зиёд дар хоҷагиҳо таъмирталаб мебошанд.

Дар солҳое, ки аз ҳар як гектар 35 — 40 сентнер ва аз ин ҳам зиёд ҳосили пахта меғундоштанд, заминҳо бо техника 6 — 8 маротиба коркард мешуд. Ҳоло бошад, аз нарасидани техника заминҳо ду — се маротиба коркард мешаванду халос. Пас, аз куҷо ҳосил фаровон шавад? Биноан, агар техникаи мавҷуда таъмир шуда, ба саҳро барояд, ҳосилнокии зироат хеле зиёд хоҳад шуд.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.

 Исмоилзода Зуфар Муртазохон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» — (ЛДКҶ) 8 феврали соли 2018 дар шаҳри Рими Италия ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 14 майи соли 2018 № 1734 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Маблағи умумии лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 30 млн. 660 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, 15 млн. 330 ҳазор доллари ИМА ҳамчун грант ва 15 млн. 330 ҳазор доллари ИМА ҳамчун қарз аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷудо карда шудааст.

Шартҳои маблағгузорӣ дар доираи нақшаи молиявии мазкур ба меъёрҳои муайяншудаи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2018-2020» ҷавобгӯй буда, қарзҳои ҷалбшаванда аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имтиёзнокии баланд мебошанд. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» ва «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ворид карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъаларо 17 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» — (ЛДКҶ) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром Субҳон дода мешавад.

 СУБҲОНЗОДА Икром Субҳон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Соҳаи нақлиёт соҳаи муҳими мусоидат ба савдои дохилию берунӣ ба ҳисоб рафта, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байналмилалии кишварҳо мебошад.

Яке аз бахшҳои соҳаи нақлиёт нақлиёти ҳавоӣ аст, ки дар кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тадриҷан рушд меёбад. Дар самти таъмини алоқаи ҳавоӣ айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 26 кишвари хориҷи дуру наздик созишнома ба имзо расонида, расмиёти дохилидавлатии тасдиқкунии онҳоро гузаронидааст. Аз ҷумла, нуҳ созишнома бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Россия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон), панҷ созишнома бо кишварҳои Аврупо (Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия ва Латвия) ва 12 созишнома бо кишварҳои Осиё (Туркия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Корея) ба имзо расидааст.

Инчунин, бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои интиқолдиҳандагони ватанӣ лоиҳаҳои созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ бо Франсия, Финляндия, Британияи Кабир, Малайзия, Молдова, Гурҷистон, Уммон, Шри-Ланка ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ таҳия гардида, дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр намуданд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардуми минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд».

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории густурда, муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади одамон ва интиқоли бемамониати бағоч тариқи нақлиёти ҳавоӣ лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ҷониби Ӯзбекистон мувофиқа шуд. Созишномаи мазкур зимни сафари расмии масъулини авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6 апрели соли 2017 дар шаҳри Тошканд парофгузорӣ гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июни соли 2017 № 278 маъқул дониста шуд.

Ҳадафи асосии баста шудани созишномаи мазкур таҳкиму ­густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бахши авиатсияи гражданӣ мебошад. Дар ин замина, бо мақсади густариши ҳамкориҳои судманд ифтитоҳи парвозҳои мунтазам ва чартерӣ ҷиҳати зиёд намудани интиқоли мусофирон дар бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе 9 марти соли 2018 ба имзо расид, ки аз 25 модда иборат мебошад.

Қобили қайд аст, ки созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, барои барқарорсозии алоқаи ҳавоӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз соли 1992 қатъ шуда буд, роҳандозии ҳамкории судманд, густариши равобити дӯстона ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои ҷумҳурӣ манфиатовар аст. Гузашта аз ин, барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ амалишавии созишнома барои муаррифии ­фаъолият дар бозори хизматрасонии авиатсионӣ дар кишвари ҳамсоя имконияти хуб фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дар асоси Протоколи ҳамкорӣ байни маъмуриятҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 30 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, интиқолдиҳандагон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳафтае ду маротиба дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае ду маротиба дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд бо нигоҳ доштани баробарӣ (паритет) таъин гардида, танҳо дар хатсайрҳои болозикр парвозҳоро амалӣ карда метавонанд.

Мавриди зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 10 феврали соли 2017 дар самти Душанбе-Тошканд-Душанбе парвози нахустини техникӣ амалӣ намуд. Инчунин, байни «Сомон Эйр» ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд оид ба хизматрасониҳои техникӣ ва корхонаи аэронавигатсионӣ шартнома ба имзо расида, мувофиқи ризояти тарафҳо ҳафтае як маротиба дар хатсайри мазкур ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозро ба анҷом мерасонад.

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекис­тон ҳаво йӯллари» парвозҳои нахус­тинро дар самти Тошканд-Душанбе – Тошканд 4 апрели соли 2017 оғоз намуда, то ин вақт зиёда аз 5,3 ҳазор мусофир интиқол дода, то 1 майи соли 2018 101 парвоз намуд. Бо мақсади зиёд гардидани интиқоли мусофирон дар бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ, кушодани хатсайрҳои нави транзитӣ, рушди соҳаи туризм, зиёд гардидани даромаднокии фурудгоҳҳо, ҷиҳати ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Самарқанд-Душанбе ва Душанбе-Бухоро-Душанбе баъди эътибор пайдо намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ таъиноти ширкатҳои ватанӣ дар ин самт роҳандозӣ карда мешавад.

Бо мақсади гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба эътибор пайдо намудани созишномаи мазкур, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Созишномаи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳои аҳдкунандаи он, ки аз дигар созишномаҳои байналмилалии баимзорасонидаи онҳо бармеоянд, мухолифат намекунад.

Хоҳиш менамоям Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна салоҳият дорад ва ҳалли кадом масъалаҳо бар дӯши он мебошад?

 СУБҲОНЗОДА Икром Субҳон:

- Муҳтарам Раис!

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2017 таъсис ёфтааст. Вазифаҳои асосии он танзим ва назорати алоқаи ҳавоӣ мебошад. Яъне, он тамоми фаъолияти авиатсияи гражданиро танзим намуда, ба иҷозатномадиҳӣ ба муассиса ва корхонаҳои авиатсионӣ машғул мебошад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати алоқаи Хадамоти ҳавоӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва оид ба алоқаи ҳавоии Маркази сертификаткунонии Вазорати нақлиёт ихтисор гардида, дар заминаи ин се сохтор Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 35 воҳиди корӣ таъсис шудааст. Айни замон дар он ду раёсат ва шаш шуъба фаъолият менамояд.

РАИС: — Созишномаи зикршуда хеле муҳим аст. Бигӯед, ки ҳоло дар масъалаи таъсиси ­хатсайрҳо, ташкили кор, нархи чиптаҳо чӣ гуна мушкилот мавҷуд аст?

 СУБҲОНЗОДА Икром Субҳон:

- Вақте ки шартномаҳо имзо шуданд, ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» фаъолиятро дар самти Тошканд – Душанбе — Тошканд оғоз намуд. Арзиши чипта 150 – 160 доллари ИМА- ро ташкил мекард. Аз ин муддат як сол сипарӣ гардид ва ҳоло арзиши чипта аз 75 то 90 доллари ИМА нарх дорад. Яъне, арзиши чипта қариб як баробар арзон шуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» интиқолдиҳандаи мусофирон таъин гардидааст. Бинобар он ки ҳуҷҷатгузории дохилиидоравӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон то ба охир амалӣ нашудааст, ҳамин рӯз парвози нахустини «Сомон Эйр» бо сайрхати «Душанбе-Тошканд- Душанбе» роҳандозӣ мешавад. Минбаъд ду парвозе, ки дар тӯли ҳафта анҷом дода мешавад, тариқи паритет, яъне баробар аз ҷониби ҳар ду ширкат якпарвозӣ ба ҷой оварда мешавад.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

 МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он ташкил ва танзими муносибати ­маъмуриятҳои авиатсионии ду кишвар ҷиҳати амалӣ намудани парвозҳо ва пайвастшавии пойтахт­ҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тавассути хатсайри ҳавоии мустақим мебошад.

Амалишавии созишномаи мазкур ба нафъи мардуми кишварҳо буда, бо дарназардошти аз байн бурдани мушкилоти раводид, рафтуомади мусофиронро тавассути нақлиёти ҳавоӣ зиёд менамояд. Дар баробари ин, ҷиҳати таъмини рақобатпазирии ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои боло бурдани сифати хизматрасонӣ такони хуб хоҳад шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо тасдиқ намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоиро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 17 майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачиён ягон саволи дигар ҳаст? Сухан ба вакил Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад.

 Саидҷаъфар Усмонзода:

- Муҳтарам Раис!

Ман ба директори Агентӣ савол не, балки таманниёт дорам. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи навтаъсис буда, ҳалли масъалаҳои ба салоҳияташ гузошта хеле муҳиманд. Дар робита ба ин, як масъаларо матраҳ карданиям. Мо ҳангоме бо тайёраҳои ширкатҳои ватанӣ парвоз мекунем, ба як масъала дучор меоем: Нишастгоҳҳои онҳо хеле ба ҳамдигар наздик буда, кас дар он худро нороҳат ҳис мекунад. Тасаввур кунед, ки парвози шумо агар се — чор соат идома ёбад, кас чӣ қадар азият мекашад. Ҳол он ки дар ҳавопаймоҳои дигар ширкатҳо чунин нест, кас бароҳат менишинад ва хаста намешавад.

Ҳолати зикршуда ба сатҳи хизматрасонӣ низ таъсир хоҳад расонид. Бинобар ин, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофиронро низ ба эътибор гирифтан лозим аст. Хоҳишмандам созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон дода мешавад.

 САЛИМЗОДА Муҳаммадҷон Масеҳҷон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсади ба имзо расонидани созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни давлатҳо буда, барои вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мусоидат менамояд.

Созишномаи мазкур аз 15 модда иборат буда, мувофиқи қонунгузории миллии Тарафҳо таҳия гардида, дар доираи он чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

- ташкил ва гузаронидани мониторинги равандҳои хатарноки техногенӣ ва экологӣ, зуҳуроти табиӣ;

- мубодилаи мунтазами иттилоот оид ба мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

- мубодилаи таҷриба дар самти ташкили омодагии аҳолӣ ба амалиёт дар ҳолати фавқулода;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии салоҳиятдор ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулода;

- баҳодиҳии хавф барои муҳити табиии атроф ва аҳолӣ, ки ба ифлосшавии эҳтимолии дар натиҷаи садамаҳои истеҳсолӣ, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ ­баамаломада алоқаманд аст;

- пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ;

- банақшагирии муштарак, таҳия ва амалисозии лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ, мубодилаи адабиёти илмӣ – техникӣ ва натиҷаи корҳои тадқиқотӣ;

- мубодилаи иттилоот дар нашрияҳои даврӣ, дастурҳои методӣ ва дигар адабиёт, навори видеоӣ ва аксбардорӣ, инчунин технологияҳо;

- ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, ҷаласаҳои корӣ, машқҳо ва тамринҳо;

- тайёр намудани матолиби чопӣ ва маърӯзаҳои муштарак;

- омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии давлатҳои Тарафҳо, мубодилаи таҷрибаомӯзон, муаллимон, олимон ва мутахассисон;

- расонидани кумаки мутақобил ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулода.

Созишномаи баимзорасонидашуда ба ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо, шахсони воқеии давлатҳои Тарафҳо, ки фаъолиятро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба роҳ мондаанд, мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар доираи созишнома таҷҳизоту маводи таъминотии ба ҳудуди давлати Тарафи талабкунанда интиқолшаванда ва аз ҳудуди давлати Тарафи пешниҳодкунанда баровардашаванда, ки барои расонидани кумак ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд, аз боҷи гумрукӣ, пардохтҳо ва андоз озод карда шуда, шартҳои убури сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кумакрасон ва реҷаи будубоши онҳо дар ҳудуди давлати Тарафи талабкунанда бо шакли содакардашуда амалӣ карда мешаванд.Хоҳишмандам созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

 Рустам Қудратов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ки 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он аз дебоча ва 15 модда иборат буда, бо мақсади таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона байни ду халқ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, дарки хатаре, ки ҳолатҳои фавқулода ба Тарафҳо мерасонанд, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулоса ҷонибдорӣ намуданд.

Кумита масъалаи зикргардидаро 17 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Созишнома аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала низ ба муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон дода мешавад.

 САЛИМЗОДА Муҳаммадҷон Масеҳҷон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ки 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст. Он барои ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мусоидат намуда, ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Тарафҳо имконият пайдо менамоянд, ки қувва ва воситаҳои мавҷударо, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд, сафарбар намоянд.

Моддаҳо ва чорабиниҳои дар созишнома пешбинишуда, ба истиснои моддаи 6 «Расонидани кумак», ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон монанд буда, дар он самтҳои ҳамкорӣ дарҷ гардидаанд.

Хоҳишмандам созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

 Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз дебоча ва 16 модда иборат буда, бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни ду давлати бародар ҷиҳати таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулоса онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 17 майи соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ – «Дар хусуси Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Тоҷиддин дода мешавад.

Тоҷиддин ҶӮРАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996 дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбе­кистон омода гардида, 9 марти соли 2018 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбе­кистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд.

Ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур аз ҳифзи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ҳангоми муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат мебошад ва барои рушди соҳаҳои истеҳсолии кишвар мусоидат менамояд.

Рӯйхати истиноӣ, ки ба протоколи мазкур замима мегардад, қисми ҷудонашавандаи протоколи мазкур ба ҳисоб рафта, ба он рӯйхати 27 рамзи молӣ барои баровардан аз реҷаи савдои озод ворид карда шудаанд.

Экспертизаи зиддикоррупсионии санади мазкур омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсияро, ки дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст, пайдо накард.

Протокол ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям, ки протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Протоколи мазкур кишварҳоро водор месозад, ки миёни ҳамдигар низоми савдои озодро татбиқ намуда, нисбат ба молҳои воридотӣ боҷҳои гумрукӣ татбиқ нанамоянд.

Тибқи моддаи 2-юми созишномаи баимзорасида, ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконият доранд, ки ҳар сол протоколи истисноӣ омода намуда, рӯйхати истисноии маҳсулоти ватание, ки талаботи бозори дохилиро қонеъ мегардонад, ба он ворид намоянд. Тасдиқ намудани протоколи мазкур имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон молистеҳсолкунандагони худро ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз хавфҳои эҳтимолӣ ҳимоя намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ нисбат ба маҳсулоти дар рӯйхат овардашуда боҷи воридотӣ татбиқ намуда, бо ин роҳ рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро таъмин менамояд. Дар рӯйхати мазкур 27 рамзи молӣ ворид карда шудаанд, ки онҳо аз реҷаи савдои озод бароварда мешаванд.

Протоколи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита Протокол бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи он ба мақсад мувофиқ шуморида шуд. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ­ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ