Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мақолаи Далер Мерганов таҳти унвони «Пардохти ғайринақдӣ. Чаро як идда ба тавсеаи он ҳавасманд нестанд?»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» шумораи № 28 аз сеюми марти соли равон нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад:
Осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз ҳадафҳои «Амонатбонк» мебошад, ки роҳбарияти бонк ҷиҳати тавсеа бахшидани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи нақша — чорабиниҳо аз 1 марти соли 2018 хизматрасонии фосилавии интернет — бонк ба мизоҷон пешниҳод гардид. Он ба дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ имконият медиҳад, ки оид ба амалиёти суратҳисоб маълумоти мушаххас дастрас карда, ҳисобӣ намудани маблағи истифодаи қувваи барқ, оби нӯшокӣ, хизматрасонии алоқаи мобилӣ, интернет, интиқоли маблағ аз корт ба корт ва дигар пардохтҳоро ба таври фосилавӣ амалӣ гардонанд. Ҳамчунин, тавассути хизматрасонии смс-бонк аз 1 марти соли ҷорӣ барои истифодабарандагон имконияти пур намудани суратҳисоби операторони мобилии Мегафон, Билайн, Тcell ва Babilon –mobile пешниҳод гардид. Хизматрасонии смс-бонк, ҳамчунин ба мизоҷ барои гирифтани иттилоъ оид ба гардиши маблағ, бақияи суратҳисоб, ҳолати корт, мутаваққиф кардани амалиёт бо корт имкон фароҳам меорад.
Дар ин раванд БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани ҳисоббаробаркунии нақдӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, меҳмонхона, дорухона ва марказҳои савдои бузург фаъолиятро беш аз пеш густариш бахшид.
БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро дар муомилот зиёд намуда, аз аввали соли ҷорӣ 80 терминалро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намуд, ки дар маҷмӯъ, теъдоди онҳо 507 ададро ташкил медиҳад. Дар «Амонатбонк» гурӯҳи корӣ доир ба санҷиши фаъолият ва ҳолати техникии таҷҳизоти терминалӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ таъсис дода шудааст, ки ҷиҳати бартараф намудани нуқсонҳои техникии ошкоршуда фаврӣ чораандешӣ намуда истодаанд.
Ногуфта намонад, ки бонк имконияти истифодаи онлайн – хизматрасониро ба шахсони алоҳида низ фароҳам намудааст, ки эълон ва видеороликҳои тарғиботии ба ин масъала рабтдошта аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардида истодаанд.
Дар баробари ин, ният дорем, ки ҷиҳати афзун намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барномаҳои муосири ҳавасмандкунии муштариёнро якҷо бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ роҳандозӣ намоем.
Дар маҷмӯъ, кормандони «Амонатбонк» дар қатори дигар бонкҳои кишвар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри пешрафти кор аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд.
Руҳулло Ҳакимзода,
раиси Раёсати БДА ҶТ
«Амонатбонк»