Дуздӣ амали нанговару нафратангез буда, кирдори ношоистаи шахсест, ки барои манфиати шахсӣ ба дигарон зарари маънавию равонӣ, иқтисодӣ ва ҳатто ҷонӣ мерасонад. Дар моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷазо пешбинӣ гардидааст.
Холов Аюб Искандарович, санаи таваллудаш — 29 декабри соли 1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев, бинои 45, ҳуҷраи 32, бо мақсади ба даст овардани пули муфт ба масҷиди ҷомеи панҷвақтаи ба номи Салмони Форс, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев, меояд ва пинҳонӣ вориди таҳоратхонаи он мегардад. Дасту рӯ шуста, барои амалӣ гардонидани нияти нопок гирду атрофро аз назар мегузаронад. Бо дидани болопӯши овезон аз ҷайби он ҳамёне, ки дар дохилаш 1480 сомонӣ, як ангуштарини тиллоӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ва як телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси Нот 3», арзишаш 1500 сомонӣ буд, дуздида ғайб мезанад. Бо ин восита ӯ ба ҷабрдида 3880 сомонӣ зарар мерасонад. Вале тираш хок мехӯраду кормандони ШВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ ӯро дастгир менамоянд.
Кӣ ва чӣ Холов Аюбро водор сохт, ки даст ба дуздӣ занад? Гарчанде ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят ноболиғ буд, вале ба ҳар ҳол машғулияти манфиатдор дошт: Дар автомашинаи мусофиркашонии хатсайри №33 пулчин буд. Каму беш маблағ ҷамъ карда, камбудии зиндагиашро бартараф менамуд. Шояд ҳирси боз ҳам бештар ба даст овардани пулу мол, бе заҳмат соҳиб шудан ба маблағи дигарон ӯро ба ин амал раҳнамун сохт? Гарчанде ӯ ба мақсад нарасида, ба даст афтода бошад ҳам, ба атрофиён зарари калони маънавию пулӣ расонид. Ҷабрдида Сангов Мақсуд Нуралиевич ва модаркалонаш Шарифова Ҳабиба муддате аз кори хеш монда, пайи ҳалли қазияи мазкур гаштанд.
Ба даст афтодани дузди навкору ноболиғ ба манфиати ҷабрдида, волидайну модаркалони ӯ, ки ба нигоҳубину тарбия машғул ва аз ҳама асосӣ, ба фоидаи А. Холов буд. Агар ӯ сари вақт дастгир ва ба гуноҳи содирнамуда иқрор намегашт, ояндааш чӣ мешуд? Оё аз маблағи муфт ва дар муддати чанд дақиқа осон бадастоварда «рӯҳбаланд» гаштаю ба такрори ин гуна ҷиноят машғул намегардид?
Боз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаҳои 144, банди 1, 141, 145 ва 148 барои А. Холов сабақ гардид. Ӯ хуб дарк намуд, ки ҷомеа бесоҳиб нест, амалу рафтори ғайриинсонӣ аз нигоҳи зираконаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дур намемонад. Аюб ҳис кард, ки ба ҷои дастгирию мадад расонидан ба волидайн, онҳоро байни хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсояҳо сархам кардан оини ҷавонмардӣ нест. Номбурда пас аз дидани ашкҳои модаркалони соҳибмаълумоту замоне хизматчии давлатӣ ва айни замон нафақахӯр, нигоҳи нафратбору хашмини ҷабрдида ва шоҳидони ҳодиса изҳори пушаймонӣ намуда, барои амали содирнамуда аз ҳозирин узр пурсид.
Суд, бо дарназардошти вазъи саломатии судшаванда, барқарор намудани зарари расонидашуда, баргардонидани телефони мобилии тамғаи зикршуда, ангуштарини тилло ва се дандони тилло ба ҷабрдида Сангов Мақсуд Нуралиевич, Холов Аюбро дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ ба табобати маҷбурӣ фаро гирифта, барои кирдори содирнамуда дар асоси моддаи 24, қисми 2 банди «в» ва 339 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод намуд. Шояд номбурда дар оянда мавқеи худро дар ҷамъият тағйир медиҳаду касберо соҳиб мегардад ва манфиаташ ба ҷомеа мерасад.
Сарвиноз Имомзода,
котиби маҷлиси судии Суди
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе