Тоҷикистону Арабистони Саудӣ: Муносибатҳои дӯстонаро метавон бештар равнақ бахшид

№67 (3861) 31.05.2018

Дар ҷаҳон равандҳои хатарзои фаровон, аз қабили даҳшатафканию ифротгаройӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва шабакаю сомонаҳои иҷтимоӣ арзи вуҷуд кардаанд, ки дар заҳролуд намудани мағзу мафкураи инсонҳо, бахусус ҷавонону наврасон, таъсир гузошта, раванди ҷаҳонишавиро метезонанд ва мавҷудияти минбаъдаи давлатҳои нисбатан хурдтару аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ заифтарро зери шубҳа қарор медиҳанд ва ё мутеи абарқуд­ратҳо мегардонанд

Дар ин вазъияти офатбору хатарзо нигоҳ доштани тамомияти арзию истиқлолияти миллӣ танҳо ба он кишварҳое муяссар мегардад, ки дар миёни ин мадду ҷазр ва бӯрону тӯфонҳо мувозанатро нигоҳ дошта, ҳимояти соҳибихтиёриашонро таъмин карда тавонанд. Барои ин онҳо бояд халқи ҳушёру зирак, пешвоёни хирадманду доно ва сиёсатмадорони сарсупурда дошта бошанд.

Дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ мо шоҳид будем, ки дар ҷаҳон тағйироту таҳаввулоти зиёд ба вуҷуд омад, чанд давлат аз байн рафт ва давлатҳои дигар арзи вуҷуд намуданд.

Аз он ифтихор дорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради фитрӣ миллатро ба сӯйи комёбиҳо раҳнамоӣ месозанд. Яке аз самтҳои вижаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарору устувор кардани муносибат бо кишварҳое мебошад, ки дар ташаккули сиёсати ҷаҳонӣ саҳмгузоранд ва ба ҳодисаю воқеаҳои байналмилалӣ таъсири муайян расонида метавонанд. Яке аз он кишварҳо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад, ки муносибати дуҷонибаи гуногунҷанба барқарор намудааст.

Равобити тарафайни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, хусусан баъди ба ҳайси сафири кабир дар кишвари мо таъин гардидани ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар як муддати кӯтоҳ бо мусоидати ин дипломати илму фарҳангдӯст ва маблағгузории Арабистони Саудӣ дар мамлакат ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, чанде қабл ҷониби Арабистони Саудӣ ба маблағи 10 миллион доллари америкоӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон кумаки бебозгашт ҷудо намуд. Яке аз лоиҳаҳои муҳиме, ки ин кишвар дар давлати мо ба анҷом мерасонад, сохтмони бинои нав барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷаҳҳазгардонии он мебошад.

Албатта, имкониятҳои истифоданашуда ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои дуҷониба ҳанӯз хеле зиёданд. Ба андешаи мо, ин кишвари дӯст дар тайёр кардани мутахассисони гуногунсоҳа, чопи китобҳо, сохтмони як қатор муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон метавонад саҳми бештар дошта бошад.

Бо дарназардошти он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардаанд, имконоти васеъ пайдо шудааст, ки шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ба ҳайси кишвари воқеан пешсафу бонуфуз дар олами ислом ба мамлакати мо низ бештар сафар намоянд, то дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба заминаҳои бештар фароҳам гардад.

Инчунин, барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани дӯстии самимии халқҳои ҳар ду кишвар ба таври доимӣ баргузор кардани конфронсу симпозиумҳо, табодули донишҷӯён ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ, баргузории маҳфилу шабнишиниҳои фарҳангию адабӣ аз манфиат холӣ нест.

Маҳз бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона, бо ин кишвари бузурги Шарқи Наздик рӯз аз рӯз таҳкиму густариш ёфта истодаанд. Бахусус, сафарҳои расмию давлатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мамлакат ба устувории равобити дӯстонаи мардуми ҳар ду кишвар мусоидат намуданд.

Тавре ҳама шоҳид будем, дар ибтидои моҳи май Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва санъаткорон бо истифода аз намудҳои гуногуни асбоби мусиқии мардумиашон, ки аксарияти он мисли дойраву таблак, уду ғижжаку меҳтар, синтизатор ба мо шинос буданд, фарҳанги воло ва фолклори арабро намоиш доданд. Тоҷикистониён бо кафкӯбиҳои зиёд барномаи мусиқии ҳунармандону санъаткорони Арабистони Саудиро истиқбол намуданд ва ба санъати волои онҳо аҳсан гуфтанд.

Ҳамчунин, дар охири Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардид, ки меҳмонон дар ҷараёни он бо маҳсулоти саноати сабук ва вазнини Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки то баргузории ин чорабинӣ, 1-2 апрели соли ҷорӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар барпо гардид, ки ҷонибҳо дар он зарурати пурзӯр намудани ҳамкориро дар самтҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармоягузорӣ, техникӣ, фарҳангӣ баррасӣ намуданд. ҳамон рӯзҳо дар шаҳрҳои ар-Риёз ва Ҷидда бо иштироки роҳбарияти Фонди рушди Арабистони Саудӣ Форуми соҳибкорону сармоягузорон низ баргузор шуд, ки дар он маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон дар самти сохтмон, мактабҳо, беҳбуд бахшидан ба танзиму истифодаи захираҳои об дар вилояти Хатлон ва дигар лоиҳаҳои афзалиятноки сармояталаби Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикис­тон зимни як мусоҳиба ба рӯзноманигорон таъкид намудааст, Арабистони Саудӣ дар сиёсати хориҷӣ ба арзишҳои умумии инсондӯстонаи анъанавӣ такя менамояд ва бар тақвияти ин суханон ёдовар мешавад, ки Арабистони Саудӣ аз оғози ҷанги Сурия то ба имрӯз 2,4 млн. суриягии муҳоҷирро қабул намудааст ва 140 ҳазор нафари онҳоро бо таҳсил фаро гирифтааст. Барои татбиқи ин ҳадафи башардӯстона Ҳукумати Арабистони Саудӣ зиёда аз 1 млрд. доллар сарф кардааст. Ҳамзамон, ҷаноби сафири зикр кардааст, ки муносибатҳо байни Арабистони Саудиву Тоҷикистон дар асоси эътимод ва самимияти тарафайн инкишоф ёфта, ба принсипҳои манфиатҳои дуҷониба ва дахолат накардан ба умури якдигар сурат гирифта истодааст. Ду кишвари дӯсту бародарро муборизаи ягона бар зидди терроризм муттаҳид менамояд, ки он душмани давлатҳои мост.

- Арабистони Саудӣ ҳанӯз аз оғози муносибатҳои дипломатӣ ба Тоҷикистон кумакҳои иқтисодӣ мерасонад. Арабистони Саудӣ то ба имрӯз ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 110 млн. доллар сармоягузорӣ намудааст — таъкид менамояд ҷаноби сафир.

Ин суҳбати ошкорои ҷаноби сафир илҳом мебахшад ва имкон медиҳад, ки давлати Арабистони Саудиро ба ҳамкориҳои бештар бо кишвар ва сармоягузорӣ ба иқтисод даъват намоем ва бовар кунонем, ки Тоҷикистон давлати ғанӣ бо канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ — тилло, нуқра, симоб, сурма, вольфрам, ангишти антратсит, уран, гилхоки алюминий ва дигар намуди ашёи хом, табиати тамошобоб ва дорои парандаву ҳайвоноти шикорӣ, намудҳои зиёди гиёҳҳои шифобахш аст.

Дар мавриди захираи обҳои ошомидании кишвар бошад, давлатҳои ҷаҳон бохабаранд. Тавассути намояндагони сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон имконпазир аст, ки ҳамкориҳо густурдатар гарданд ва дар ин самт нақши Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикис­тон ҳалкунанда буда метавонад.

Амирӣ НУРИДДИН,

Усмоналӣ САЙИДАЛӢ,

коршиносони масоили сиёсӣ