Рӯзи интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаҳои дахлдори ВМКБ ва Суғд муайян шуд

№67 (3861) 31.05.2018

29 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа баргузор гардид.

Ба рӯзномаи он таъин намудани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, Суғд №2 ва дигар масъалаҳои вобаста ба он шомил гардиданд.

Зикр гардид, ки бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли ҷорӣ ваколати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиматгул Алибердиева, Наим Набизода ва Абдураҳмон Қодирӣ пеш аз муҳлат қатъ гардид

Тибқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботро дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Суғд №2 27 июли соли 2018 таъин намуд.

Комиссия тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳавзаҳои зикргардида комиссияҳои ҳавзавии интихоботиро ташкил намуда, ҳайати онҳоро низ тасдиқ кард.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»