Кумаки ҳунарпешаҳо ба зарардидагон

№68 (3862) 02.06.2018

Боришоти  ҳафтаи гузашта боиси обхезӣ  ва селфароӣ гардид.  Зарари офати табиӣ бештар дар ноҳияи Панҷ ба назар расид.

Директори Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев  изҳор дошт, ки ҳайати эҷодии театр, нисбат ба офатзадагон бетараф нестанд.

Аз ин рӯ,  бо намоиши «Тезии кор дар нӯги кор»-и А. Абдураҳмонов ба ноҳияи Панҷ сафари ҳунарӣ карда, аз даромад 1670 сомонӣ ба зарардидагони офати табиӣ кумак расониданд.

Боварӣ ҳаст, ки иқдоми наҷиби санъаткорони бохтариро дигар  идораву  ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ низ дастгирӣ мекунанд.

Т. ФАРРУХПАЙ,

«Садои мардум»