Агар хомӯш биншинем, гуноҳ аст

Терроризм вабои аср аст ва он бояд решакан шавад

№68 (3862) 02.06.2018

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

(Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) 

Солҳои охир мушкилиҳое, ки ҷомеаи  муосирро фаро гирифтаанд, экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошанд. Барои ба ҳадаф расидан ташкилоти экстремистӣ аксаран ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, онҳоро бовар менамоянд, ки сиёсати давлат бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита онҳо мехоҳанд дини мубини исломро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопок истифода баранд.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ «ин содир намудани амале мебошад, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад, истифодаи он ба хотири ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Онҳо мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм, содир намудани ҷинояти дорои хислати террористи­дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ ва дигар амалҳое, ки боиси ҳалокати одамон мегардад, амалӣ созанд. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон бо зӯрӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст. Баҳри амалӣ намудани ин ниятҳои нопок онҳо омода ҳастанд, ки ҳатто муқаррароти «Қуръон»-и маҷидро сарфи назар намоянд. Вобаста ба ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти созмонҳои террористӣ — экстремистии «Ал — Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб – ут — таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат ан — Нусра», «Гурӯҳи — 24», Ҳизби наз­ҳати исломӣ ғайриқонунӣ эълон ва фаъолияти онҳо дар кишвар манъ шудааст. Инчунин, вебсайти интернетии www. irshod.kom,  www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти)  «Ансоруллоҳ» баста шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва паҳн кардани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти)  «Ансоруллоҳ», инчунин нашри онҳо дар кишвар, манъ гардидааст. Сомонаи интернетии ТТЭ «Гурӯҳи 24» низ баста шуда, ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои гурӯҳи мазкур манъ мебошад. Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани амали террористӣ, дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барои дигар амалҳои террористӣ дар моддаҳои 179(1) — 179(3) ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

Г. НЕЪМАТУЛЛОЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Фирдавсии

шаҳри Душанбе