Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

42686023001_a296cd08b7_oҲаштуми июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд. 9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Чиндао меҳмони олимақом, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ин навбат 8 кишвари аъзо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

27817520137_a00ae3e116_o9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ­аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳо, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — «СASA–1000», фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаро муҳим маънидод карданд.

Барои ҳалли ҳар чӣ зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикис­тону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хатти сарҳад, ба имзо расад. Ба гузаргоҳи сарҳадии «Қарамиқ» додани мақоми байналмилалӣ барои ҳалли аксар масъалаҳои марбути муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, робитаҳои нақлиётӣ, транзитӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

27821260157_d7fddd14ca_o9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карда, самтҳои асосии муносибатҳои шарикию стратегии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкории байни давлатҳо баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши он иброз доштанд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маънидод намуданд.

Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва барои таҳкими муносибатҳо дар ин самт татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо, ҳамчунин ба густариши муносибатҳои байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла эълони афв ба як қисми шаҳрвандон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки идомаи чораҳои судманд, аз ҷумла тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъо­лияти муҳоҷирон, ба манфиати кор хоҳад буд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин аз раванди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, омӯзиши забони русӣ, таъмини омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори қаноат карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барои бомуваффақият гузаронидани мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол барору комёбӣ орзу карданд.

28816545208_4ae6d27ef6_o9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз иброз доштанд, ки таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвар ва тамоми минтақа медонанд.

Президенти мамлакат ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгаройӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, зарур шумурданд.

Ҷонибҳо, инчунин таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг, баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот татбиқи тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии энергетикӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ду кишвар махсусан дар бахши энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «САSA-1000», роҳандозии лоиҳаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳани «Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон» ҳамчун омили беҳсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маънидод карда шуд.

27821361967_d88913e409_o9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии бемайлони сатҳи ҳамкории судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро баҳри густариши минбаъдаи равобит иброз доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохториро ҳамчун омили таконбахши тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияту суботи минтақа арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки баҳри рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ идомаи фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бисёр муҳим аст.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, татбиқи саривақтии лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ — «САSA — 1000» ва дигар лоиҳаҳои соҳа баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурда шуд.

Сарони давлатҳо, ҳамчунин таҳкими суботи минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгаройӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд. Ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон ва истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар барои Тоҷикистон ва Покистон ниҳоят муҳим маънидод гардид.

41790400995_e74bbf5e44_o9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ­аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси ҷумҳур интихоб шудан табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ӯ минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносиботи шарикию стратегии ду кишвар талош хоҳад кард.

Сарвари давлат барои саҳми муносиби Ҳукумати Хитой дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ изҳори сипос карданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки маҷмӯи санадҳои қаблан имзошуда барои амалӣ кардани нақшаву барномаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030», расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва барои аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар ҷалби сармояи чинӣ ба соҳаҳои саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Фон Яғноб» бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба боло бардоштани ҳаҷми гардиши мол, афзоиши содирот ба бозори Хитой, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, барои расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод гардид, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолтар карда шавад.

Зимни мулоқот дигар мавзӯъҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи чинӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, зарурати баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Хитой, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ инчунин робитаҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамёриро дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ баррасӣ карданд.

42694811141_9e07455b85_oНимаи дуюми 9 июн дар шаҳри Чиндао дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқоти самимию судманд анҷом дода, маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.

Сарвари давлат аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамёрии кишварҳо дар чорчӯбаи СҲШ боз як омили пешбурди ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндус­тон хоҳад шуд.

Ҷонибҳо таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодиро муҳим маънидод карда, дар ин раванд муносибатҳои байнипарламентӣ ва фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст сармояи ҳиндустониро барои татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ, тиҷоративу хизматрасонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус тавлиди энергияи таҷдидшаванда, таъсиси корхонаҳои муштараки бахшҳои гуногуни истеҳсолӣ,ҷалб намояд.

Афзоиши шумораи парвозҳои мустақим байни Душанбеву Деҳлӣ, истифодаи имкониятҳои зиёди Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи тиб барои мардум муҳиму манфиатбахш арзёбӣ гардид.

Таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷодаи таъсиси марказҳои муштараки ташхисию муолиҷавӣ, бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ ва маориф бар нафъи ҳар ду кишвар маънидод карда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили калидии таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

10 июни соли 2018 пас аз иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнани Хитой ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҷенҷоу меҳмони олимақом, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати вилояти Хэнан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон нахуст бо губернатори вилояти Хэнан Чен Рунер мулоқот карда, ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Хитойро баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки аз рушди ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту ҳамсояи Хитой қаноатманданд ва дар байни кишварҳо ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад.

Ҷонибҳо инчунин вазъи ҳамкории шарикию стратегиро баррасӣ карда, ба амалисозии пурсамари Ёддошти татбиқи муштараки ташаббуси камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим, ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ», «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» ва Барномаи ҳамкории байни Тоҷикис­тону Хитой таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Сарвари давлат ҷалби сармояи хитойӣ ва ширкатҳои ин кишварро баҳри истифодаи захираву имкониятҳои фаровони неъматҳои моддӣ барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ намуданд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди саноати кӯҳӣ, химия, саноати сабуку бофандагӣ, бахшҳои кишоварзиву саноат, ҳамчунин истифодаи самараноки захираҳои ғании гидроэнергетикиву минералии кишвар аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ҳамкорӣ номида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин дигар масъалаҳои равобити ду кишвар, аз қабили таъсис додани муассисаҳои муштараки парвариши навъҳои нави маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ҷуворӣ ва гандумро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Тавсеаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, сайёҳӣ, варзиш, кӯҳнавардӣ, табобатӣ, этникӣ ва рушди шикори байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

11 июни соли 2018 дар шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Хэнан Ван Гошен мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, робитаҳои муҳими тиҷоратию иқтисодӣ, табодули таҷриба баҳри пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои ҳамкории шарикӣ бо Хитой, ки бар асоси боварию эътимод ба манфиати мардуми Тоҷикистону Хитой ба роҳ монда шуда, бахшҳои муҳим, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷалби сармоя ва ширкатҳои вилояти Хэнан дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, намунаи ибрати ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин таъмини амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

11 июн дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Хитой, ки бо ворид кардани сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд, мулоқот карданд.

Зимни суҳбат бо роҳбари ширкати «Чайна глобал» Хуанг Ҷийен Ронг таҳкиму густариши ҳамкорӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи хитойӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар кишвар барои ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда имкониятҳои фарох мавҷуд аст.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

11 июн дар шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ наздики 400 гектарро ташкил дода, аз майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, майдони намоиши кишоварзии муосир ва майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад.

Дар майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ барои бунёд ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзи растаниҳо, хок ва нуриҳо, корҳои тадқиқотӣ аз болои лоиҳаи эмбриони ҳайвонот, киштукори дақиқ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зироати ғалладона, ҷуворимакка, пахта, лӯбиё, кунҷид ва ғайра таҷриба гузаронида мешавад.

Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ барои коркарди тухмӣ, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, маводи кимиёвии самаранок, методҳои беҳтарсозии зотҳои гов ва гӯсфандҳо, махсус гардонида шудааст.

Дар майдони намоиши кишоварзии муосир бошад, барои намоиши илмиву тадқиқотии кишоварзӣ, намоиши натиҷаҳои тадқиқотҳо, муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва гузаронидани таҷриба шароити корӣ фароҳам овардаанд. Дар Маркази намоиши илмиву технологӣ корҳои намоишдиҳӣ, истеҳсолӣ ва сайёҳӣ, мубодилаи технология гузаронида мешавад.

Дар қитъаҳои алоҳидаи озмоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, пахта, ангур ва полезӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, олимони хитойиро ба ҳамкорӣ даъват карданд. Тавре маълум шуд, дар он ҷо 66 навъи ангур, 96 намуди харбуза ва 68 ­навъи тарбуз парвариш меёбад. Олимон навъи тарбузи зардро дар гармхонаҳо шинонидаанд, ки аллакай пухта расидааст.

Дар як қитъаи замини озмоишгоҳ баъди дарави ғалла бо даст пахтаи навъи «Юмен-88» шинондаанд ва он ба таври қатрагӣ обёрӣ мешавад. Ин навъи тухмӣ дар шароити Тоҷикистон то 50 сентнерӣ ҳосил дода ва тухмии он аллакай дар хоҷагиҳои пахтакори кишвар истифода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо таҷрибаи коргарон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои олимони соҳа баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки мақсади ташриф омӯхтани таҷрибаи якдигар баҳри рушди соҳаи муҳими иқтисодиёт дар бахши кишоварзӣ мебошад.

www.president.tj